Барои чӣ ҳашт нею ҳафт?
Барои он ки ба пиндори ниёгони мо замин мисли ҳафт қабати осмон ҳафт қисмат буда, ҳар кадом ба як ситораи Ҳафтдодарон мансуб аст. Яъне, ҳафт шохаю ҳафт мева рамзи ҳафт иқлими ҷаҳон аст
Нигина шарҳи душворнамо, вале осонфаҳмро бо даҳони боз шунида, тамошоро бо шавқи дучанд идома дод. Фаҳмид, ки ҳафт «син»-себу санҷид, сиркою сабзӣ, самбӯсаю сипанду сир асту ҳафт «шин» ширу шакар, шаробу шарбат, шамъу шонаю шиннӣ. Ин чизҳоро ба ду тарафи дастархон алоҳида-алоҳида гузошта, Моҳсимо бо тавозӯъ пеши Бибинурӣ омад:
Отунбуча, акнун расму таомули худамонро баҷо оред ва ба хони наврӯзӣ ҳафтгонаи хуҷандӣ гузоред.
Дастордор аз дасти ҷавонзане косаи ордро гирифта, мобайни дастархон гузошту ба Бибинурӣ нигарист.
Дуо кунед, Отунбуча!
Парвардигоро, ҷумла бандагонатро аз ҷурму гуноҳ пок намо ва осиёби зиндагиро бешикаст гардон!
Ҳама баробар «Омин» гуфта, даст ба рӯй кашиданд.
Моҳсимо косаи биринҷро паҳлӯи орд ниҳод.
Парвардигоро, ҷумла бандагонатро рӯзу рӯзии сершумор насиб гардон!
Сипас косаи асал гузошта шуду чунин дуо садо дод:
Парвардигоро, ҷумла бандагонатро рӯзгори шаҳду ширин бирасон!
Вақте як баста хӯшаи гандум ниҳоданд, Бибинурӣ дуо кард:
Парвардигоро, ҷумла бандагонатро фарзандони солиму солеҳ сершумор гардон!
Моҳсимо ойина ба хон гузошту Бибинурӣ ин дуоро хонд:
Парвардигоро, дили ҷумла бандагонатро софу беғубор гардон!
Дуои тухми мурғ чунин шуд:
Парвардигоро, ҷумла бандагонатро соҳиби тухми заррин гардон, аз тухми бадӣ эмин дор!
Аз ҳама охир, бо эҳтиёту эҳтироми зиёд, Моҳсимо ба қалби суфраи Наврӯзӣ китоби «Қуръон» ниҳод. Бибинурӣ бо лаҳни форам ва пуртаъсир хитоб кард:
Парвардигоро, ҷумла бандагонатро ба ислому ба имону ба китоб мӯҳтарам гардон!
Ҳама баробар «Омин» гуфта, даст ба рӯй кашиданду ҷониби Дарахти олам нигаристанд, ки он ҷо марде харсавор намудор шуд. Гирди дарахтро тоб хӯрда, себу нок, норинҷу туринҷ, кадую харбуза, тарбузу лаблабу, сабзию пиёз ва дигар меваҷоти дар шохаҳо бо ресмон басташударо бо ҳавас нигаристу гулҳои қоғазиро бӯй кашида, яке аз бозичаҳоро канданӣ шуд.
Вай девоная бинед! Назорату Нигинаро бо оринҷ нихта кард Назокат. Болои хар чаппа шиштас!!
Вай девона не! дарҳол ҷавоб гардонд Гулсимо. Вай мири Наврӯз!
Инаш чӣ гуфтанӣ гап?
Мир амир аст, яъне ҳоким, подшоҳ. Мири Наврӯз сарвари базми имрӯза аст ва ҳокимияташ як шаборӯзӣ давом мекунад. Ҳар чӣ фармояд, бечунучаро иҷро мешавад.
«Мур» гӯяд, мемурем?!
