Бегоҳ мебинӣ, бачаҷон. Турнақатор ба Кулангир меравем, дадобинон мекунем!
Он бегоҳ ҳама шоду хурсанд буданду нишоти падару писар интиҳо надошт. Тамоми шаб Мирмалик аз падар канда нашуд. Фақат ӯро менигаристу фақат ӯро мешунид
Ин ҳол то ба имрӯз идома меёбад. Чашме, ки чор сол ташнаи дидори падар буд, аз тамошои ӯ асло серӣ надорад. Гӯше, ки чор сол муштоқи сухани падар буд, сӯҳбати ҷонфизои ӯро шунидану шунидан ва боз шунидан мехоҳад. Ва баъди падар амаки меҳрубонаш Мирфозилро хеле дӯст медорад, ки нигаҳбон ва меросдори мулки авлодӣ дар Кулангир асту деҳқони доно ва деҳхудои тавоност. Маҳз бо заковати ӯ Мирмалик як хатои давраи бачагиашро ислоҳ карду маънои аслии «Кулангир»-ро фаҳмид Вақти хондан дар дабистон мактабдор решаи «Кулангир»-ро мурғи куланг, яъне турна бароварда, барои исботи фикри худ чистоне мисол оварда буд:
Шутури куланги бедум,
На ҷав хурад, на гандум.
Об хурад зи дарё,
Кор кунад ба мардум.
Кӯдакон, албатта ба сухани мулло бовар карданд ва шӯхиомез ба Мирмалик «шутури куланги бедум» лақаб гузошанд. Зеро нисбати дигарон тануманду газгӯшт буду як пояш дар Кулангир қарор дошт. Лақаби масхаромезро шунидан ҳамон Мирфозил мисли ҳезуми хушк даргирифт ва бо итоб ба муллои чаласавод хитоб кард:
Кулангир ба ҳеҷ ваҷҳ турнахона нест! Ин паррандаи офтобпараст ҳини бозгашт аз сармо ба гармо гоҳе ба деҳаи мо мешинаду гоҳе не. Марду занҳои мо кулангдил, яъне тарсончаку буздил наянд ва ҳама ҷавонҳои кулангирӣ шоистаи корзор, гурдапур ва шердиланд. Шутури куланги бедум шумоед, ки як чиз будани «куланд» ва «кулан»-ро намедонед. Аз ин пас ба кӯдакон дуруст фаҳмонед, ки «Кулангир» марди куландгир, яъне деҳқони асил аст.
Бо ҳамин лақаби масхаромез ба мулло часпиду шаш сол муқаддам ба шарофати Мирфозил каландгари асил Мирмалик ва Сабзалӣ ба ҳамдигар пайвастанд. На тасодуфан, балки бо хости Худованд: галаи аспу гӯсфандони оли Мирабдулло тобистону тирамоҳ дар чарогоҳҳои фарохдомани Хатлонзамин мечариду ҳар замон Мирфозил ҳамроҳи дастёрон хабаргирӣ мерафт. Он сол низ барои чӯпонҳо нону намаку равғану биринҷ бардошта, додарзодаашро низ ҳамроҳ гирифт, то одаму олам бештар дида, тезтар пухта ва суфта шавад.
Мирмалики саргарми тамошо дид, ки аз ҷониби муқобил аввал чангу ғуборе, сипас аспсаворе намудор шуд. Зуд ба амакаш хабар дод.
Шояд ки чопари хингсавор бошад, мад кашид Мирфозил. Аммо ту хавотир нашав, вай душман не.
Маълум шуд, ки асптоз писараки тахмин сенздаҳ-чордаҳсола буда, бо ашки шашқатор барои имдодпурсӣ омадааст.
Э туғойӣ, ёрӣ бтен, ки отам мемира!
Мирмалик гапро дуруст нафаҳмид. Вале Мирфозили ҷаҳондида лаҷоми аспи писаракро дошта, ҳар дуро ором карда, бо лаҳҷаи ба ӯ фаҳмо гуфт:
Соз бифаҳмон, чӣ хел касалай?
