Ин созишнома, ки дар натиҷаи мувофиқати меъёрҳо ва арзишҳои умумиқабулшуда пайдо гардидааст, метавонад ба сифати ҳакам / байнрав дар ҳаёти иҷтимоӣ ва ё ҳалқаҳои пайвасткунандаи амалҳои мутақобилаи иҷтимоӣ баромад намояд. Бо ин роҳ мубодилаи иҷтимоӣ бо усули «бавосита» имконпазир мегардад, ки он ҷараёнҳои ҳамгироии иҷтимоиро дар сохторҳои мураккаби иҷтимоӣ, инчунин рушди ташкилотҳои иҷтимоиро дар худ метавонад идора кунад.
Дар ин ҷо, муҳаққиқ муносибатҳои мутақобиларо дар сохторҳои мураккаби иҷтимоӣ ба воситаи амалӣ сохтан, эҳтиром гузоштан, эътироф ва истифода намудани меъёрҳо ва арзишҳои инсонӣ ҳамчун механизми рушди ташкилот, нигоҳ доштан ва эътидолнокии гуруҳҳо баррасӣ менамояд.
Назарияи М. Фуко оид ба ташкилот
Мутобиқи назари муҳаққиқ интизом наметавонад ҳамаи ҷомеаро якранг фаро гирад, яъне узви ҷомеа гуногунмиҷоз мебошанд, мувофиқан ҷанбаҳои интизомиро гуногун қабул мекунанд. Интизом иҷборан дар ҷомеа ворид гардида, ба қисми муайяни ҷамъият таъсир мерасонад, аммо на ҳамаи он.
Дар кори Фуко, инчунин масъалаҳои гуманизм (башардӯстӣ) ба назар мерасад. Таҳқиқотчӣ бар он назар аст, ки гузаштан аз низоми шиканҷа ва азобу уқубат ба низоми ҳабскунии одамон гувоҳи (шаҳодати) гузаштан аз муҷозоти бадан ба руҳ ва озодӣ мебошад. Ин навъи омӯзиш онро инъикос менамояд, ки одамон ҳамчун объекти таҳқиқу омӯзиш муайян карда шуданд, гарчанде то ин замон манфиат ва шаъну шарафи инсон дар ҷойи дувум пас аз дастгоҳи истеҳсолӣ-идоракунӣ меистод.
Дигар қисмати омӯзиши Фуко дар самти интизом ва муҷозот ҳукмфармоиро бо усули паноптикум (дар ҳолати мазкур: назорати ҳамаи маҳбусон дар як вақт) фаро мегирад. Ин усул ва ё сохтор имкон медиҳад, ки хизматчиён тамоми ҷанбаҳои ҳаётии маҳбусонро мушоҳида намоянд. Дар асл иштироки доимии назоратчиён талаб карда намешавад, зеро сохтори мазкур худ ҳамаи маҳбусонро аз амалҳои номатлуб нигоҳ медорад. Паноктикум метавонад дар шакли дидбонгоҳ дар маркази маҳбасхона ташкил шуда бошад, ки аз як нуқта назоратчӣ метавонад тамоми ҳуҷраҳоро назорат кунад ва мувофиқан маҳбусон медонанд, ки таҳти назорати доимӣ қарор доранд, аз рафтору кирдори номатлуб худдорӣ менамоянд (расми 1). Ҳамзамон, ин усулро метавон дар замони муосир, ки технологияи иттилоотӣ ҳукмфармоӣ дорад, ба ҷорӣ кардани камераҳои мушоҳидавӣ рабт дод. Бо ин тартиб дар байни маҳбусон низоми худидоракунӣ ҷорӣ мегардад, то ин ки рафтору кирдори ношоями онҳо аз ҷониби назоратчӣ мушоҳида нагардад, мувофиқан танбеҳ нагиранд.
Ҷадвали 1
Назарияи М. Вебер оид ба бюрократия
Бюрократия аз забони франсавӣ (bureau-дафтардорӣ) ва юнонӣ (кратос – ҳокимият) гирифта шуда, низоми идоракуниро бар асоси зинабандии амудӣ (иерархияи вертикалӣ) ва иҷрои босамари вазифаҳои гузошташуда ифода мекунад. Дар амал бюрократия, «низоми идоракунии аз ҳад зиёд расмикунонидашуда» дониста мешавад, ки албатта ин хусусияти манфӣ дорад.