Вай асло гапи дағал намегӯяд. Мири Наврӯз хушсухан аст, мардумро механдонад ва хушҳол мегардонад. Аз ҳамин сабаб вайро Мири ханда ҳам мегӯянд.
Ана акнун ҳамааш фаҳмо. Сабаби ба хар чаппа нишастанаш маълум, масхарабоз будааст вай!
Бале, ба аспи фарбеҳ нею ба хари лоғар нишастанаш, ба ҷойи бози подшоҳӣ ба даст калзоғ гирифтанаш, ба ҷойи хидматгор худро бо бодбезан бод заданаш, ба ивази либосҳои гаронбаҳо куртаю шалвори кӯҳна пӯшидани мири Наврӯз масхараю мазаммати шоҳону амирони ҳавобаланд аст. Имрӯз бе иҷозати Наврӯзшоҳ ҳатто ҳокими Хуҷанд луқмае ба даҳон намебарад!
Наход?
Гулсимо дуруст мегӯяд. Дар назди Дарахти олам пайдо шудани Мири Наврӯз оғози хушҳолист. Ҳама гӯшҳо интизоранд, ки ӯ чӣ фармон медиҳад
Мири Наврӯз дасти росташро баланд бардоштан ҳамон садои карнаю сурнай ва дафу доира ба фалак печид. Дарвозаи навсохтаи маҳаллаи Сари баландӣ калон кушода шуду аввал Пири бузургвори Хуҷанд пероҳани сабзрангу ҷомаи сафед дар тан ҳамроҳи ҳокими шаҳр ба идҷо даромаданду аз пайи онҳо меҳмонон аз Хоразму Бухорою Самарқанд, Фарғонаю Хатлону Исфараю Истаравшан дастафшон одоби саломи ом баҷо оварда, ба тахти Наврӯзӣ нишастанд.
Мири Наврӯз дасти чапашро баланд бардошту баробари овози карнай ҳама хомӯш шуданд. Аммо овози Наврӯзшоҳ мутантан ва хеле баланд садо дод:
Дар ҳама давру замонҳо Наврӯзи бузург бо каломи гуҳарбори шоири бошараф оғоз мешуд. Ҳоло ки мо расму одати дадою бӯвоҳои худро аз нав зинда мекунем, шоири аз ҳама баобрӯи Хуҷандро ба саҳна мехонам. Ҳам шеър ва ҳам иззати нафси ин шоир дар баландӣ бартар аз кӯҳи Рухак асту шеъри равонаш чу оби Сайҳун файзу таровати хоса дорад.
Марҳабо, эй Пири барнодили Хуҷанд.
Айём чу мо бастаи уммеди ту бод,
Иди ҳама кас рӯйи чу хуршеди ту бод!
Азбаски Наврӯзшоҳ номи шоирро мушаххас нагуфт, мардуми иштиёқманд бо шавқу ҳавас ба минбари шафати Дарахти олам дида дӯхтанд, ки аз минбари масҷид паҳнтар ва баландтар буд.
Ҳазрати Шайх Маслиҳатдин, ки бо тахаллуси «Каломӣ» шеър менавишт, гули сияҳгӯш дар даст солор аз ҷой хест:
Наврӯз расиду шоду хуррам гаштем,
Аз рафтани барф ҷумла беғам гаштем.
Дидему чашидем басо шодию ғам,
Охир ба гули баҳор ҳамдам гаштем.
Айёми Наврӯз ассалом!
Фасли дилафрӯз ассалом!!
Гули баҳман, ки дар даст дорем, рамзи баҳор аст. Имрӯз ҳар як гиёҳ бо як калом аз хок сар мекашад ва гули баҳор ба чашму дилу кошонаҳо зеботарин ва поктарин дуруд меорад:
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
Наврӯзатон фирӯз бод!!
Мири ханда шоҳбайти наврӯзиро бо лаҳни мутантан такрор карду пеши меҳмони асосӣ омад:
Чӣ хуш ки ҳокими ҳумоюнбахт ва карумултахти Хуҷанд Маҳмуд ибни Иброҳими Қарохонӣ бо ҳузури мубораки хеш базми моро шукӯҳу шаҳомати сутург бахшиданд. Ҷаноби волоҳазрат ва азимушшаън ният доранд, бо шеваи хуҷандӣ мову шуморо муборакбод гӯянд. Марҳабо, ҷаноби олиқадр!
