– Мудофиа – дар тобеияти бевоситаи ҳокимияти марказӣ қарор дошта, нигоҳубин ва банақшагирии хизмати ҳарбӣ аз Марказ ташкил мегардид;
– Иқтисодиёт – маблағгузории Буҷети давлатӣ аз Марказ таъмин мегардид, ҳокимияти маҳаллӣ (кишварҳои аъзо) ҳамасола ба ҳокимияти марказӣ андоз месупориданд. Инчунин, истеҳсолот бо тарзи нақшабандӣ иҷро гардида, қисми зиёди маҳсулоти гаронбаҳо, ба монанди пахта, тилло, нафт, газ, барқ ва ғайра ба ихтиёрдории Марказ вогузор шуда буд (супурда мешуданд);
– Иҷтимоиёт – шароити дахлдори зиндагӣ – то андозае (дар шароити имрӯза «миёна») фароҳам оварда шуда буд, маош, нафақа, идрорпулӣ, кӯмакпулӣ ва ғайра сари вақт таъмин мегардид, шаҳрвандон ба тандурустӣ ва кӯдакон ба таҳсили бепул фаро гирифта шуда буданд;
– Бехатарӣ – бехатарӣ ҳамаҷониба таъмин буд, аммо тансиҳатии шаҳрвандон дар оянда, ки имрӯз дарк мегардад, аз лиҳози экологӣ дар хатар буд – одамон ҳамчун дастгоҳи истеҳсолӣ истифода бурда мешуданд, иштироки онҳо дар меҳнат, қадру эҳтиром ҳамчун шахсият ва ҳифзи комили тандурустӣ ба эътибор гирифта намешуд. Мисол: дар қисми зиёди шаҳру навоҳии Тоҷикистон пахта корида мешуд. Мақсад на беҳдошти вазъи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва осудагии аҳолӣ, балки истеҳсоли пахта ва ғундоштани ҳосили зиёд буд. Ҳамасола барои ҳоисли зиёди пахта ва эмин нигоҳ доштани он аз ҳашароти зараррасон ҳазорҳо тонна доруҳои кимиёӣ дар заминҳои кишт, мутаносибан дар саҳни (болои) хоҷагиҳо-манзилҳои зисти назди заминҳои кишт ва одамон тавассути ҳавопаймоҳои ҳаҷман хурд пош дода мешуд. Боиси зикр аст, ки доруҳо барои несту нобуд кардани ҳашарот равона шуда буданд, яъне дар ин ҷо солимии ҷомеа аҳамияти дуюмдараҷа дошт.
Новобаста аз ин, солҳои 1950-70-ум сохтори идоракунии ИҶШС дар арсаи ҷаҳон бонуфузтарин пазируфта шуда буд. Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, ба монанди Куба, Ҳиндустон, Чилӣ, Хитой ва ғайра сохти идории ИҶШС-ро қабул намуданд. Дар ин солҳо дар ҷаҳон ду кишвар, яке ИҶШС ва дигаре ИМА ҳукмрони мутлақ шинохта шуда буданд. Аввалӣ аз рӯи намуди идоракунии классикии яккаҳокимиятӣ ва дувумӣ аз рӯи намуди либералӣ фаъолият мекарданд. Оғоз аз солҳои 80-90-ум инҷониб сохти идоракунии ИМА муваффақ мегардад ва мавриди омӯзиши олимони ҷаҳон қарор мегирад. Дар баробари ин, қисми зиёди кишварҳо, аз ҷумла собиқ аъзои ИҶШС пурра ба ин сохти идоракунӣ – идораи демократии давлат ва ҷомеа мегузаранд.
Идоракунии давраи муосир аз соли 1991 бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон оғоз мегардад, ки онро метавон ба шаклҳо ва ё сохторҳои зерин ҷудо намуд:
– Идоракунии конститутсионӣ;
– Қонунгузорӣ ва ё намояндагӣ дар идораи давлатӣ (шохаи ҳокимият);
– Ҳокимияти судӣ;
– Ҳокимияти иҷроия;
– Мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ дар идоракунӣ;
– Ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Ҳар як шакл ва ё шохаи идоракунӣ дар навбати худ, аз низоми ба худ хос ва сохтори мансуб ба унсурҳои демократии идоракунӣ иборат мебошад.
Умуман баъди пош хурдани давлати абарқудрати Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон сохти идоракунии демократиро ва ё тибқи назариёти муҳаққиқон Ҷ. Локк, Б. Спиноз ва Ж. Руссо идоракунии либералиро пеш мегирад.
