Нигина ва Мирмалик - Эгамзод Додохони 2 стр.


Шутури сафед, ки наздаш чукка зада буд, баробари дидани падару писар даҳон аз кафша боздошта, ҳаракати хестан кард. Шамсиддин дар зини шутур камони мисрӣ овезон дид ва донист, ки тири дар даст овардааш аз он паридааст. Бо нишони эҳтиром сари таъзим фуруд оварда, хост пеши пирамард дузону шинад. Вале пиру ҳам уштур бо чаққонии ҳаёратовар ба по рост шуданд. Ҳайвони безабон Шамсиддинро бӯйиду сар хам карда, ором истод. Мӯйсафед бошад, ду қадам пеш гузашта, Шамсиддинро гарм ба оғӯш кашид:

 Ассалому алайкум, эй мӯҳтарамзода ва мӯҳташамниҳод Шамсиддин ибни Нуриддин. Шукри беҳад ва сипоси олӣ Парвардгори оламро ва дуруди фаровон Ҳазрати ҳумоюнӣ Мустафои Акрамро, ки ба дидани чеҳраи мубораки писархонди хотами пайғамбарони олам мушарраф шудам ва амонат бехиёнат ба соҳибаш мерасонам!  саҳобаи ҳурлиқо аз ғайб ангуштари яманӣ бароварда, бӯсиду ба чашмонаш молид ва сухан бо оҳанги дигар идома бахшид.  Қабл аз супоридани ангуштарини муқаддаси Расули кирдугор ба фарзандхондашон маро дастур шудааст, ки рӯйдоди шабу рӯзи меъроҷ ва пайомади онро ба шумо қисса кунам.

Ҳар се давра нишастанду саҳобаи масъул ҳама суханҳои гаронқадри пайғамбари гиромиро айнан гӯшрас карда, рӯйдодҳои хотирмони сафари худро то шаҳри Хуҷанд батафсил тасвир кард ва ангуштарини Пайғамбари гиромӣ бо ду дасти адаб ба кафи писархонд ниҳод.

Шамсиддини навғунча аз шодию фараҳ варақ-варақ шукуфта, аввал ангуштарини ҳумоюнӣ бӯсиду ба ҳар ду дида молид ва сипас ба ангушти ишоратии дасти рост андохт. Дарзамон ҳис кард, ки аз ҷониби руди Сайҳун насими фораму рӯҳафзо вазиду ӯро чун парниён сабук боло бардошта, то осмони баланд расонд. Баҳру бару дашту кӯҳсор кулли оламу одам чун дар кафи даст пеши назараш ба ҷилва омад. Дар вуҷуди хеш қудрати азим, зӯру тавоноӣ ва нерӯи бузург эҳсос намуд.

Айнан дар ҳамин лаҳза Товуси Ҳарамайн ва Эшони Нуриддин диданд, ки аз чеҳраи кӯдаки ҳафтсола нуре падид омад ба сони шӯълаи хуршед ва чашмони ӯ дурахше пайдо карданд мисли ситораи бомдод. Ҳар ду бағоят хушҳол гашта, бо шукру шодӣ даст ба гиребон бурданд.

Саҳобаи мӯҳтарам даст ба китфи Эшони Нуриддин гузошта, лаб ширин кард:

 Эй падари хуштолеъ, шод бошу дер зӣ! Аз ин лаҳза эътиборан шоҳписари ту Нуриддин писархонди Пайғамбари гиромии мост, ки бо лисони мубораки хеш ӯро Бадеуддини Нурӣ ном кардааст! Фарзанди гиромӣ бо лутфи Худованди меҳрубон вақте соҳиби ангуштари пайғамбарӣ гардид, мартабаи олӣ ёфт, ҳомили ганҷинаи Илоҳӣ шуд. Вай акнун воқифи ахбори маонӣ ва кошифи асрори ниҳонӣ аст. Бо шарофати нури абад қомати расояш талъати мавзун гирифт ва дар дили покаш ҷавҳари илҳом ба ислом дурахшон гашт. Акнун аз партави идроки ӯ шамъи Худо ва қутби ҷаҳон равшан шуда, дилу дидаи халқ аз ҷамоли ин машъалафрӯзи роҳи ҳақ пурзиё мегардад ва ҳама мӯҳтоҷи маслиҳати ӯ мешаванд.