Хирс ҷиқидша! Сару китфуш пури хунай
Мирфозил, ки аз сирри табобат огаҳӣ дошт, вазъиятро мухтасар ба ҳамроҳонаш фаҳмонду халтаи доруворро гирифта, дарҳол ба асп нишаст ва ба кӯмак шитофт
Рӯзи дигар маълум шуд, ки Одинаи балҷувонӣ аз боҷу хироҷ ва зулми беҳад ба дод омада, баъди аз мулку манзил маҳрум шудан гумоштаи қарохониро мурданивор зада, гурезаи иҷборӣ шуда, бо чанд сар бузу гӯсфанди лоғар ва зану ду фарзанд дашт ба дашту кӯҳ ба кӯҳ то ин маҳал расидааст.
Дар ҷойи мо матале ҳаст, ки «камбағалро аз болои шутур саг мегазад», гуфт Мирфозил баъди ором ёфтани бемор. Маълум мешавад, ки дар ин диёр одами бечораро хирс мекандааст.
Одина заҳрханде карду беҳолона гуфт:
Дуруст мегӯйӣ, ака. Камбағал дар ҳама ҷо ҷазирай.
Лаънат ба касе, ки ай Ватан канда шавад,
Афтад ба ғарибию ба кас банда шавад!
Худро ба даст гиред, бародар. Шумо аз Ватани худ канда нашудед ва ғайри Худо ба ҳеҷ кас банда нестед.
Ватани бобойии мо ай ин макон хеле дурай, ака. Мо қавми кумайҷем, хокҷойи мо саргаҳи Кофарниҳонай, ака. Ин ҷода ғариб будем, ғарибтар шудем. Сияҳбургут одами хеле бадай! Нобуд мекнадмон
Ягон ҷойи дигар, аз хатар дуртар равед.
Ғайри қабристон дигар ҷойи мерафтагӣ намонд, ака Хубаш, акаи ҷун, мора ҳамраҳи худ ба Хуҷанд барен. Ай буни дандон хидмат мекнам, ака!
Мирфозил дид, ки Мирмалик аллакай бо писараки асптоз ошно шуда, ҳар ду илтиҷоомез сӯяш нигоҳ доранд, суханро кашол надод:
Агар ягона илоҷ ҳамин бошад, мо хилоф нестем
Барака ёбед, ака. То умр вафо кардана ба шумо вафо мекнам, ака!
Мирмалик даъват ё ишораи амакро интизор нашуда, паҳлӯи писараки саргаранг омад, номашро пурсид ва гарм дар оғӯш гирифт:
Акнун ту бародари ман астӣ, Сабзалӣ! Асло туро намеранҷонам ва намегузорам, ки касе чалама чатӣ када, ба ту ранҷу озор расонад
Вақте Мирмалику Сабзалӣ ба синни балоғат расиданд, амаки Мирфозил ҳар дуро наздаш шинонду пурсид:
Аҳди бародарӣ ягон бор нашикастаед?
Не, амака! баробар ҷавоб гардонданд додархондҳо.
Офарин ба ҳар дуятон! Минбаъд низ ба ҳеҷ аҳди худ хилоф накунед. Имрӯз, ки ба синни балоғат расидаед, як қонуни асосии зиндагиро бароятон таъкид мекунам: аҳди бародарӣ мисли ақди никоҳ муқаддас аст! Ду дӯст ду дасти як инсон аст, ки якдигарро мешӯяд, пок медорад, гарм мекунад ва ҳифз менамояд. Фаҳмидед?
Фаҳмидем ва итоат мекунем, амака! боз баробар ҷавоб гардонданд додархондҳо.
Имрӯз, ки болиғ шудаед ва чун сарв ба осмон сар кашидаед, мояи ифтихори падарони худ бошед. Пешиниён дар рӯзи балоғат миёни писари худро бо камарбанди заррин маҳкам мебастанд. Ҳолӣ ин амал дар хатнасур иҷро мешавад. Вале мо хуҷандиён, ки расму ойини ниёконро чун гавҳари чашм пос медорем, дар рӯзи балоғати писар ҳатман ба вай тӯҳфаи хубманзар эҳдо мекунем. Бо маслиҳату ваколати падарон ба ҳар кадоматон имрӯз яктоӣ саманди бодпо ҳадя мешавад.