Ҳокими пурсалобат аз ҷой нимхез шуда, бо лаҳни шикастаи тоҷикӣ гуфт:
Имрӯз ман яке аз шумоҳон. Бо деҳқонҳо гирди як хон нишаста, ҳалвои суманак мехӯрам. Чунки деҳқон дӯсти мову шумост. Шодии деҳқон шодии мову шумост. То олам бошад, деҳқон бошад. Ҳар рӯзи мо ҳамин хел Наврӯз бошад! Баҳори нав мӯрак шавад!
Мири наврӯзӣ бо чеҳраи пурханда ҳар ду дасташро аз китф саҳле боло бардошта, мисли бодфиррак давр занонду идгоҳ ба хурӯш омад. Олиҳаи Наврӯз савори аспи сафед ва ороста бо пироҳани сап-сафеди оҳарӣ дар базмгоҳ ба гардиш шурӯъ карду аз нигоҳи сеҳрофаринаш ба чор тараф гул мерехт. Беҳтарин овозхонҳо бо навои синахурӯши мутрибони чирадаст булбулхонӣ мекарданду раққосаҳои товусхиром бо ҷилваи мавзуни қаду қомати расо дилу дидаҳоро мафтун месохтанд. Аз ҷониби Сайҳун боди гуворо вазида, ба варзишгарони вазнбардор ва паҳлавонҳои нерӯманд мадори тоза мебахшиду лаклаки кӯдакони сершавқунро торафт баланд мебардошт. Дорбозон маҳорати олӣ нишон медоданду духтарони ҳинобадаст ва гултоҷ дар сар арғунчак мерафтанд. Ҷавонмардон аз болои оташи баланди гулхани наврӯзӣ чусту чолок парида, гуноҳ месӯзонданду наврасон машғули хурӯсчангу тухмбозӣ буданд. Шоирон дар ҳар кунҷу канор шеър мехонданду Зиёуддини Хуҷандӣ ахтари рахшони муошираи наврӯзӣ буд:
Боғ шуда ҷаннати анбарнасим,
Кӯҳ шуда тахти зумураднигор.
Боди баҳорӣ зи сиришки саҳоб
Шуст зи рухсораи бустон ғубор.
Булбули хушбӯй зи атрофи боғ,
Гуфта басе таҳнияти навбаҳор
Мекунад аз рӯйи ҳаво чашми абр
Дурру гуҳар бар сари олам нисор
Коргардони асосии маъракаи бузург Наврӯзшоҳ лаҳзае қарору ором надошт. Бо сару рӯйи арақшор аз як раста ба растаи дигар, аз сари хони як маҳалла ба маҳаллаи дигар, аз давраи як мусобиқа ба давраи дигар беист хар медавонду ба ғолибон тӯҳфаи идона месупурд, мағлубҳоро бо сухани ширин дилбардорӣ мекард. Беинтизомҳоро ба тартиб меоварду танбалонро ба ҳаракат меандохт. Бо мардум ҳазлу шӯхӣ меорост, савол медоду ҷавоб мешунид ва агар посух маъқул ояд, аз хӯрҷин ҳадя мебаровард.
Нигинаву амакдухтаронаш низ сабру қарор надоштанд. Бо одати дерина дастобадаст аз як гӯшаи идгоҳ ба дигараш рафта, ҳама чизро дидан ва ҳар чӣ бештар лаззат бардоштан мехостанд. Дар яке аз гардишҳо Мири Наврӯзӣ онҳоро нигоҳ дошт. Ришу фаши паҳну дароз ва мӯйлаби печонашро силаю ҳамвор карда, аммо ниқоб аз чашм нагирифта, баланд нидо баровард:
Эй духтарҳои зебо, ба ҳар сеятон як савол дорам. Касе аввалин шуда, дуруст ҷавоб гадонад, мукофот мегирад.