Вақте каломи саҳоба ба нуктаи интиҳо расид, падар Худои оламиёнро сипоси беҳад хонд, ки ба нури чашми ӯ чунин давлати бузург муносиб дидааст ва ба тариқи насиҳат афзуд:

 Бовар дорам, ки фарзанди мо сол ба сол беҳтар аз пештар қулфкушои муроди халқ мешавад ва кори каҷи аҳли хаторо рост намуда, ҳар дари сарбаста ба рӯйи мардуми дилхаста мекушояд.

Саҳоба падарро офарин хонд ва тиру камонро аз зини уштур ба даст гирифт:

 Ин камони мисрӣ, ки изи дасти Пайғамбари гиромӣ ва ёрони ӯро дар худ ниҳон дорад, мисли ангуштари муқаддас қудрати бемунтаҳо надорад, аммо муҳофизи ҷисму ҷони ширини писархондаи азиз хоҳад шуд. Дастур ин аст, ки ҳамеша дар ҷойи дастрас ва назарнамо истад ва фақат ба рағми душманони дини мубини ислом истифода шавад.

Баъди супурдани камону тирдон Товуси Ҳарамайн абрапӯстини сафед аз тан кашиду ба дасти Шайх Нуриддин дод. Боисрор таъкид кард, ки вақте Бадеуддини Нурӣ ба синни камолот расад, онро бипӯшад ва ҳар рӯзе ҳафт карат Оятулкурсӣ қироат кунад, ки дар домани ҷома бо шир навишта шудааст.

Баъди супурдани қабои муқаддас Товуси Ҳарамайн расани шутур ба дасти Бадууддини Нурӣ дод ва гуфт:

 Ин уштури сафед тӯҳфаи хоксоронаи ман ба писархонди гиромист. Алҳамдулиллоҳ, ки супориши муқаддас мукаммал иҷро шуд. Хайр, азизонам, паноҳатон ба Худо! Акнун маро як порча хокҷой арзонӣ доред

Падару писар фурсати лабкушоӣ наёфта, дасти аҷал ба домани умри Пири муваккал чанг андохт. Саҳобаи вафодор бо хотири осуда ҷон ба Ҷонофарин таслим кард

Бимастура, ки ҳикояти амакро бо иштиёқи том мешунид, фурсате хомӯшона ба дуриҳои дур нигаристу гиряолуд пурсид:

 Мурдаи ин бузургвора ба Арабистон бурданд?

 Не, ҷони амак. Сағонаи саҳобаи муаззам дар дили Хуҷанд, паҳлӯи масҷиди марказӣ ҷойгоҳи сазовор дорад. Ҳазрати Шайх Бадеуддини Нурӣ рӯзу шаб посдори рӯҳи содиқтарин ёри Пайғамбари Худоянд

 Яъне ки мо аввал ба зиёрати сағонаи саҳоба меравем?

 Бале, ҷони амак

Аҳмадсайид пешопешу Бимастура аз дунбол бо ишораи шайхи мазор оҳиста қадам ниҳода, ба сағонаи мӯҳташаме расиданд, ки аз сангу хишти пухта бунёд гашта, болояш бо каҳгили зард андова шуда буд. Баъди пурра ба ҷо овардани рукнҳои зиёрат ва ниёиш Бимастура фармоиши Муясараи фолбинро ба ёд оварда, девори сағонаро бо остину домони ҷомаи наваш пок намуд. Сипас атроф-ро аз дуди ҳазориспанди бо худ овардааш муаттар гардонда, бо дили пурумед ба мурғу кабутарҳои гирди сада каф-каф дон пошид ва назрашро ба нигаҳбони оромгоҳ бахшид.

