Дар атрофи санг хори бисёре рӯйида, онро дастнорас карда буд. Аз ҳамин сабаб роҳбалад ҳафт-ҳашт қадам дуртар таваққуф намуда, хитобан ба Қосими қаднавча гуфт:
Росташро гӯй, ки ин сангро пештар ягон бор дида будӣ ё не?
Чанд борҳо дидаам.
Лекин андаке пештар гуфтӣ, ки арӯси замони қадимро ҳеҷ вақт надидаӣ
Бори дигар мегӯям, ки сангро бисёр дидаам, лекин арӯсро не!
Фаҳмо! сухан мухтасар кард Зарифи Доно. Аз суханрониат фаҳмидам, ки таърихи ин санг ва ҳатто номашро намедонӣ. Акнун бодиққат шунав: ин санги одӣ не, Санги Арӯс аст ва тақрибан панҷсадсола таърих дорад. Он вақт дар Мовароуннаҳр дини ислом аллакай нуфузи зиёд дошт, вале ҳама ворухиён оташ мепарастиданд. Зеро ба ин диёри кӯҳистон пойи араб нарасида буд.
Аввалин ворухие, ки ба ислом гаравид, Накисо ном савдогар аст, ки чун мусулмон шуд, Нурмуҳаммад ном гирифт. Вай духтаре дошт бағоят саҳибҷамолу хушманд, ки аз рӯзи аласт бо меҳру муҳаббати саршор ба Парвардгори ягона ва бахшояндаву меҳрубон камол меёфт. Дар шарҳи Қуръони шариф суханҳои оммафаҳм, лекин таъсирбахш мегуфту чун ба синни камолот расид, обида ва зоҳидаи асил шуд, шогирду пайравони зиёде пайдо кард ва бо исми Сайида отун машҳур гашт.
Писари мубади мубадон, яъне муғҳокими Ворух шефтаи ҳусну ҷамоли духтар шуда, сабру қарор аз даст дод ва тибқи расму одати онзамона худ ба хостгорӣ омад. Сайида ӯро хуш пазируфт, аммо шарт гузошт, ки агар Нурзанҷ дини исломро қабул кунаду номашро гардонад ва ба никоҳи мусулмонӣ розӣ шавад, он гоҳ издивоҷ ба амал меояд.
Ҳокимписар шартро пазируфт. Вале дар рӯзи ақди никоҳ аҳду паймон бишкаст ва бо мадади ёру бародаронаш духтарро зӯран ба дайри Рахнаи Оташон бурданӣ шуданд. Сайида чун модашер муқобилат кард, бо нохун рӯй канду бо дандон дасту по газид, лек зӯраш нарасид. Лоақал касе аз хешовандон ба имдод наомад. Дар ҳоле, ки дилаш дар сина чу даф метапид, лоҷарам ба Худованди қодиру тавоно тавалло кард, ки ӯро аз шармандагӣ нигоҳ дошта, ба санг табдил кунад, то уммати мусулмон зери бори гарони таъна ва масхараи оташпарастон намонад.
Илтиҷои мӯъмина ва муслимаи пок мустаҷоб гашт ва бо амри Парвардгори олам коре, ки бандаҳои хокӣ аз иҷрои он оҷизанд мӯъҷиза ба амал омаду дар ҷои исташ арӯс санг шуд.
Аз мушоҳидаи ин ҳолат айши хуши габракон ба мусибат мубаддал гашту доду фиғонашон бар фалак печид. Ба қудрати Худои яккаву ягонаи мусулмонҳо тан доданду пеши Санги Арӯс ба зону нишаста, саросар ба ислом гаравиданд. Тарзи дигар гӯем, бо баҳои ҷони Сайида Бону нахустин муслимаи деҳа Ворух мусулмонобод шуд
Ҳикояти роҳбалад ба ҳамагон таъсири амиқ бахшиду лаҳзае сукут варзида, ин олиҳаро ба некӣ ёд карданд.