Вебер бошад, бюрократияро ҳам за назари манфӣ ва ҳам аз назари мусбӣ – ҳамчун механизми бомулоҳиза (такмилёфта) ва шакли босамари фаъолият баррасӣ менамояд. Хусусияти манфии бюрократия аз расмиёти гуногуни дастурдиҳӣ, фармондиҳӣ, вазифагузорӣ ва ғайра, ки дар ниҳоят он самти худро тағйир дода, ба мақсади асосии ҳокимият табдил меёбад, иборат мебошад. Тибқи назари олим дастоварди асосии бюрократия ин самранокии баланд ва ё маҳсулнокии фаъолияти хоҷагидорию иқтисодӣ мебошад, камбудии асосӣ бошад, ин рад кардани (ба эътибор нагирифтани) хусусияти ҳолатҳои низоангез ва набудани фасеҳӣ (гиро будани ақл, дастрасӣ) дар ҳолати зарурӣ мебошад.
Мувофиқи ин назариёт бюрократияи олӣ (идеалӣ) асосҳои муҳими зеринро фаро мегирад:
– фаъолияти идоракунӣ доимо амалӣ гардонида мешавад;
– дар дастгоҳи идоракунӣ доираи ҳукмфармоӣ ва салоҳияти ҳар як зина ва фард муқаррар карда мешавад;
– принсипи асосии назоратро аз рӯи воҳидҳои гуногуни дастгоҳи идоракунӣ усули зинабандӣ (иерархӣ) ташаккул медиҳад;
– ҳукмфармо (роҳбар / фард) аз хусусикунонии (вобастакунии) василаҳои идоракунӣ, вазифаи (мансаби) зиёд, ки масъулияти маъмуриро бар душ дорад, дур мегардад;
– фаъолияти идоракунӣ ба касби махсус табдил меёбад;
– низоми омодасозии ҳукмфармоён / роҳбарон амал мекунад;
– дар идоракунӣ принсипи бешахсиятӣ ҳукмфармо мегардад.
1.3 Намудҳои ташкилотҳо
Дар шароити рушди ҷомеаи муосир ташкилёбии намудҳои гуногуни ташкилотҳо ҷараён дорад. Бо мурури замон тартиби таъсиси ташкилотҳо низ дигар шуда истодаанд. Ташкилотҳо ба мисли пешин дар асоси сохтор ва маҷмӯи вазифаҳо ташкил намеёбанд, баракс ҳамчун асос атрофи якчанд ҷараёнҳо ва мақсадҳои махсус таъсис меёбанд. Агар ташкилоти навъи анъанавӣ дар шакли зинабандӣ – аз боло ба поён фаъолиятро ба роҳ мемонд, пас ташкилоти муосир сохтори шабакавиро пеша кардааст. Дар ин ҳолат вазифаҳо ё сарбории идорӣ аз ҳисоби тақсими онҳо байни шабакаҳо ва ё намояндагиҳо кам гардида, имкониятҳо васеъ, даромадҳо зиёд ва самаранокии вақт таъмин карда мешаванд. Ба қатори чунин ташкилотҳо намудҳои зерин хос мебошанд:
– Шабакавӣ – маҷмӯи воҳидҳои мустақили як ташкилот буда, дар асоси муносибатҳои фармоишӣ, зинабандӣ, шартномавӣ ва ҳамоҳангшудаи бозорӣ амал мекунад. Дар ин шакл усулҳои ҳукмфармоӣ пурра амал намекунад. Инчунин ин навъи ташкилот ба се намуд: шабакаи муътадил, шабакаи дохилӣ ва шабакаи динамикӣ ё афзоишёбанда ҷудо мешавад;
– Бисёрченакдор – намуди ташкилоте мебошад, ки аз рӯи се навъи гуногуни меҳнат / воҳид: функсионалӣ ва ё дохилиидоравӣ (хизмати онҳо барои истифода дар дохили идора ё корхона равона мегардад – бахши кадрҳо, муҳосибот, хоҷагӣ, таъминот ва ғ.), маҳсулнокӣ (хизмат ва ё маҳсули хизмати онҳо дар беруни идора ё корхона истифода мегардад – анбор, нуқтаи тақсимотӣ ва ғ.), бозорӣ (маҳсули хизмати онҳо аз рӯи таснифоти муштариён интиқол / таъмин мегардад – намояндагиҳо ва ё воҳидҳои махсус дар дигар минтақаҳо, ки ба таъминот машғул мебошанд) фаъолият мекунад;
– Даврӣ – навъи ташкилоте мебошад, ки идораи он дар асос ва ё бо назардошти иштироки зертобеон ва кормандон ва ё намояндагиҳо дар шакли шӯро, мушовара ва ғайра сурат мегирад;
– Виртуалӣ – ҷамъияти шарикон ё ҳамкороне мебошад, ки ба таҳия, истеҳсол ва амалисозии маҳсулот ва хизматрасонӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ машғул мегарданд;
– Соҳибкорӣ – ташкилоте, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, даромад ва фоидаи молиявӣ ба даст меорад;
– Омӯзишӣ – навъи ташкилотест, ки вобаста ба фармоиши ташкилотҳои дахлдор ба омӯзонидан ва омода сохтани кадрҳо машғул мебошад.
