Равзанаи панҷум. Ишроқе
6
дар Моҳпарӣ оғозбахши достони нерубахши зиндагӣ
Аспрези Исфара майдони махсуси аспдавонӣ, ки тарафи рости роҳи Шӯроб, дар дили дашти Моҳпарӣ воқеъ буд, аз дур ба молбозор шабоҳат дошт. Як тараф тамошочиён аспу уштур ва маркабҳои савории хешро ба дарахтони лаби ҷӯйи беоб баста буданду тарафи дигар ҷавонмардони асптозу камонвар иштирокчиёни мусобиқаи имрӯза самандҳои хелмахели худро хорумолу парҳамелӣ мекарданд, яъне қанду ҷави андак аз кафи даст медоданд. Дар мобайн бошад, даҳ шутури бухтӣ ва барраи бахта гӯсфандони се-чорсолаи фарбеҳ ва ахтанашуда, ки ба ғолибони сабқат ҳадя мешуд, ба назар мерасид.
Абдулсайид кафи дасташро соябон карда, ба дуртар нигарист ва дид, ки тамошобинон аллакай хеле зиёданду дар талу теппаҳои атроф ва ҷойҳои ҳамвор намаду бурё ва чодару ҷомаҳоро бенизом густурда, гурӯҳ-гурӯх давра нишаста, обу нон бо мағзу мавиз таматтӯъ мекарданду перомуни имрӯза зӯрозмоӣ фикру андешаю тахмину фарзияҳои пешакии худро иброз медоштанд ва хунгармҳо бо якдигар шарту байъ мекарданд. Шаҳриён дар теппаи баланд маскан гирифта буданду сокинони деҳоти атроф поёнтари онҳо, аммо мухлисони аз дур омада хуҷандиён, фарғонагиҳо, масчоҳиён, кандиҳо, истравшаниҳо мувофиқи имкон ва муносиби ҳоли худ ҳар ҷо ҳар ҷо нишаста, нисбатан камгапу камҳаракат буданд.
Дар аспрези бузург ягон зан ё духтар наменамуд. Аз ин ҳол Абдулсайид, ки нозпарвараш Нигина ва ҷиянҳояш Назокату Назоратро барои тамошо оварда буд, димоғсӯхта шуд. Сархам назди аробаи болопӯшида рафт, то бо маслиҳат тадбире ёбад. Ҳарчанд хуб медонист, ки димоғи сӯхтаашро ягон илоҷ нест ва дар корзори мардони мард зани зайиф ҳатто бо зорӣ роҳ намеёбад.
Моҳиятан нозук будани масъаларо фаҳмида, духтарон лаҳзае хаёломез хомӯш истоданд. Аввалин шуда Назокат таркид:
Илло-билло, ки то пойгаи аспдавония набинам, ҳеҷ куҷо намеравам! Агар додои худам мебуданд, албатта ягон илоҷ меёфтанд.
Гапи сахттаъсирро Абдулсайид бе ранҷиш шуниду бо табассум Нигинаро нигарист. Вай пардаи шаффофи қафои аробаро саҳл боло бардошта, теппаи мобайниро холӣ диду бо хушнудӣ нидо кард:
Ана он теппа беҳтарин ҷойи тамошо! Ба ҳеҷ кас халал намерасонему ҳеҷ кас ба мо халал намерасонад.
Рост мегӯйӣ, духтарҷон, ҷойи хуб аст, вале барои мо дастнорас аст! Ҳокимону бузургон он ҷо мешинанд. Намебинӣ, ки айвони зебое сохта, бо фаршу қолинҳо оростаанд.
Барои ҳамин хоб-холӣ асту ҳеҷ кас ба ин баландӣ наздик намешавад, худро доно тарошид Назорат. Нигоҳ кунед, одамҳо мӯру малах барин меоянд, лекин ҳеҷ кас ба он теппа майл намекунад.
Агар ин теппа нашавад, дигараш ҳаст-ку! Рафтем ба пеши ворухиҳо! Ҷойи нишасти онҳо боби тамошо!
Намешавад! қатъӣ нидо кард Абдулсайид. Агар он ҷо равем, ҳамқишлоқиҳо ба ҷойи аспи тозӣ шуморо тамошо мекунанд. Хубаш, ҳар сеятонро ҳавлии Усто Мулло бараму бехалал дам гиред
Мо барои дамгирӣ ба Исфара наомадаем, амакҷун. Илло-билло, ки
Дамата гир, Назок! андаке барошуфт хоҳари калонӣ. Ба умеди тамошо, ки омадаем, ноумед намеравем. Оё намешавад, ки дар ҳамин ҷо истода, аз ароба нафуромада, мусобиқаро бинем
Фикри маъқул, пушти гардан хорид Абдулсайид. Лекин оё нафастанг намешавед?