Шоире Санги Арӯсро гавҳари шабафрӯз номидааст, хаёломез лаб ба гуфтор кушод Абдулмаҷид. Вай менависад, ки чор фасли сол ҳар дили шаб аз дили ин санг нолае ҷонгудоз мебарояд дар вазни «Дод аз дасти сангдилон, ки сангам карданд»
Он шоир худат нестӣ?
Не. Вале ман ҳам дар ҷавонӣ як шеъри мотам навишта будам. Чанд байташ дар ёдам ҳаст:
Дар фироқат, эй Сайида, зору ҳайрон мондаем,
Дар хуморат, эй Сайида, синабирён мондаем.
Бӯ накарда накҳати гул, ту шудӣ Санги Арӯс
Дар азоят, эй Сайида, дидагирён мондаем.
Ҷавобан ба нигоҳи саволомези муаллиф меҳмони латифтабъ маҷбур шуд, ки таассуроти худро фошофош гӯяд:
Марсияи таъсирбахш навиштед, ако. Лекин ташбеҳу суханҳои он шоире, ки қаблан ишора кардед, нисбатан ширадору андешапарвар аст. Кӣ будани ӯро саҳеҳ гуфта метавонед?
Он шоир бародаратон Шаҳобиддин буду баробари дидани Санги Арӯс бадоҳатан ғазали ҷонгудоз гуфт. Афсӯс ки ба пуррагӣ навиштаю ҳифз карда натавонистам.
Шаҳобиддин дар бадеҳагӯйӣ устухон надорад. Агар илҳомаш ояд, дар як нишастан фар-фар чор-панҷ ғазал эҷод мекунад!
Шумо чӣ?
Ман куҷою шоирӣ куҷо?! Агар ҳафтае як рубоӣ ё ғазале эҷод шавад, худро хушбахт меҳисобам.
Бародаратон баробари дидани Санги Арӯс фар-фар шеър бофтааст. Шумо ҳам як кӯшиш намекунед? бозори гапро тез кард роҳбалад ва андалеби Исфара аз оҳанги савол пай бурд, ки ҳамсафарон қудрати шоирии ӯро санҷидан мехоҳанд. Дар ҳолати ноҳинҷор монд агар сатре нагӯяд, беҳунар меҳисобанду агар шеъри хароб пешниҳод кунад, эътиқод ва эҳтиромашон мекоҳад. Яъне вай маҷбур аст, лоақал як байти хотирмон бадоҳатан эҳдо кунад.
Бо чунин андешаҳо гирди ҳайкалсанги нотарошидаро оҳиста-оҳиста давр гашту дар ҳар даҳ қадам лангида, чор мисраъ тавлид намуд:
Эй ишқ, туро шамъи фалак парвона,
Санги Арӯс Сайидарост кошона.
Хуш бош, зи афсуни ҳаводис имрӯз
Шуд қиссаи ҳоли душманон афсона.
Рубоӣ аз ҷониби ҳамагон бо мамнуният пазируфта шуд, аммо шодии Абдулмаҷид аз дигарон бештар буд:
Маълум мешавад, ки фар-фар шеър гуфтан барои ду бародар хислати модарзодӣ будааст. Ин ҳунарро, эй Аҳмади Исфарангӣ, то метавонӣ, сайқал деҳ!
Маслиҳат бо арзи миннатдорӣ қабул гардид. Вале он лаҳза ҳар ду ҳам намедонистанд, ки муддати мадиде нагузашта, бо усули фар-фар боз як рубоӣ эҷод мешавад. Ва аз ҳама аҷибаш, ба яғмо рафтани тӯшаи сафар баҳонае барои эҷодкорӣ мегардад.