Мирфозил додархондҳои хушҳол ва дилшодро назди галаи аспони тозӣ оварду фармуд:
Маъқулашро интихоб кунед!
Мирмалик аз галаи аспони адҳамӣ сурхи ҷигарияшро маъқул карду Сабзалӣ аз байни хингзеварон хокистарранги холдорро писандид ва дарҳол онро Хинги магасӣ номида, чуст савор шуд. Мирмалик низ чолок ба сағрии асп нишаст ва сар шуд нахустин сабқати бародарона, ки ним сол бештар тӯл кашид. Вале, як рӯзи наҳси тирамоҳ, ҳангоми ҷаҳидан аз болои хандақ пойи аспи Мирмалик шикасту табъи соҳибаш хира гашт.
Ҳоли Мирмаликро дида, Бобои Одина лаб ба тасалло кушод:
Зиқ нашав, ҷони бобо. Бароят аспи нав месозем.
Чӣ хел «месозем?» шигифтомез пурсид Мирмалик.
Ай аспи ману амакат. Зиқ нашав, ҳилаша меёвем.
Мирмалик гапи падари Сабзалиро дилбардорӣ ҳисобид. Вале андактар маълум шуд, ки ин марди пухтакор барои «сохтани асп» ҷиддан азм дорад. Ҳисси кунҷковияш боло гирифту пурсида-пурсида фаҳмид, ки замонҳои қадим дар Давон ва Хатлон беҳтарин аспҳои олам вуҷуд доштаанду аспсаворон аз пайванди хинги хатлӣ ва аблақи давон арғумак ба вуҷуд овардаанд. Суғдиён онро мусур мегуфтаанду баъдтар ин аспи бодпар ба саманди тозӣ бадал шудааст, ки хушхирому чусту чолоку беҳад қашанг будааст. Аз ҳама аҷибаш барои Мирмалик он буд, ки Хатлон зодгоҳи Бобои Одина буду Давон зистгоҳи имрӯзаи вай
Ҳавои даҳан намекунам, лекин аспи ман ай зоти кумайт беҳтарин хинги Хатлонай! ба сари мақсад наздик омад Бобои Одина. Агар ай байтали тозӣ барояш арӯс ёбем, арғумаки зур пайдо мешавад.
Арғумаки Хуҷанд! хитоб кард Мирмалик ва ҳама фаҳмиданд, ки фикри «аспсозӣ» ӯро писанд омадааст
Сайисҳо ва дастёрон чанд муддат заҳмат кашида, аспи сурхранги Одина бо байтали хокистарӣ тавҷид намуданд, ки даври ҳамлаш аз ёздаҳ моҳ андаке бештар тӯл кашид. Чун фурсат даррасид, тойчае ба дунё омад бо вазни чаҳор пуд бештар ва бемислу монанд сари хурди аломушкин, гардани дарозу латиф, думи сиёҳсафед ва пойҳои устувору бақувват дошту шабрангу рӯйинасум буд, яъне сумаш мисли пӯлод сахту сиёҳ
Баъди якуним соли балоғат ба зебосаманди ёлдарозу мушкдуму оташнаъл ва хушрафторе табдил ёфт, ки аз ҳар қадамаш замин миннатдору Мирмалик сарфароз ва хушҳол мешуд. Вай бе ҳеҷ дудилагӣ арғумаки Хуҷандро Рахшон номиду онро на ба тозиёнаю маҳмез ва таҳдиду аспангез, балки бо меҳри дилу сеҳри сухан ва навозиши дасту нигоҳи гарм ба худ ром кард. Рахши навин ҳам тундию ҷаҳидану газидан фурӯ гузошта, ба хубию хушию таковарӣ Мирмаликро соҳиб ҳисобид ва беҳтар аз аспи тозию хинги хатлӣ дар майдон ба хиром омад.