Чун давлати мустақил асоси фаъолият ва низоми ҳуқуқии идории Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия муқаррар карда шудааст.
2.4. Рукнҳои конститутсионии идоракунӣ
Пеш аз ҳама мебояд зикр намуд, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ мебошад. Мутаносибан илми идоракунии иҷтимоӣ ва ё сотсиологияи идоракунӣ барои рушду нумӯи сохтори идории кишвар нақш ва саҳми хеле муҳим метавонад гузорад, зеро ҷанбаҳои илмию назариявӣ ва методологии идоракунии иҷтимоӣ пурра зери ин илм фаро гирифта шудаанд.
Тибқи моддаи 27 Конститутсия оварда шудааст, ки: «шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар идораи сиёсӣ ва давлатӣ бевосита ва ё бавосита иштирок намояд». Ин меъёр дар навбати худ, ба назарияи олимони шинохтаи Ғарб Элтон Мэйо (1880—1948) оид ба муносибатҳои инсонӣ дар идоракунӣ – иштироки кормандони қаторӣ дар идоракунӣ ва назарияи Абраҳам Маслоу (1908—1970) оид ба талаботи инсонӣ мутобиқ мебошад, ки он шахсро ба эҳсос намудани зарурат ва мақому мавқеи худро дар ҷойи кор водор месозад, то ин ки руҳбаланд гардад ва пайваста баҳри пешрафт дар фаъолияти меҳнатӣ талош варзад.
Умуман ҷанбаҳои идоракунии давлатӣ дар моддаҳои 1, 6, 8, 11, 12, 27, 28, 35, 37, 39, 48, 64, 73, 76, 84 ва 93 Конститутсия ба таври возеҳ оварда шудаанд, ки дар поён тафсир дода мешаванд.
Тибқи моддаи 1 Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Демократӣ будани давлат ба он асос меёбад, ки принсипҳои идоракунӣ сарбаста (догма) набуда, дар шаклу намудҳои дастрас ва мувофиқ барои одамон пешниҳод карда мешавад.
Шакли идории давлат президентӣ мебошад. Боиси зикр аст, ки дар ҷаҳон мамлакатҳо зимни идоракунии тарзи демократӣ ба се намуди сохти идорӣ: президентӣ, парламентӣ ва омехта ҷудо мешаванд. Президентӣ интихоб шудани шакли идории давлат танҳои хусусияти ташкилӣ надошта, он ҳамчун институти муносиб ба имконот ва талаботи ҷомеа, мувофиқ ба урфу одат ва фарҳанги идории миллӣ, имтиҳоншуда, пурмаҳсул, устувор ва муваффақ дар шароити Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин нишондиҳандаҳо ба халқи Тоҷикистон дар симои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр возеҳ аён гардид ва ба ин муносибат дар соли 2016 ва охири соли 2015 се ташаббуси наҷиби таърихӣ ҳамчун рамзи эҳтиром ба Сарвари кишвар, зимнан комёбии ин институти идорӣ пеш гирифта шуд: 1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул гардид; 2) тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуданд; 3) ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардида, 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ муқаррар карда шудааст, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ин меъёр инъикосгари он аст, ки дар идоракунӣ принсипҳои иҷтимоӣ пеш гузошта мешаванд, бахусус эътироф кардани талабот ва имконоти инсон дар истеҳсолот, ки барои рушди рукнҳои гуманистии идоракунӣ ва ташаккули низоми муносиби иҷтимоӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Арзишҳои волои гуманистии давлати Тоҷикистон ба он асос меёбад, ки халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон намудааст. Яъне, ҳокимият ва ҳукмфармоӣ дар Тоҷикистон мутлақ набуда, он бо назардошти мавқеъ ва иштироки фаъоли одамон ба роҳ монда мешавад.
Сиёсати хориҷӣ ва ё байналмилалии давлат ба принсипҳои дарҳои кушод, сулҳхоҳона, эътирофи меъёрҳои байналмилалӣ, эътибори манфиатҳои олии халқ ва ҳамкорӣ бо ҳамватанони берунмарзӣ асос меёбад, ки дар навбати худ, онҳо омилҳои воқеии иҷтимоии демократиро ташкил медиҳанд.
Фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мамлакат озод аст, ҳамчунин ҳуқуқи ҳамаи шаклҳои моликият бо назардошти моликияти хусусӣ аз ҷониби давлат ҳифз карда мешавад. Бо ин метавон зикр намуд, ки ташаккули заминаҳои иқтисодӣ ва идоракунии он ба ҷомеа дар шакли озод ва бо ҳавасмандсозӣ ва ё сабабнокии фаъол вогузор гардидааст. Ҳар кас метавонад дар як вақт соҳибкор / кордиҳанда, коргар ва дар дигар вақт ба сифати шахси воқеӣ ба фаъолияти мустақили иқтисодӣ машғул гардад, зимнан идораи хусусии худро бо низоми хоси идоракунӣ дошта бошад.
Иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлат тавассути аъзогӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар асоси меъёрҳои демократӣ муайян карда шудааст. Яъне, шахс ҳамчун шаҳрванд имконият дорад, ки на танҳо ба сифати зертобеъ ва амалисозандаи масъулияти шаҳрвандӣ зиндагӣ дошта бошад, ҳамчунин метавонад дар идораи давлатӣ иштирок ва ҳукмфармоӣ намояд. Дар ин ҷо ба инсон дар як вақт, ҳам вазифаи тобеъ-итоаткунанда ҳамчун шаҳрванд ва ҳам мақоми ҳукмфармо дода шудааст, ки идоракунии навъи иҷтимоӣ мебошад.
Ҷанбаҳои иҷтимоии идоракунӣ дар моддаи 35 Конститутсия ба таври возеҳ нишон дода шудаанд. Мутобиқи ин муқаррарот ягон шахс ба меҳнат маҷбур карда намешавад, интихоби касбу кор озод аст, ҳангоми бекорӣ бошад, ҳуқуқи шахс ба ҳифзи иҷтимоӣ ва меҳнат таъмин карда мешавад. Ҳамчунин муайян гардидааст, ки барои кори ё шуғли намуд, тарз ва шакли ягонадошта музди баробар дода мешавад. Яъне, дар ин ҷо шахсияти инсон ҳамчун мутахассис ва кордӯст ба эътибор гирифта мешавад, мутаносибан дастмузд дода мешавад – муносибатҳои шахсӣ, наздикӣ ва хотирбинию қадрдонӣ, рӯйхушӣ ва дигар амалҳои номуносиб роҳ дода намешаванд.
Барои барқароркунии руҳӣ ва равонию ҷисмонӣ ба корманд рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат, рухсатии ҳарсолаи пулӣ ва дигар шароитҳои муносиб таъмин карда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки шахси корманд бо нерӯи наву тоза баҳри пешрафти корхона / ташкилот адои меҳнат кунад.
Ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон аз се шоха – намояндагӣ ё қонунгузор (Маҷлиси Олӣ-парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон), иҷроия (Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумат) ва судӣ иборат мебошад, ки ҳар се шохаи ҳокимият дар навбати худ, низоми идоракунии хосро соҳиб буда, дар баррасӣ ва қабули қарорҳои идорӣ мустақил мебошанд.
Дар низоми идоракунии Тоҷикистон дар баробари шохаҳои асосии ҳокимият ҳамчунин низомҳо ва ё сохторҳои нисбатан мустақили идоракунӣ амал мекунанд.
Яке аз чунин низом сохтори идоракунӣ-назоратӣ оид ба риоя ва иҷрои қонунгузорӣ – прокуратура мебошад, ки роҳбари он-Прокурори генералӣ дар назди Маҷлиси миллӣ ва Президент масъул мебошад. Фаъолияти прокуратура мустақилона бидуни дахли шахсони мансабдор ба роҳ монда мешавад. Ин механизми идоракунӣ имкон медиҳад, ки волоияти қонун дар ҷомеа дар фазои нисбатан шаффоф ва адолатнок таъмин карда шавад.
Дигар сохтор, ин Бонки миллии Тоҷикистон, ки бонки марказии эмиссионӣ ва захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда муқаррар шудааст. Бонки миллӣ фаъолияти худро мустақилона ташкил ва амалӣ менамояд ва масъули таҳия ва татбиқи сиёсати пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дахолати мақомоти давлатӣ дар ташкили фаъолияти он манъ аст.
Ҳамзамон, дар Тоҷикистон институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дахолати бевоситаи ҳокимияти давлатӣ озод мебошанд ва сохти идоракунии онҳо мустақил ба роҳ монда мешавад.
Қисмати интиҳоии Конститутсия (моддаи 100) бо – Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд. – анҷом меёбад, ки шаҳодати бо тамом аз хусусияти идоракунӣ иборат будани онро инъикос менамояд.
2.5 Сохтори қонунгузорӣ ва ё намояндагии идораи давлатӣ
Шохаи намояндагии идораи ҳокимияти давлатиро дар Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.