Шайхи кӯтоҳқомат фарзандталаб будани ҷавонзани баландҳимматро дониста, тахтасанги сап-сафеди назди дарвозаро нишон доду бо овози паст гуфт:

 Санги Ҳақдор ана ҳамин. Дар китобҳо набиштаанд, ки ин хел санг ба ҳафт ранг ҳафт адад бошад дар ҳафт иқлими олам. Ин шахпораи одӣ не, санги осмонӣ ва раҳмонист пас аз санги сиёҳи муқаддас дар хонаи Каъба! Санги бахткушо аст барои духтарони дилхаста ва санги ҳоҷатбарорест барои бонувони фарзандталаб. Рӯ ба қибла истода, бо дасти рост сангро дошта, «Дасти ман не, дасти Пирам Подшоҳмарди Валӣ, ҳақ ба ҳақдор расон» гуфта ва бо пешонӣ сангро суфта, сидқан калима гардонда, талабу ният кардан даркор

Бимастура нишондоди раҳнаморо мӯ ба мӯ риоя карду ҳини саҷдаи ҳафтум поёни нофаш мисли лахчаи ҳезуми зардолу гармакак шуд басо фораму рӯҳнавоз. Умед кард, ки шояд ниёиш қабул шудаву ҳақ ба ҳақдор расида бошад. Дар чунин лаҳзаи ҳассос шайхи мазор шитобон омаду ҳадаҳа кард:

 Кори заруре баромаду Пирам Подшоҳмарди Валӣ рафтанашон даркор. Таъхир халал меорад, сустӣ ба дурустӣ намерасонад. Кафшро кашида, шиппас ба хонақоҳ даромадан даркор

Хонагоҳ тозаву озода ва хушбӯй буд, аммо ғайр аз як палоси сафеди туркманӣ, ду кӯрпачаи ба шакли мусовӣ густурда ва сандалии урён, ки болояш давоту қоғаз ва чанд китоби гуногунҳаҷм меистод, дигар бисоте ё ҷиҳозе надошт. Ба девори яклухт ва бетоки тарафи рост мехи чӯбине кӯфта, ҷойнамоз овехта буданд. Ҳазрати Бадеуддини Нурӣ, ки дар кунҷи боло рӯйи пӯстак нишаставу ҳар замон ба китоби сари зонуяш нигариста, тасбеҳ мегардонд, Бимастураро бо ишораи абрӯ иҷозати нишастан дод. Аммо вай маҷоли ҷунбидан надошт, моту мабҳут ва саропо карахт шуда буд. Зеро рӯ ба рӯяш ҳамон мӯйсафеди нуронӣ ва сафедпӯше менишаст, ки дар хоб дида буд!! Ҳамон саллаи ҳафтпечу ришу мӯйлаби нуқрафом ва абрувони пайвасту чашмони пурмеҳр, ҳамон яктаҳи васеъ ва дарози урфӣ

Бимастураро ҳаё пахш кард. Ҳарчанд кӯшид, суханҳои қаблан тайёркардаашро ба забон оварда натавонист. Вай гуфтан мехост, ки аз хонадоршавиаш чор сол гузашта бошад ҳам, ҳанӯз бефарзанд аст. Ҳамсолҳояш аллакай дутоӣ ва ҳатто се кӯдак доранду ҳар гоҳе онҳоро бинад, чашмаш чашмаи пуроб мешавад. Шавҳараш низ ҳоли табоҳ дорад, ҷигаркабобу синагирён ва дилбирён асту ғӯла ба танг омада Ва ғайраю ҳоказо гуфта, маддаи дил кафондан мехост. Вале натавонист. Зеро ҳис кард, ки Ҳазрати Бузургвор ҳамаи ин гапҳоро, ҳатто бештар аз инро хуб медонаду аёнро ҳоҷати баён нест.