Чаҳоршанбеи гузашта амаки Мирфозил ҷавонҳоро дар саисхона лаҳзае нигоҳ дошт:
Самандҳои худро тайёр кунед. Фурсате фаро расида, ки дави Рахшону Хинги магасӣ ва маҳорати шумо дар арса ба қиёс бисанҷем. Мусобиқаи асптозӣ ва камонварзӣ дар Исфара ҷавлонгоҳи шумо хоҳад шуд
Муколамаи шоир ва бародархондҳо ба интиҳо омаду роҳи морпечи оҳугузар ҳам ба охир расид ва дар пеши чашмон Сияҳкӯл намоён шуд. Мирмалик, ки худро фарзанди дарё меҳисобид, чунин обанбори бузургро бори аввал медид. Тахмин муайян кард, ки бари кӯл нисбати Сайҳун чор-панҷ карат паҳновар аст, аммо ҳарчанд кӯшид, охири толобро дида натавонист.
Мегӯянд, ки аввали кӯл дар Воруху охираш дар Кошғар, шарҳ дод Абдулмаҷид. Агар киштӣ бошаду беист ҳаракат кунад, ин масофаро дар як шабу рӯз тай мекунад.
Расо воҳима кардӣ, ака! ханда бар лаб эрод гирифт Сабзалӣ. Иқа оби бисёр ай куҷо меёя??
Аз оби дидаи абр андаку бештар аз гиряи пирях. Дар буни Сияҳкӯл яхдони бузургест, ки ҳар яхпорааш як кӯҳи азимро мемонад!
Нахо-од?!
Абдулмаҷид дуруст мегӯяд, ба мубоҳиса пайваст Шайх Бурҳониддин. Аз ин яхчол чор дарёи кӯҳӣ ба чор самти дунё меравад. Яке рӯди Ворух, ки то Сайҳун мерасад. Рӯди дуюмӣ аз Раштонзамин сӯйи Ҷайҳун ҷорӣ мешаваду сеюмаш як шохоби Норин асту чаҳорумаш аз кӯҳистони Масчо ба Зарафшон мерезад. Агар тарзи дигар гӯем, аз яхдони Ворух ба чор тарафи олам гузаргоҳ вуҷуд дорад
Илтимос, тағоҷон, як нафас таваққуф кунед, нохост ба тавалло даромад Мирмалик. Дар китоби тарассул хонда будам, ки «роҳи махфии маълумотрасонӣ байни афшину ихшидҳои суғдӣ аз Ворух мегузашт». Лекин дар чанд навиштаи сайёҳону ҷуғрофидонҳо ҷумлаи «деҳаи Ворух канораи Мовароуннаҳр» хонда, саргаранг будам, ки ба кадоме бовар кунам. Ана акнун ҳақиқат то андозае аён гардид.
Барои он ки шубҳаат пурра бартараф шавад, як рӯйдоди таърихиро нақл мекунам, шоирона гап сар кард Абдулмаҷид. Бобоҳои мо ривоят мекунанд, ки як ҷосуси подшоҳи Суғд Деваштич маълумоти пурқимат дошт, лекин азбаски Самарқанду Истаравшанро лашкаркаши араб Қутайба ишғол карда буд, илоҷи аз он сӯ ба Зарафшон гузаштан наёфта, чапғалат ба Ворух омад. Бо роҳбаладии чӯпоне то яхдон расид. Вале аз сардии ҳаво тоқаташ тоқ гашту маълумотномаи махфиро ҳамроҳи як халтача зар ба дасти чӯпон дод. Яъне, вайро киро карду дар варақе шарҳнома навишт: «Хоҷа, ман Фатуфарн, туро паёми сард мерасонам, чунки дар болои пирях қарор дораму яккаву танҳоям, либоси гарм надорам. Ба рафтан ҷуръат намекунам. Чунки аз хунукӣ сахт метарсам».
Чӯпон чико кард? бетоқатона пурсид Сабзалӣ.