Маҷлиси Олӣ (парламент) аз ду Маҷлис (палата): Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат мебошад.
Нақши асосии Маҷлиси Олӣ ин намояндагии халқ дар назди дастгоҳи давлатӣ мебошад, мувофиқан ҳайати он бо пешбарии халқ ва бо робитаи зич бо шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Маҷлиси Олӣ ва ё маҷлиси якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон чунин салоҳият дорад:
– Тасдиқи фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат;
– Тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодда;
– Ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон;
– Таъини интихоботи Президент;
– Қабули истеъфои Президент;
– Сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи олии ҳарбӣ;
– Баррасии масъалаи дахлнопазирии Президент.
2.5.1 Маҷлиси миллӣ
Маҷлиси миллӣ палатаи болоии Маҷлиси Олӣ буда, қонунҳои дар палатаи поёнӣ – Маҷлиси намояндагон қабулшударо ҷонибдорӣ мекунад.
Ҳайат ва ё аъзои Маҷлиси миллӣ дар ду шакл ташкил меёбад. Якум, – қисми зиёди аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим ва ё ба воситаи маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (дар якҷоягӣ) интихоб мегарданд. Дуюм, – аз чор як ҳиссаи (1/4) узви Маҷлиси миллӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегарданд.
Маҷлиси миллӣ салоҳияти зеринро соҳиб мебошад:
– Таъсис ва барҳам додани воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва тағйири онҳо;
– Интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент;
– Ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ;
– Ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ.
2.5.2 Маҷлиси намояндагон
Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад. Ҳайат ва ё вакилони Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ (раъйпурсӣ) аз ҷониби шаҳрвандони болиғ интихоб мегарданд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба синни 30 расида бошад ва дорои таҳсилоти олӣ бошад, метавонад тибқи тартиби муқарраргардида вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шавад.
Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии Парламент ба салоҳияти зерин соҳиб мебошад:
– Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;
– Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ;
– Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
– Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;
– Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;
– Таъини раъйпурсӣ;
– Таъсиси судҳо;
– Тасдиқи рамзҳои давлатӣ;
– Тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;
– Тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъин ва озод намудани раиси Бонки милли ва муовинони ӯ;
– Муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус;
– Муайян намудани маоши Президент.
Сохтори идоракунии Маҷлиси намояндагон иборат гардидааст аз:
– Раёсат – Раис ва муовинони ӯ, ки аз ҳисоби вакилони халқӣ ташкил дода мешавад;
– Шӯро – аъзои он ҳайати Раёсат ва раисони кумитаҳо ва комиссияҳо аз ҳисоби вакилон мебошад;
– Кумитаҳо ва комиссияҳо (9 адад) – аз рӯи соҳаҳо ташкил ёфта, бо назардошти касбият вакилонро ҷалб месозанд, инчунин ба сифати ёрирасон дар сохтори онҳо хизматчиёни давлатӣ фаъолият мекунанд;
– Фраксия ва гуруҳҳои вакилон – аз рӯи аъзогии вакилон ба ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони беҳизб ташкил карда мешавад. Мисол: Фраксияи ҲХДТ, Гуруҳи вакилони беҳизб;
– Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон – аз хизматчиёни давлатӣ ва кормандони техникӣ иборат буда, барои фаъолияти пурсамари вакилон шароитҳои зарурии корӣ ва техникию маиширо фароҳам меорад.
Маҷлиси намояндагон ва ё вакилони он дар се самтҳои зерин фаъолият мекунанд:
– Қонунгузорӣ – вакилон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро соҳиб мебошанд, мувофиқан мунтазам бо ҷалби олимону коршиносон (ҳангоми зарурат) таҳлилу омӯзишҳо гузаронида, лоиҳаи қонунҳоро баҳри беҳбуди ҳаёти шаҳрвандон ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ таҳия, тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ ва қабул менамоянд. Ҳамзамон, лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба Маҷлис воридгардидаро баррасӣ ва қабул менамоянд;
– Намояндагӣ – вакил интихобкунандагони худро (шаҳрвандонро) дар Маҷлис намояндагӣ мекунад, дархосту муроҷиатҳои онҳоро баррасӣ намуда, дар доираи ваколати худ иҷрои онҳоро (қонеъ гардонидани талаботҳоро) таъмин менамояд. Инчунин, ҳар сол 2—3 маротиба бевосита бо интихобкунандагон дар маҳалҳои зист мулоқотҳо доир намуда, бобати шароити зисту зиндагонӣ ва пешрафт дар ҳаёти сисёсию иҷтимоии кишвар гуфтушунид доир менамояд;