Бо чунин андеша муқаддимаи дарднокро нагуфта, рост ба сари мақсад омад:

 Як хоби аҷоиб дидам Хобкушои деҳа дар таъбираш оҷиз монд Пеши Шумо гусел кард

 Хуш омадӣ, Мастураи ворухӣ. Ба Хуҷанд, ки омадӣ, лаби ғунча ба табассум кушо ва дар шаҳри хубони олам гарду ғубор аз дилу чеҳра дур афкан. Зеро ба ту дуруст фаҳмондаанд, ки агар зани чашминтизор кабутар ба хоб бинад, модари духтар шавад. Аммо ту татайюр накун! Яъне аз парвози мурғ дар хоб фоли бад нагир. Ту ба шодию нишоти бештар ҳақ дорӣ. Зеро кабутари сафеди дар хоб дидаат парандаи биҳиштист ва аз кафтархонаи Ҳасти Бибӣ Марям (раҳиматуллоҳ) ирсол гардида, чунин маъно дорад: аз батни ту шоҳдухтаре падид меояд он қадар гулчеҳра ва гуландом, ки аз машриқ то мағриб сурате ба хубию хушӣ тимсоли ӯ нест ва гузаш- тагон мисли ӯ нозанин надидаанду ояндагон нахоҳанд дид!

Акнун сухане бишнав дар бораи он парандаи осмонӣ, ки тори сари ту ва кабутари бағалат тоб мехӯрд: он мурғи ҳумой аст ва бо амри Ҳақ Таъолоҳ агар сояаш бар сари касе афтад, ҳумоюнбахт мешавад. Яъне, кафтараки ту ҷойгузин хоҳад шудан зери болу пари бузургворе, ки он на манам! Замоне туву амакат дар роҳ будед, «Китобу-т-тафҳим»-и Беруниро назар кардам. Гардиши фалак, ҳаракати ситораҳо ва навиштаҳои дафтари нуҷумият аз он шаҳодат медиҳад, ки рӯзи дар дунё ба парвоз омадани кабутари ту дар машриқзамин шоҳи бузургманиш ба тахт мешинад ва кафтари ту дар сояи давлати ӯ болу пар меафшонад.

Ҳоло сабаби дар хоби табъӣ намудор шудани маро бишнав, Мастураам. Чоштгоҳи рӯзи ҷумъа дар ин хонақоҳ ду ракъат намоз аз баҳри Ягона адо карда, дар муроқиба будам, ки нидое аз ғайб ба гӯш расид: «Дар деҳаи дурдасти саргаҳи Сайҳун мастурае, ки решаи маҷнунбед ва садаи зиёратгоҳҳо бо ашки чашм шодоб кардааст, мӯҳтоҷи маслиҳати туст. Фарзандгадои дарбадарро навозиш намо.»

Бо амри Парвардигори олам дарҳол ба имдод расида, дасти иноят сӯят дароз кардам, эй Мастураам, то ҳама кори ту некӯ шавад.

Вуҷуди ҷавонзан ларзид, дар баданаш рашъа дамид ва ба обу арақ ғӯтид. Зеро «мастураам» гуфтани ин Пир ва он Пире, ки дар хоб дида буд, комилан ҳамсадову ҳамоҳанг буд ва дар дилаш ягон зарра шубҳа намонд. Худро пеши пойи Ҳазрати Бузургвор пар- тофт ва дасту домони вайро беист бӯсида, ашки шодӣ мисли дурдона мерехт.

Ҳазрати Бадеуддини Нурӣ пас аз андаке тааммул бо нӯги ангуштони муборак сари оҷизаро аз замин боло бардоштаву сила намуда, дар бедорӣ низ дасти шафоат ба китфаш гузошт:

 Дуоҳоят, гиряву нолаҳоят шунида ва пазируфта шуд, Мастураам.