Чанд ҳангоматалаб дарҳол онҳоро гирд гирифта, имкони гурез надоданд.
Гӯш кунед, духтарако: паррандае, ки ду пой дораду даст надорад, лекин мисли подшоҳ тоҷ дорад, чӣ ном дорад?
Назокату Назорат ҳаросон Нигинаро нигаристанд. Вай заррае худро гум накарда, кӯтоҳу баланд ҷавоб гардонд:
Хурӯс
Офарин, зебояки бобо! Наврӯзшоҳ зуд аз хӯрҷин се қанди хурӯсак баровард ва ба дасти Нигина дод: Ин мукофот барои ҳозирҷавобият. Тавонӣ ҳар сеяшро худат хӯр, натавонӣ ҳар сеятон яктоӣ хӯред ва шодӣ кунед.
Аз Наврӯзшоҳ мукофот гирифтани Нигинаро шунида, Гулсимо мисли дигарон вайро табрик карду оҳиста пурсид:
Камарбанди гулдӯзии модарат ҳадя фиристода куҷост?
Дар халтаам. Ана
Ба акоям набахшидӣ?
Пагоҳӣ боз мековам, лекин Мирмаликро намеёбам. Намедонам, дар куҷо бошад
Аз дасташ тӯҳфа гирифтию нашинохтӣ?!
Ту чиҳо мегӯйӣ? Кай тӯҳфа гирифтам??
Ҳозиракак. Ана, дар дастат
Оъ.. ин мукофоти Мири Наврӯз
Гулсимо базавқ хандид:
Офарин, духтари ҳозирҷавоб! Наход нашинохта бошӣ, ки акои ман ба ту хурӯсқанд бахшид?!
Гунаи Нигина мисли хурӯсқанд арғувонӣ шуд. Лек худро дарҳол ба даст гирифту тӯҳфаи модар аз халта берун овард ва болу пар бароварда, ба суроғи Мири Наврӯзи бузург Мирмалики Хуҷандӣ парид
Равзанаи чорум. Таснифи саёҳати Сияҳкӯл ва хобу хаёли шоҳини паршикаста
Бо камарбанди наврӯзии аз номи Бимастура ҳадяшуда миёнро маҳкам баста, Мирмалик ҳамроҳи Сабзалӣ ба Ворух омад барои аёдати тағо ва ҳам фотиҳагирӣ. Пас аз ҳолҷӯйӣ ва дидорбинӣ гуфт, ки дар аспрези Исфара мусобиқаи чобуксаворон ва камонварон баргузор мешаваду барвақттар омадаанд, то ба тағйири боду ҳаво мутобиқ шаванд ва аспҳо бемалол кӯфти роҳ бароранд.
Расо дар вақташ омадед, изҳори хушнудӣ кард Шайх Бурҳониддин. Мо азми сафари Сияҳкӯл доштем. Ҳозир Абдулсайиду Абдулмаҷид меоянд, шумо болои кат нишаста, як пиёлагӣ чой нӯшида истед
Кадхудову деҳхудо куҷо?
Аҳмадсайид машғули тиҷорат, ба Марғинону Намангон рафтагӣ. Иброҳимхоҷа андаке нотоб, тафташ баланд
Вайро ба ҳолаш гузошта, Сияҳкӯл меравем?
Деҳхудо нигаҳбони бисёр дораду ин кӯлро ҳазор бор дида, ҳавсалааш пир шудагӣ. Чор нафар будему шаш тан шудем.
Шашумаш кӣ?
Неъмат, писари Аҳмади оҳангар.
Саломатиш созай? ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Сабзалӣ.
Ҷавони фарохбол шудааст, алмудом маро ғамхорӣ ва дастёрӣ мекунад. Ҳолӣ ҳамроҳи Нигина ва Очанурӣ роҳтӯша баста истодаанд.