САВОЛҲО БАРОИ САНҶИШИ САТҲИ ДОНИШ
– Идоракунӣ чист?
– Шакли идоракунии давлати Ҳахоманишиён чӣ гуна буд?
– Сиёсати идоракунии демократӣ ва ё либералӣ, ки дар низоми идоракунӣ мустақилият ва озодиро пеш гузошта буд, хоси кадом давлати қадимаи тоҷикон буд?
– Асоси усулҳои идоракунии давлатиро тибқи рисолаи «Сиёсатнома» -и Низомулмулк кадом таълимот ташкил медиҳад?
– Саҳми кадом олимон дар рушди идоракунии иҷтимоӣ тибқи принсипҳои илмии идоракунии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва истеҳсолӣ назаррас мебошад?
– Назарияи «Тақсимоти баробари меҳнат ва таъмини самаранокии истифодаи қувваи корӣ» хоси кадом муҳаққиқ (он) мебошад?
– Назарияи «Маъмурияти фаъолият» хоси кадом муҳаққиқ (он) мебошад?
– Назарияи «Муносибатҳои инсонӣ» хоси кадом муҳаққиқ (он) мебошад?
– Назарияи «Низомҳои (системаҳои) иҷтимоӣ» хоси кадом муҳаққиқ (он) мебошад?
– Назарияи «Кибернетика (технологияи иттилоотӣ) дар идоракунӣ» хоси кадом муҳаққиқ (он) мебошад?
АДАБИЁТ ВА ДИГАР МАНБАҲОИ МАЪЛУМОТ
– Бюрократия. / Тарзи дастрасӣ: http://files.school-collection.edu.ru/dlrstore/ae0daf13-6994-8c34-4650-df58c4a0231e/1012512A.htm
– Гостенина В. И. Социология управления: Учебное пособие. Стандарт третьего поколения. – СПб.: Питер, 2013. – 368 с.
– Заходера Б. Н. Сиасет-наме. / Книга о правлении вазира XI столетия Низам Аль-Мулька. // Перевод, в введение в изучение памятника и примечания проф. Б. Н. Заходера. Издательство Академии наук СССР. Москва-Ленинград: 1949. – 192 с.
– Кибернетика. / Тарзи дастрасӣ: http://libanomaly.ru/rInform/8.htm
– Тощенко Ж. Т. Социология управления. Учебник. – М.: Центр социального прогнозирования и маркетинга, 2011. – 300 с.
– Умарзода И. Таърихи тамаддуни Ориён. – Душанбе: 2006. – 558 с.
– What are the 14 principles of management? Description. [Маводи электронӣ] / Тарзи дастрасӣ: http://www.12manage.com/methods_fayol_14_principles_of_management.html
§2. ТАШАККУЛЁБИИ РАВАНДҲОИ
ИДОРАКУНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Назарияи идоракунӣ
Идоракунӣ ба маҳорат ва санъати давлатдорӣ робитаи зич дорад. Нахуст давлати тоҷикон дар давраи ҳукмронии Сомониён ташкил ёфта буд, ки аз ҳастӣ ва меросдорони худ бо санъати волои идорӣ, ташаккули адабиёт ва илму ирфон, тамаддунофарӣ ва таъриху фарҳанги ҷовидон ба ҷаҳониён нишонаи возеҳ гузошт.