Назру ниёзҳоят, садақа ва бахшишҳои бешуморат қабул гардид, Маъсумаам.

Вақте назди санги Ҳақдор нолиш ва ниёиш мекардӣ, барои таъвил китоби муборак кушодам ва иборае табаррук пеши назар омад: таҳмилуҳу малоикату2. Ин башорат аз он аст, ки ҷисми поки тифли некро малоикаҳо аз нур хоҳанд сиришт ва дар зиндагӣ фаришта магасрони он баландахтар мешавад!

Ин каломи муборакро рӯйи коғаз овардаю дам андохта, бароят тӯмор сохтам. Ё Мастура, ақбил ва ло тахаф! Пеш ой ва матарс! Туро маслиҳат ин аст, ки ҳамеша онро бо худ дошта бошӣ ва мисли гавҳараки чашм ҳифз кунӣ. Зеро агар тумори нигаҳдошт гум шавад, фаришта бигурезад

Бимастура тумори чаҳоркунҷаро бо тавозӯъ аз дасти Шайх Бадеуддини Нурӣ гирифта, ба дидаҳояш молид ва барои шунидани давоми сухан боз дузону нишаст. Ҳазрати Бузургвор ояте аз каломи Маҷид қироат карду бо дуои нек таъвил, таъбир ва тадбирро ҳусни хотима бахшид:

 Эй духтари чашминтизори бобо! Вақти хайрбод ҳам фаро расид. Дигар маслиҳат ин аст, ки хезу лаби ҳавзи масҷид рав, ки обаш файзи оби Замзам дорад. Се каф нӯшида, насибаи худ дарёфта, вақти хориҷ шудан занҷири Дари мурод-баромадгоҳро бӯсида, бо касе ягон ҳарфи зиёдатӣ магӯ ва худро ба Ворух расон. Давоми нек роҳатро, пешонаатро Худо кушояд.

Ором ва омода бош, Макнунаам

Ба шавҳарат аз номи мо дуруд бигӯ. Зеро пуртоқатӣ ва таҳаммулпазирӣ, ки писанди Худост, меҳвари мазҳаби мост. Калиди бахту саодат, қулфкушои дилҳо ва ҳама мушкилҳо сабр аст.

Сабурӣ пеша кун, гар ком хоҳӣ,

Бикун тамкин, гар ором хоҳӣ.

Бимастура бори дигар одоби пойбӯсӣ ба ҷо оварда, бардам аз ҷой хесту «Раҳмати Худо ба саратон борад, Пири Бузургворам! Умри пурбаракат бинеду ҳазорсола шавед, Пирам Подшоҳмарди Валӣ!» гӯён қафонокӣ аз дар баромада, базудӣ худро ба ҳавзи мусаффо расонд.

Аввал дасту рӯй шусту ба нияти сафо шурӯъ кард обнӯширо. Чун маротибаи сеюм ба каф оби зулол бардошт, кабутари сап-сафеде аз шохи сиёҳбед ба лаби ҳавз нишаст, ки дар минқор ҳалқаи зард дошт. Ҷавонзан об дар каф лаҳзае интизор истод, то ба парандаи беозор халал нарасонад. Вале кабутар ба вай нигоҳе накарда, ҳалқаро лаби ҳавз гузошту нӯл ба об андохт. Бо чанд қатраи пок ташнагӣ бишкасту болу пар афшонда, сабук боло парид. Аммо ҳалқа ба минқор нагирифт: ё фаромӯш кард, ё барои Бимастура ҳадя гузошт.

Оҷизаи ҳайратзада оби дар каф доштаашро, ки аллакай нисф кам шуда буд, саросема нӯшиду бо кунҷковии хоси занона ҳалқа аз замин бардошт. Дид, ки ангуштарест бенигин. Хост бозгашт ба ҷояш ниҳад. Вале дудила шуд. Барои санҷиш ҳалқа ба ангушт андохт. Завқаш омад ончунон чену чамма, ки гӯё махсус барояш сохтаанд!