Дарвоқеъ, Нигинаи ҳозирҷавоб чӣ ҳол дорад? пурсид Мирмалик.
Рости гап, се рӯз шуд, ки надидаам. Кабутари мастура шудагӣ вай, тамоми рӯз дар пеши Очанурӣ мешинад. Сабақ меомӯзад ва танбур менавозад. Гоҳ-гоҳ суруд ҳам мехонад. Китоби ту овардагиро ҳарф ба ҳарф азёд кардагӣ.
Барояш боз як китоб овардаму атриёт
Чӣ хел атриёт?!
Хушбӯйтарин атри олам. «Мушки Хуҷанд». Аз беҳтарин гулҳои парвардааш хоҳаракам Гулсимо бо маслиҳати модар тайёр када, тӯҳфа фиристод. Ваю Саодату Нигина дугонаи қиёматӣ шудагӣ. Саодат китоб дод Лекин Кабутари мастура гуфтеду ҳайрон шудам Тӯҳфаҳоро чӣ хел супорам, тағо?
Падараш ояд, ба ӯ медиҳӣ. Нигина акнун ба ҳар кас чеҳра наменамояд.
Эй бобо, Нигинара мо дигар аҳ намебинем?!
Худо медонад. Дар Ворух ҳама тақводор, ба қоидаю қонуни духтардорӣ сахт риоят мекунанд. Ана, падараш меояд, ҳар саволе доред, аз ӯ пурсед
Ҷавонон дарҳол аз ҷой хестанду Абдулсайид бо Мирмалик дӯстона, аммо бо Сабзалӣ ҳамчу ошно мулоқот кард. Абдулмаҷид бошад, ҳар дуро ба як чашм нигаристу чун шиносҳои дерин даст ба дасту китф ба китф расонд ва шоирона нидо кард:
Меҳри ёрони қадимӣ дар дили ман алмудом,
Меҳмон аз баҳри мо беҳтар зи ҷон аст Ассалом!
Дарвозаи ҳавлии андарунӣ ғичиррас овоз бароварда, кушода шуду Неъмат хурҷини пурбор сари китф дар ғуломгардиш намудор гардид. Нигоҳи Мирмалик аз паси ӯ ба дарвозаи нимроғ лағжид. Он ҷо суроби духтаракеро дида, тӯҳфаи дугонаҳо ёдаш расид ва бо овози баланд аз Абдулсайид пурсид:
Амак, хоҳарам Гулсимою дугонааш Саодат аз Хуҷанд барои Нигина китобу алачизе тӯҳфа фиристодагӣ. Ба шумо диҳам ё ба Неъмат?
Мардон ба лабкушоӣ фурсат наёфта, овози ширини Нигина гӯшнавоз садо дод:
Акоҷон, ба амонат хиёнат накарда, ба дасти соҳибаш супоред.
Ҷасорати Нигина на густохӣ, балки ҳозирҷавобии навбатӣ пазируфта шуд ва бо ишораи Шайх Бурҳониддин ҷияни чашминтизораш масофаи байни кату дарвозаро як қадам карда, тӯҳфаҳоро ба кабутари мастура дастрас намуд.
Ҳазор раҳмат, акоҷон! нимовоз гуфт духтараки пардапӯш. Ин дафъа биёед, дугонаҳоямро ҳамроҳ биёред.
Мирмалик кӯтоҳакак «хуб» гуфту бо чеҳраи арақшор қафо баргашт ва чашм аз нигоҳи тағо гурезонда, ба Абдулмаҷид нигарист:
Аспсавор меравем ё пиёда?
Пиёда серӯза роҳ, ҷавобро мухтасар кард Шайх Бурҳониддин. Аспҳоро бароред!
Баъде ки деҳистон дар қафо монду кӯҳистон сар шуд, Абдулмаҷид қуфли хомӯширо шикаст.
Вақте бори аввал шуморо дидам, дудодарон гумон карда будам. Лекин аз лафзи Сабзалӣ фаҳмидам, ки хуҷандӣ нею бегона аст
Чизе гуфтосед? Сабзалӣ ҳаргиз бегона нест! хитоб кард Мирмалик. Вай додархонди ман!