Тасодуфи ногувор чунин ба вуқӯъ пайваст: ҳамсафарон аз Санги Арӯс тарафи офтоббаро ҳаракатро идома дода, қарибиҳои нисфирӯзӣ ба шаршараи Шаввотӣ расиданд. Азбаски ҳаво гарм буд, ҳама куртаю шалвор бадар карда, худро ба об заданд. Аҳмад низ ҳамранги ҷамоат буд, вале аз оббозӣ дида, бештар тамошо мекард. Чунки ин гуна шаршараи нестандарҷаҳонро дар умраш бори аввал медид: оби нилгун аз роғи мобайни ду тахтасанги бузург чакра-чакра заҳида, ришта-ришта чун бирешими ҳафтранг поён мешорид ва дар замин бо сабзаи тару зираю пудина ҳамоғӯш гашта, ба тану бадан кайфияте мебахшид нотакрор!
Оббозию дилхушӣ аз меъёр бештар тӯл кашиду вақте ҳама хаставу шалпар ва ташнаву гурусна аз оби ширгарми шаршараҳавз худро берун кашиданд, дуд аз димоғашон баромад: шағоли баднафсе пойгоҳро хилват ёфта, ҳама нону гӯшти дар кӯлбор бударо тамоман хӯрдаю бурда буд
Омад ба сарам он чӣ метарсидам! даст ба пешонӣ зад роҳбалад. Мо, ворухиҳо, тоқат мекунем, лекин меҳмони мо
Ҳама узромез Аҳмадро нигаристанду Абдулмаҷид кӯшид, то вазъияти ногуворро шоирона бартараф созад:
Аз беэҳтиётӣ тӯшаи роҳро аз даст додем Бе баргу наво дигар ба ҷое рафта наметавонем. Маро бубахш, эй меҳмони азиз, ки маҷбурем бо шиками гурусна роҳи дарози душворгузарро тай карда, ба Ворух баргардем.
Ҳамсафарон гунаҳкорона чашм ба замин дӯхта, аз меҳмон ҷавоби сард, ҳатто пичингу кинояи талхро интизорӣ мекашиданд. Вале ӯ бо шеъри фарфар ҷавоб мухтасар кард:
Дар боғ суи тараб ҳавое дорем,
Эй дӯст, биё, ки нек рое дорем.
М-андеш зи нестию бебаргии роҳ,
К-аз булбулу гул баргу навое дорем!
Шеъри равон ба дили шикастаи дӯстон марҳам гашту бо хотири осуда поён хамида, вақти говгум ба деҳа расиданд. Дар хонаи Зарифи Доно шикамсерӣ хӯрок хӯрда, сипас манзил ба манзил пароканда шуданд, то табъи дил дам гирифта, барои саёҳати фардо омода шаванд.
* * *
Рӯзи дигар Абдулмаҷид пагоҳии барвақт ба бӯстонсаройи амакбузурги Нигина омад, то аз ҳоли меҳмон хабар гирифта, самти хатсайрро муайян созад. Аҳмадро болои тахтакати саҳни ҳавлӣ машғули мутолиа дарёфт ва бо як назора фаҳмид, ки шоир ягон зарра осори хастагӣ надорад.
Имрӯз ба ду ҷои тамошобоб рафтанӣ, гуфт баъди саломуалейк ва ҳолпурсии урфӣ. Якумаш Гаҳвораи заррин дар мавзеи Кеҳ, дуюмаш Сияҳкӯл дар мавзеи Пули Офтобрӯй. Ин дараҳо дар ду самти муқобил доман паҳн карда, яке аз дигаре зеботаранд.