«Насибаи худ дарёб» гуфтани Пири Бузургвор ёдаш омад. Аз таҳти дил «Асло рӯзи камия набинед, Пири ҳамабин ва ҳамадонам!» гӯён бо чашми пуршарар гоҳ ба чаллаи ангушту гоҳ ба кафтари чаллабиёр нигариста, баъди бӯсидани занҷири Дари мурод ҷониби ароба бардам-бардам қадам ниҳод. Кабутар лаҳзае дар болои ҳавз бол афшонда, интизор истоду сипас аз қафои ароба парида, вақте аз дарвозаи Хуҷанд берун шуданд, ба боми гардуна нишаст. Аз он ҷо ба китфи кадбону гузашт


* * *


Бимастура аз дарвозаи ҳавлияш даромадан замон кабутарро раҳо кард. Паррандаи хастагашта муддате қанотак зада, пешу қафо роҳ гашту фиррӣ парида, ба шаҳтоки айвон баромад. Боҳаловат нишаста, «курр-курр» садо баровард. Кадбону сармаст аз суруди кабутар каф-каф биринҷу арзан ба пешаш пошид ва бозавқ хурӯшид:

 Хуш умадӣ, кафтари бахтоварам! Акнун хунаи ман лунаи ту. Кошунаи ман ошюнаи ту. Майли хотир боли парвоз кушо!

Кабутари умедро кадхудои хонадон Абдулсайид ҳам хуш пазируфт. Устои гулдаст ҳама корашро як тараф монда, дар кунҷи бом барои ин паррандаи биҳиштӣ кафтархона сохту дар саҳни ҳавлӣ патвоз ду шохи сафедор ба замин кӯфта, навдаи аз нарангушт ғафстари бедро болочӯб намуд, то нишемангоҳи кафтар шавад. Ҳам дар боло ва ҳам дар поён обу дони беҳтаринро фаровон фароҳам овард.

Ҳафтае нагузашта, кадбону ва кабутар ба ҳам унс гирифтанд. Паррандаи саҳроӣ тадриҷан хонагӣ ва дастомӯз шуд. Бетарсу ҳарос ба хона медаромад, болои сандалӣ мебаромад, сари китфу рӯйи зону менишаст. Андактар кор ба ҷое расид, ки кадбону ва кабутар якҷоя аз як табақ ғизо тановул мекарданд. Ва рӯзе, ки кадбонуро нишони фарзанд падид омад ва ӯро узри занон баста шуд, қариб буд ба маҳфили онҳо боз як парранда ҳамроҳ шавад.

Лаҳзаи офтоббаро Бимастура дар шохи дарахти мирсанҷалӣ, ки ширинтарин зардолуи Ворух ба ҳисоб мерафт, мурғаке дид зарринболу зебопайкар, хурдҷусса, аммо бовиқор. Беист аз як шиппа ба дигараш ҷаҳида, мисли булбул чаҳ-чаҳ мезад фораму гӯшнавоз. Кадбону ба шавқ омада, дасти рост саҳле боло бардошт, ба умеде, ки паррандачаи зебо рӯйи кафаш биёяд. Вале мурғак рост ба кафтархона париду лаҳзае гирди кабутар парвона шуд. Аз обу донаш насиба гирифту босуръат ҷониби кӯҳи Душоха парвоз кард.

Овози шавҳар зани ҳайратзадаро ба худ овард:

 Рӯзат бахайр, бонуи дилам! Чаро дар мобайни ҳавлӣ сутун гаштаӣ?

 Дар шохи мирсанҷилӣ ҷинқарча дидаму

 Ҷинқарча не, бонуи дилам, шахиш вай. Номи дигараш шахпарак. Ман ҳам дидам аз субҳдамодам пештарак омада буд. Ба патвоз нишасту хеле суруд хонд. Ин фоли нек, бонуи дилам.

Назад Дальше