Давлати тоҷикон баъд аз ҳазору сад соли парешониҳо, ноумедиҳо, зулму ситамгориҳо боз дубора тавлид ёфт. То ин замон, халқу миллати тоҷик зери таҳдид, азобу шиканҷа ва тобеияти халқиятҳо ва давлатҳои гуногуни бегона қарор дошт, мувофиқан аз эҷод ва амалисозии мустақилонаи илму ирфон ва санъати идоракунӣ маҳрум буд.
Акнун, баъди саддаҳо чархи гардун ба сӯи миллати тоҷик боз гашт, аз соли 1991 инҷониб Тоҷикистон бо роҳбарии фарзанди абармард, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардид ва машғули идораи мустақили давлатӣ, эҳёи фарҳанг, санъат ва таъриху тамаддуни миллӣ мебошад.
Тадқиқотҳои олимони тоҷик дар самти идоракунӣ
Мутаассифона, новобаста аз пешрафт ва дастовардҳои сиёсию ҳуқуқӣ назарияҳои илмию таҳқиқотӣ дар самти идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон қариб ки ба назар намерасанд, ба ҷуз кори баъзе аз олимони тоҷик, ки онҳо низ ин самти илму фанро на дар алоҳидагӣ ё самтнок, балки дар ҳошия ва тақвияти дигар фанҳо ва равияҳои илмӣ омӯхтаанд (Раззоқов Б. Ҳ. Идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои ҳуқуқии назария ва амалия. 2007). Аз ҷумла:
– Алиев З. М. Асосҳои конститутсионии ташкили ҳокимияти иҷроия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003);
– Бобоев Қ. Назарияи сиёсии Низомулмулк (1999);
– Ғаниев Т. Б. Менеҷмент (2004);
– Достиев А. С. Конституция Республики Таджикистан 1994 г.: история разработки, принятия и основные положения (2001);
– Зокиров Г. Истиқлолияти сиёсӣ (2001);
– Маликова А. Х. Организационно-правовые аспекты функции государства по социальной защите престарелых ин инвалидов в Республике Таджикистан (2005);
– Ойев Х. Ҳокимияти иҷроия: тамоили инкишоф ва вазифаҳо (2002);
– Раззоқов Б. Ҳ. Масоили ҳуқуқии идораи минтақа (1997);
– Раҳмонов Э. Тоҷикистон: даҳсолаи истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ (2001);
– Расулов Қ. Саҳми давлати Сомониён дар пешрафти афкори сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ (1999);
– Сафаров И. Д. Эволюция представлений о государстве (2005);
– Ҳакимов А. Ташкили идораи иқтисоди миллӣ (2005).
Боиси зикр аст, ки олимони тоҷик дар ташаккули илми идоракунӣ ва сотсиологияи идоракунӣ чанде кӯшишҳо ба харҷ додаанд.
Яке аз олимон Раззоқов Б. Ҳ. ҷанбаҳои ҳуқуқии идоракуниро бисёр васеъ баррасӣ намуда, тавсияҳои зиёде баҳри рушди ин мавзуъ манзур гардонидааст. Тибқи назари ӯ дар фаъолияти меҳнатӣ на танҳо истеҳсолот, чӣ тавре дар сохти анъанавии идоракунӣ бартарӣ дода мешавад, балки хизматрасонӣ, истеъмолот ва гардиши мол, ҳуқуқ, ахлоқ, маданият ва ғайра таъсири баробар доранд ва ба ташаккулёбии шахси комил мусоидат менамоянд. Яке аз назариёти дигари олим дар он аст, ки саҳми технологияи иттилоотӣ дар идоракунии давлатӣ хеле ногузир мебошад, зеро истифодаи он шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатиро беҳтар намуда, ба баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо мусоидат карда, расмиёти маъмуриро соддаву дастрас мегардонад.
Ба ин назар олими дигар Мавлоназаров С. С. низ моил аст, ӯ иброз медорад, ки давлати муосир низоми мураккаби ташкилиро соҳиб мебошад ва устувории он танҳо дар сурати ташкили низоми босифати идоракунӣ метавонад таъмин карда шавад. Дар ин росто консепсияи «ҳукумати электронӣ» метавонад ҳамчун василаи муҳим дар бунёди ҷомеаи иттилоотии шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд мусоидат намояд.