Абдулмаҷид лаҳзае таваққуф намуда, бо мақсади фаҳмидани таъсири суханҳояш синчакорона ба чеҳраи меҳмон нигарист. Дид, ки чароғаки чашмони ӯ ба қадри дилхоҳ шӯълавар нашудааст, таърифу тавсиф як парда баландтар бардошт:
Рости гап, дили ман кашоли Сиёҳкӯл, ки ҳақиқатан ҳам як гӯшаи биҳиштро мемонад. Агар ҳозир аспсавор ба роҳ бароем, то ғуруби офтоб ба соҳили кӯл мерасем, ки дар мобайни арчаҳои сабзу хуррам ҷойгир асту обаш аз оби беҳтарин чашма ду карат ширину ҳавояш аз ҳавои тозаи Ворух ду баробар поктар аст
Аҳмад китобро пӯшида, ба кунҷи кат гузошту риши навдамидаи манаҳашро бо нӯги ангушт ламскунон гуфт:
Бовар кунед, ако, дили ман ҳам кашоли тамошои Сияҳкӯл. Лекин афсӯс, ки рафта наметавонам
Чаро?! Дина ҳис кардам, ки поят андаке мелангад
Амакам Усто Мулло азми бозгашт ба Исфара доранд. Мегӯянд, ки меҳмон то се рӯз азизу мукаррам аст.
Мо мегӯем, ки меҳмонро омадан ба иродат асту рафтан ба иҷозат
Дар ҳама ҷо чунин мегӯянд, ако. Лекин, бовар кунед, ман бе изни Амакмуллои худ ҳатто нафас намекашам!
Офарин, шоир! Гапе, ки гуфтӣ, басо пурқувват асту муҳокима напазирад. Бо вуҷуди ин, агар хоҳӣ, худи ҳозир аз Усто Мулло рухсат мепурсам, ки се рӯз меҳмони ман бошӣ
Ташаккур, акои Абдулмаҷид. Лекин рафтан зарур. Гуфта будам-ку: дар Самарқанд маро Шаҳобиддин интизор. Ва падарони мо мегӯянд, ки «интизорӣ бадтар аз ҷонканӣ»
Ин гапатро низ бебаҳс қабул мекунам. Фақат, илтимос, бегила раву боз биё.
Ҳар гоҳе меойӣ, хуш меойӣ! Соҳибдилони Ворух ҳамеша андалеби Исфараро бо дили гарм ва рухи во интизоранд
Албатта меоям, ако! Бовар кунед, аз тамошои рақси ширини кафтараки навболи Ворух мот гаштаму аз тамошои кӯҳу дараи андалебнавози Ворух мабҳут шудам. Ин деҳаи баланд дар баландии дилу дидаи ман маъвои абад ёфт. Зеро субҳи Ворух бо ҳусну таровати нотакрораш меҳр болои меҳр меангезаду шабҳои маҳтобӣ ва осмони пурситора ин гулшанкадаро ҷонафрӯз мегардонад. Се рӯзе, ки дар ин ҷаннатмакон будам, гули дили ман ҳамчу дили гули бехазони Ворух тозаю озода ва муаттару арғувонӣ шуд. Акнун бо шавқу илҳоми дучанд рақскунон ба сайқали ҷаҳон меравам ва ҳар ҷо бошам, Ворухро ба сад забон таҳсин мегӯям. Бовар кунед, то ҷон дар бадан дорам, бо ишқи Ворух мезиям:
Пайваста дилам ба ҷустуҷӯи Ворух,
Дар гулшани ҷон баҳори кӯи Ворух,
Чун ваъдаи васлу аҳди некӯномӣ
Дар дафтари ишқ гуфтугӯи Ворух.
Равзанаи дуюм. Таҳвили ҳадяҳои тақдирсоз аз шаҳри азим ба кӯҳи баланд
Нигина, ки ҳафтмоҳа таваллуд шуда буд, дар панҷсолагӣ ба хондан шоиста гашт. Рӯзи чаҳоршанбеи аввали моҳи шаъбон Бимастура дасти духтар гирифта ва дафтару давот бардошта, нозукниҳоли хеш ба пеши Бибӣ Заҳро бурд ва салому ҳолпурсӣ карду афзуд:
Эй бибии муътабар, фарзанди азиз ба парвариш ва тарбияи шумо овардам.
Бибӣ Заҳро дасти Нигина аз дасти модар ба дасти худ гирифту сарашро сила карда, бо лаҳни навозиш гуфт:
Кори хуб кардӣ, духтарам. Аз ҳамин лаҳза Нигина маро ҳамчу фарзанд шуд. Аз чашмаш маълум, ки зираку ҳушёр аст. Агар қобилу гапдаро шавад, ба осонӣ хондану навиштанро ёд мегирад.