Рост мегӯяд Мирмалик. Ӯ ҳам мара ай додари ҷонӣ беҳтарай!
Хуб кардед, ки бо ҳам бародар шудед.
Бечора касе, ки бе бародар бошад,
Дар рӯйи замин чу мурғи бепар бошад.
Мо, ворухиҳо, дӯсти ҷонӣ, ҳамсояю рафиқи наздики худро «додар» мегӯем. Лекин ҳар дуи шумо, ки қаблан ҳамсоя набудед, чӣ хел ҳамдигарро ёфтед ва бародар шудед?
Аз оҳанги пурсиши Абдулмаҷид додархондҳо фаҳмиданд, ки вай то ҷавоби шофӣ нашунавад, ором намегирад. Бо меҳр ба чеҳри якдигар нигариста, ба посух пардохтанд. Бо навбат сухан ронда ва гуфтори ҳамдигарро пурра гардонда, ҳам роҳрову ҳам рӯзро кӯтоҳ карданд. Шоири кунҷков ҷавоби бародаронро бо рағбати том шунида, достони ибратомӯзро барои ба риштаи назм кашидан фасл ба фасл матраҳ намуд.
Мирмалик то понздаҳсолагӣ бештари вақти худро дар Кулангир мегузаронд, ки яке аз мавзеъҳои ободу хуррами беруни шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб рафта, ҷойи тобистоннишин ва боғу роғи меросии оли Мирабдулло буд. Ҳанӯз дар аҳди Исмоили Сомонӣ ба ивази хизмати содиқона як қитъа замини обӣ ба домоди дӯстдоштаи амир ҳамчун иқтоъ инъом гардида, баъди узви сулола ва амалдор шудан фарохӯри мақому мартабааш ҳудуди мулки ӯ даҳ карат афзуд ва барои ба мерос гузоштан ҳуқуқи комил пайдо кард. Аз дудмони аҷдодӣ маҳаллаи Мирзоён, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд ҷойгир буд, то мулки меросӣ пайроҳаи миёнбуре вуҷуд дошт дарозиаш ду санг зиёдтар. Агар ин масофаро ба ченаки борҳо санҷидаи Мирмалик гардонем, аз ҳавлӣ то боғ расо биступанҷ ҳазору понсад қадам, яъне ҳабдаҳ чақрим роҳ буду вай ҳар рӯз бо рағбати том ба боғ рафта, бозгашт ба шаҳр меомад.
Кулангирро Мирмалик беҳтарин деҳаи олам меҳисобид. Зеро маҳз дар ин макони таборак вай бори нахуст ба дидори рӯйи гарми падараш Мирраҳмат мушарраф гардид. Он вақт хеле кӯчак буду нав ба панҷсолагӣ қадам гузошта, аммо то ҳол падари хешро надидаву намешинохт. Ҳол он ки ҳамроҳ дар як ҳавлӣ мезистанду модараш ҳар замон либоси нав, қанду мева ё бозичаеро ба дасташ дода, «дадоҷонат оварданд» мегуфт. Ва Мирмалик дарҳол мепурсид, ки «дадоҷонам канӣ?» Модар механдиду «он кас Кулангир рафтагӣ» мегуфт ва аз рӯяш мебӯсид.
Албатта, он вақт Мирмалик намедонист, ки тибқи таомули сулолавӣ писаракро то синни чорсолагӣ модар тарбият мекунаду ба падараш нишон намедиҳанд. Вай ин урфу одатро намедонист, аммо ташнаю гуруснаи дидори падар гоҳ-гоҳ пинҳону ошкоро мегирист. Оқибати гиряҳо ханда шуду рӯзе модар як тахт либосҳои навро пешаш гузошта, бо лабханд гуфт:
Дадоҷонат тӯҳфа оварданд.
Худашон оварданд?
Ҳа.
Канӣ дадоҷонам?!