Роҳро, ки хуб медонист, рӯ-рӯи пирях аз ағбаи Масчо гузашту то Панҷакат қароргоҳи Деваштич расид ва боз як халтаи зар ҳадя гирифта, сиҳату саломат ба Ворух баргашту бою бадавлат шуд
Офарини у чупон, ки бузбала будай! ҳамранги дигарон лаб ба табассум кушод Сабзалӣ. Фаҳмидум, ки ай Ворух ба ватани ман роҳ будай, леки хунуку тунук. Яъне, душворгузар будай. Леки ҳеҷ нафаҳмидум, ки чӣ ов аст ин! Обе равонай ё мурда? Бадиққат ови кӯла бинед каб-кабудай, кӯҳҳои атроф, талу теппаҳо сабзи банурай, қуллаҳои барфпӯш сап-сафедай, дар ягон ҷо сиёҳӣ нестай, леки барои чӣ Сияҳкӯл номуш кардиян?!
Ман ҳам ҳайрон! китф дарҳам кашид Мирмалик. Аз тамошои обу осмони нилгун, арчазори сабзу марғзори хуррам ва кабудизори махмалӣ дил ба фараҳ меояд, лекин номи кӯл алаким-чихел таассуроти рангина сиёҳ месозад.
Айнан ҳамин гапҳоро ман ҳам гуфтанӣ будам, ҷавонҳои ҳамфикрро ҳамфикр шуд Абдулмаҷид. Мо, шоирон, ранги хатнависиро оби сиёҳ мегӯему табибҳо оби дидаро оби сиёҳи чашм пиндошта, «оби сиёҳ аз дида равад, чашм сафед шавад» мегӯянд. Дар ин мавзӯъ бароятон як байти аҷиб мехонам:
Оби сияҳ аз замин баромад,
Марг аз дари оҳанин даромад.
Абдулсайид, ки дар гирди дегу оташдон ҷунбуҷӯл дошт, чангу арақи пешонӣ ба остин пок карда, саволомез ба Шайх Бурҳониддин нигарист ва хомӯшии ӯро иҷозати сухангӯйӣ дониста, мулоим лаб ба гуфтор кушод:
Ин толобро барои он Сияҳкӯл гуфтаанд, ки дар қаъраш аспи сиёҳ дорад. Ин аспи обӣ на тимсоҳ асту на аждаҳо, на моҳӣ асту на наҳанг. Паришамоил асту обпайкар ва безарар, чун бод дар рӯйи об мепараду мисли моҳӣ зери об шино мекунад. Мегӯянд, ки ҳар касе ин аспи обиро бинад, аспафкан мешавад, яъне баҳодури диловар! Ва агар бахташ омад кунаду ин аспи обиро савор шавад, шерафкан хоҳад шудан, яъне ҷанговари диловар ва қаҳрамон
Абдулсайид ҳезуми нимсӯхтаро дарунтари оташдон хаста, бо чашми озмоиш ба сомеъон нигарист. Сабзалӣ худ аз худ фурӯзон шуд:
Шакар ба даҳанат, амака! Ина ҳозир фаҳмидум, ки Сияҳкӯл ови мурда нестай, так-таки замин ба чор тараф равонай. Дар ватани мо як дарё ҳастай номаш Хингоб.