Нигина дасташро оҳиста раҳо карда, қадаме қафо гузошту бо сари хам ва гардани каҷ ғурунгид:
Гапдаро намешам ман
Модар лаб газиду муаллимаро завқаш омад ва хам шуда, пешонаи кӯдакро бӯсид:
Офарин, ҷони бибӣ, ки хатои маро ислоҳ кардӣ! Майлаш, гапдаро нашав, аммо панду насиҳати маро бодиққат гӯш кун. Хуб?
Хуб шудааст, бибиҷун! нидо кард бо чашмони шарарбор Нигина ва сӯйи модар панҷаи падруд афшонда, аз қафои муаллима ба мактабхона даромад.
Аз байн як моҳ гузашт. Боре Бимастура барои куртадӯзонӣ ба дӯкони чевар раҳсипор шуду назди дарвозаи бозор якчанд духтарчаро машғули сангчабозӣ дид. Бачагияш ёд омаду лаҳзае истода, хаёломез он сӯ нигарист ва Нигинаро шинохт, ки тамоми ҳушу ёдаш ба бозӣ банд буду ҳафт сангчаро ба пушти даст ниҳода ва чолокона боло ҳаво дода, моҳирона бо кафи даст дошта мегирифту имкон намедод, ки ягонтоаш ба замин афтад.
Куртаю чевар фаромӯш гашту ба пеши духтаракон омад. Вале Нигина бехабар аз модар санги чилтоқа мебозид. Сурфаи ошноро шунида, як қад париду барқвор аз ҷой ҷаҳид ва гунаҳкорона сар хам карда, барои шунидани маломат рост истод.
Эй ҷуни модар, чува аз дарсхуна гурехта, бо духтарчаҳои бегуна бозӣ мекунӣ?
Аз дарс гурехтагӣ не ман. Маълима ҷавоб додагӣ.
Чува ҷавоб дод?
Дар таги коса ягон нимкоса ҳай. Канӣ пеш даро, ба мактабхуна равем.
Аз нақли бибиотун маълум шуд, ки як ҳафта боз рафтори Нигина дигаргуна шудааст.
Духтаратон сабақ омӯхтан намехоҳад, лаб ба шикоят кушод омӯзгор. Дилу бедилон ним соат мешинаду сабақро нисфу нима ғурува карда, бо ҳар баҳона ҷавоб мепурсад. Имрӯз гуфт, ки «сахт дард мекунад сарам, ҷавоб диҳед»
Эй ҷуни модар, чува дурӯғ гуфтӣ?
Дуруғ нагуфтиям ман. Ба Худо қасам, ки аз ҳарруза «алиф, бе, те, се» гуфтан ба дард дарумад сарам.
Ин хел бошад, чува пеши ман нарафтию бо кудако машғули бозӣ шудӣ?
Бозӣ кунам агар, дард намекунад сарам. Торафт зиёд мешад шавқу ҳавасам
Модар бо тааҷҷуб ба муаллима нигаристу вай бо таҳайюр ба Нигина. Зеро аз тарзи суханронии кӯдак пай бурд, ки Худованд вайро на барои илмомӯзӣ, балки барои бозию шодӣ офаридааст. Ёдаш омад рӯйдоди дирӯза: дар таъзия ҳузур доштанаш зарур шуду чун ҳамеша ба ҳар толиба вазифаи мушаххас супорида, хотирҷамъ рафт. Баъди соате баргашту хун ба сараш зад синфхона ба бозор табдил ёфта буд! Чор толиба лавҳаи ҳарфнависиро мисли таблаку доира «менавохтанд»-у чори дигар кафкӯбӣ мекарданду Нигина ҳамроҳи духтараке арғушт мерафт. Таҳпурсӣ нишон дод, ки ташаббускори «дарси рақс» Нигина будаасту дигар духтарон ба як пуф маътал
Бибӣ Заҳро албатта, ҳамаро гӯшмол доду хост Нигинаи питирросиро сахтакак танбеҳ диҳад. Вале ин маҳмадоно бо лутфи ширини кӯдакона «гоҳ хондану навиштан-гоҳ бозию рақсидан табъи дили мо» гуфту деги ғазаби муаллима аз ҷӯш монд
Бибӣ Заҳро хост ин рӯйдоду гапҳои соядори Нигина ва хулосаи худро рӯйирост ба Бимастура ифшо намояд, вале Нигина пешдастӣ кард:
Зиқ нашавед, бибиҷун. Раҳе, ки маро пеши чашм асту мебинам дар хоб ҳар шаб дигар аст, аз паҳлӯи мактабхона мегузарад
Вай чӣ хел раҳ будааст?!