Шосаидов С. Ҳ. нақши низоъро дар идоракунӣ мавриди омӯзиш қарор дода, бар он назар аст, ки он – низоъ дар як вақт метавонад функсионалӣ буда, барои иҷрои самараноки нақшаҳо ва стратегияҳои корхона мусоидат намояд ва дар дигар вақт дисфункционалӣ – ба паст гардидани қаноатмандии шахсӣ, коҳиш ёфтани ҳамкориҳо дар гуруҳ ва маҳсулнокии корхона оварда расонад.
Масъалаҳои марбут ба дастгирии иҷтимоии кадрҳо дар идоракунии давлатӣ мавриди таҳқиқу омӯзиши мутахассисони соҳавӣ ва олимону муҳаққиқон пайваста қарор дорад. Бар ин назар ва такя ба паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коршиноси соҳа Саидов А. таъсиси институти хизмати давлатиро ба таҳким ва такмили рукнҳои давлатдорӣ асоснок месозад. Ӯ бар он назар аст, ки омӯзиши хизмати давлатиро мебояд ҳамчун тамоили яклухти иҷтимоӣ ба роҳ монд. Дар ин ҳолат метавон ба ин институти давлатӣ, яъне омодасозии кадрӣ аз мавқеи идоракунӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва ғайра назар намуд (Саидов А. Т. Хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (андешаҳо, дурнамо). 2006). Яъне зарур аст, ки пайваста дониш ва малакаи хизматчиёни давлатӣ такмил дода шавад, зеро унсурҳои идоракунӣ танҳо бо кадрҳои болаёқат ва соҳибмалака метавонад таҳким ёбад.
2.3 Давраҳои идоракунӣ
Идоракунии Тоҷикистонро ба ду давра: то истиқлолияти давлатӣ (ва ё дар даврони Шӯравӣ) ва баъд аз истиқлолияти давлатӣ ҷудо кардан мумкин аст
Дар даврони Шӯравӣ Тоҷикистон мақоми давлати мустақилро соҳиб набуд, сохтори идории хоси худро надошта, зери тобеияти собиқ давлати Шӯравӣ дар баробари 14 кишварҳои дигар қарор дошт. Сохти идоракунии давлати Шӯравӣ – Иттифоқи ҷумҳуриҳои Шӯравии сотсиалистӣ (ИҶШС) бошад, намуди анъанавии шакли бюрократӣ ва ё авторитарии идоракунӣ буда, кулли қарорҳои хусусияти идоридошта аз ҷониби ҳокимияти марказӣ қабул мегардид. Ҷумҳуриҳои аъзо асосан салоҳияти маҳдуд дошта, чун шохаи иҷроияи ҳокимият фармонҳо ва супоришҳои ҳокимияти марказиро амалӣ мегардониданд.
Барои возеҳ нишон додани масъала баъзе хусусиятҳои сохтори идоракунии давлатии ИҶШС-ро тафсир менамоем. Сохти умумии идорӣ мутлақ ва ё дар шакли муттамарказ бо тарзи амудӣ ба роҳ монда шуда, тамоми муносибатҳо аз Марказ – шаҳри Москваи Федератсияи Россия ибтидо мегирафтанд. ИҶШС асосан аз сохторҳо ва тартибҳои идоракунии зерин иборат буд:
– Идораи маъмурӣ – аз ҷониби Раёсати Шӯрои вазирон пеш бурда мешуд. Дар ҷумҳуриҳои аъзо дар навбати худ, Шӯрои вазирон амал менамуд, аммо дар тобеияти Марказ қарор дошт;
– Идораи сиёсӣ – аз ҷониби котиботи Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ идора карда мешуд. ИҶШС сохти яккаҳизбӣ дошта, тамоми масъалаҳои сиёсӣ дар сатҳи Марказ баррасӣ ва қабул мегардиданд;
– Идораи намояндагӣ – аз ҷониби Раёсати Шӯрои Олӣ (Парламент) ва комиссияҳо идора карда мешуд. Чунин низом дар ҷумҳуриҳо низ амал менамуд, аммо мустақилияти комил надошт;
– Идораи ҳуқуқӣ-назоратӣ – аз ҷониби Шӯрои суди Олӣ, прокуратураҳо, сессияҳои Суди Олӣ пеш бурда мешуд. Идоракунии ин низом низ ба Марказ вобастагӣ дошт;