Шояд ин ҳаму дарёи Шайхбово гуфтагӣ бошад, ки рафта-рафта аз деҳаи Лабиҷар ба Ҷайҳун мерезад. Бибикалонам мегуфт, ки хинг аспи сиёҳай, маънои Хингоб аспи обияй
Абдулсайид аз чунин мувофиқат рӯҳбаланд шуда, бо илҳоми дучанд сӯҳбатро тасфонд:
Навакак кадоме гуфтед, ки аввали ин толоб дар Ворух асту охираш дар Қошғар. Акоям Аҳмадсайид, ки борҳо ба Чин сафар кардаанд, айнан ҳамин хел мегӯянд. Аз гапи акоям донистам, ки дар Қошғар тоҷик бисёру Сиякӯлро Оби ишрат мегӯянд. Зеро борҳо мушоҳида кардаанд, ки ҳар шаб занҳои зебо аз об баромада, дар соҳил бозию шодӣ карда, пеш аз дамидани субҳ баробари ситораҳои осмон аз чашм ғойиб мешудаанд. Ин париёни сияҳчашму сияҳмӯй он қадар нозанину маҳҷабин будаанд, ки аз чеҳраи зебояшон шаби тори кӯҳистон мисли рӯз равшан мешудааст
Офарин, Устои гулдаст, ки дар суханварӣ низ мисли дуредгарӣ устои моҳир будани худро исбот кардед! лаб ба таҳсин кушод Шайх Бурҳониддин. Пири тариқати мо, бародарам Шамсиддин, ки дар Қошғар хешу табор доранду борҳо он ҷо рафтаанд, қабл аз сафари Ворух гуфтаҳои шуморо нозук ишора карда буданд. Эшон оби хушу пурманфиати Сияҳкӯлро васф карда, хушбод будани ҳавояшро таъкид намуда, маслиҳат доданд, ки соле камаш ду маротиба дар соҳили ин толоб фориғ аз кори дунё истироҳат кунам, ки беҳтарин давои бемории нафас аст. Лекин гаштаю баргашта маслиҳат доданд, ки аз оббозию шиноварӣ дар оби ях барин сарди Сияҳкӯл худдорӣ намоям. Гапро ба шӯхӣ бурда, гуфтанд: «Тарсам аз он аст, ки аспи обӣ язнаи маро аллонда, ба ҳалқаи париёни Қошғар мебараду хоҳарам дар Ворух яккаю танҳо мемонад».
Лутфи латифро ҳамагон ба хушҳолӣ пазируфта, гирди хон давра нишастанд, то бафурсат таҳтӯли чоштгоҳӣ намоянду сипас аз пайи шикори кабку сайди ширмоҳӣ шаванд. Вале ҳанӯз луқмае дуруст нахойида, ҷавоне аз паси харсанг баромаду худро пеши пойи Шайх Бурҳониддин партофт ва ҳой-ҳой бигиристу нолон гуфт:
Эй Шайхи бузургвор! Дарди маро илоҷ кунед! ин бигуфту дасту пойи худ ба ҳозирин нишон дод, ки озахи бисёр дошт ҳар кадом ба андозаи нахӯди сиёҳ. Ин маразак аввал яктояк буд. Табиби маҳалла дору молиду баъди ҳафтае дугона шуд. Табиб боз даво карду озах аз дасти чап ба рост гузашт. Пеши табибу муллои дигар рафтам, ҳатто мазори озахи Хуҷандро зиёрат кардам. Лекин озах аз даст ба по гузашту ба тану гардан часпид Занам аз хона баромада рафту ҳамсояҳо худро аз ман дур кашиданд. Лоҷарам, худро ба кӯҳи беодам задам, то
Кифоя! аз садои ногаҳонӣ ва омиронаи Шайх Бурҳониддини Қилич ҳама қад парида, даст ба гиребони ҳайрат бурданд, ки ин касалманд аз куҷо пайдо шуду чаро Пири хушмуомила ногаҳон шамшерсухан гардид. Аммо Шайх ба касе эътибор надода, бо нигоҳи мӯшикофу муҷарраб ба озахҳои пушти дасти ҷавонмард нигаристу шиддати сухан саҳле паст гардонд. Агар як ҳарфи дигар ба забон орӣ ва қасди худкушӣ кунӣ, осӣ мешавӣ! Чӣ ном дорӣ?
Зариф.
Дар олам дарде дармоннопазир нест, эй Зариф. Парвардигоре, ки барои бандаҳояш дард додааст, шифо ҳам мебахшад. Касалии ту ҳам дафъ мешавад, ҳарчанд ин гандамараз фарсуда шуда, ба мағзи баданат реша давондааст. Ман ба шарте туро табобат мекунам, ки ниҳод рост дорӣ, имон қавӣ орӣ ва дигар асло фикри худкушӣ накунӣ! Фаҳмидӣ!