Агар пурсанд мегуям ба додоям
Абдулсайид нақли ҳамсарашро бодиққат шунид ва Нигинаро пеши худ хонду бо табассуми малеҳ пурсид:
Рост аст, ки ҳар шаб як хоби ғалатӣ мебинӣ?
Ҳамин хел, додоҷун. Як шаб мебинам, ки доира дар дастам, шаби дигар мекунам танбурнавозӣ, сеюм шаб мерақсаму мечархам
Модар аз ҳайрат чашм калон кушоду беҳол ба девор такя зад. Вале ҳолати падар тағйир наёфт:
Дар бедорӣ чӣ?
Рубобу аҷабрудро бинам агар, гум мезанад дилам
Падар фаҳмид, ки ҳаваси омӯхтани созҳои мутрибӣ дили кӯчаки Нигинаро ба туғён овардааст. Азбаски духтари яккаву ягона ва талабида-талабида бо душворӣ ёфтаашро аз ҷон бештар дӯст медошт, нахост вай дилшикаста шавад.
Худи ҳамин рӯз бароят дафча месозам, духтарҷон. Ба амакбобоят мегӯям, ки аз Хуҷанд танбӯру рубоб биёранд
Чӣ хел нағз, додоҷун. Навохтан мехоҳад дилам. Гуфтам-ку: роҳе, ки мебинам дар хоб, дигар аст
Роҳе, ки аз паҳлуи мактабхона мегузарад, ба дабистон мебарад, духтарҷон. Рост, он ҷо сози мутрибӣ меомӯзонанд, лекин фақат ба писарбачаҳо
Медунам, ки шумо метунед илоҷашро ёфтан, агар хоҳед, додоҷун
Дуруст мегӯйӣ, эй духтари азиз. Бо дилу ҷон мехоҳам, ки ту бо роҳи дилхоҳат пеш равӣ. Лекин асло аз ёд набарор, ки агар алифборо надонӣ ва хату савод надошта бошӣ, ҳеҷ гоҳ созу навои мут- рибӣ омӯхта наметавонӣ
Мағзи гапро фаҳмидам, додоҷун! хандид Нигина ва бо шодӣ аз ҷой хест. Меравам ман мактабхуна, шумо равед устохуна
Абдулсайид, ки ҳамеша дар миён теша дошт, рост ба лаби ҷӯйи калон рафта, аз сиёҳбеди бобоӣ шохаи ғафсиаш банди пой баринро кал карду аз қисмати поёнаш чӯбдастаи дугазӣ ҷудо намуд. Сипас ба устохона даромада, бо мадади арраю ранда онро ба тахтапораи ҳамвори чоркунҷа табдил дод ва таротар даруни дастаки элак ҷо кард, то шакли мудаввар гираду барои дафчасозӣ кор ояд. «То шакл гирифтану хушк шудани тахта пеши Ҳамиди оҳангар рафта, барои дафча ҳалқача сохтан даркор» худ ба худ ғурунгид усто ва зери лаб суруде замзама намуда, ба кӯча баромад.