Тоқат мекунем, додо. Дидем, ки нашуд бе малоли хотир ба ҳавлии бобои Усто Мулло меравем.
Дигарон низ ба ин фикр розӣ шуданду Абдулсайид аробаро каме болотар ронда, пасу пеши чодири болопӯшро ҳавогузар намуд. Аз куҷое Абдулмаҷид пайдо шуду Назокат аз шодӣ қанотак зад:
Хайрият ки омадед, акои Абдумаҷид. Се рӯз боз калаам гаранг, ки Моҳпарӣ худаш кӣ?
Моҳпарӣ духтари подшоҳи Чин. Як доя дорад, аҷаб буду бало, ҷодугари зӯр! Номаш Шарвона. Вай падари Моҳпарӣ, яъне фахфури Чинро дӯст медораду мехоҳад, ки аз хати кашидааш берун наравад. Агар подшоҳ хашм гирад, духтар аз пеши чашми ӯ бубарад ва ба ин дашт биёрад. агар подшоҳ меҳрубонию музоот кунад, Моҳпариро дар як зум бозгашт ба Чин мерасонад.
Вой падарлаънате! Ҳозир ин Моҳи паридор куҷо бошад?
Инашро ҳеҷ кас намедонад. Ба саволат, ки ҷавоб гирифтӣ, нафас ях! Бодиққат ба дашт нигар, шояд Моҳпарӣ ба назарат намояд! шоир бо чеҳраи хандон паҳлуи Абдулсайид болои шолчаи нимдошт бароҳат нишаста, ба ҷойи ҷамъшавии довталабон нигарист, то муайян кунад, ки Мирмалику Сабзалӣ омадаанд ё не?
Дар лангаргоҳ аллакай даҳҳо ҷавонони бахтозмой ҷамъ шуда буданд ва, албатта, ба зӯри бозуи хеш ва чусту чолокии оташнаълҳояшон бовар доштанд. Вале азбаски маъруфу машҳур набуданд, тамошогарон ба онҳо он қадар рағбат зоҳир намекарданд ва гӯшбақимору чашминтизор меистоданд, ки аз човандозҳои номӣ кӣ меомада бошад
Интизорӣ тӯл накашид ва савори аспи сафедмушкин ҷавонмарди қавиҳайкале дар иҳотаи панҷ гурди муҳофиз намудор шуд. «Афзали Беварасп омад!» ин ҷумла барқвор дар ақсои аспрез паҳн гардида, то гӯши духтарон расид ва ҳар се аз ҷой нимхез шуда, кунҷковона ҷониби чобуксавор нигаристанд. Човандози номӣ, ки чунин истиқболро интизор буд, дастонашро боло бардоштаю дар ҳаво алвонҷ дода ва панҷаҳои баҳодуронаро бо ҳам занҷир андохта, гӯё бо кулли ҳаводоронаш дастфишорӣ намуд.
Ин бодичаи беваасп кӣ? лабу даҳонашро бо аломати таҳқир ғунча карда, саволомез ба амакаш чашм дӯхт Назокат.
Беваасп не, Беварасп! ӯро ислоҳ намуд Абдулсайид. Номаш Афзал, зодгоҳаш Хистеварз. Беварасп лақаби падараш, ки мисли додою бобояш асппарварию харҷаллобӣ мекард. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки даҳ ҳазор зиёдтар асп дошту аз ин боис Беварасп лақаб гирифт.
Бевааспи ту солдармиён ғолиби мусобиқаи наврӯзӣ мешавад, илова намуд Абдулмаҷид. Имсол яке аз довталабҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Минбаъд ин нинакало мукофота дар хоби шабаш мебинад. Ҷое, ки Мирмалик ҳаст, дигар ғолиб нест!
Шакар ба забонат, амакдухтар! Нигина хам шуда, аз рухсораи Назокат бӯсид. Боз киҳо довталаб бошанд?
Довталабҳои асосӣ акнун меоянд, духтарҷон. Дигар мухлисҳо мисли мо интизоранд. Онҳо
Гапи Абдулсайид нимгуфта монду овози мунодӣ баланд садо дод:
Абдуллои Роғӣ ва Амини Фалғарӣ омаданд!
Мухлисони сершумор аз ҳар канор чобукрикобҳои зарафшониро, ки зеби ҳар маърака буданду бе фиребу найранг, аммо бо кӯшиши аҳлона ва ғайрати мардона барои ғолибият то лаҳзаи охирин мекӯшиданд, бо нидои шодӣ пешвоз гирифтанд. Ҳасани Хуҷандӣ ва Заҳири Истаравшанӣ ҳам хуб пазируфта шуданд. Аммо ба аспрез ворид шудани Мирмалику Сабзалиро аксарият нодида гирифтанд ва ғайр аз даҳ-понздаҳ тамошобини хуҷандӣ аз маҳаллаи Мирзоён ва ҳафт-ҳашт ворухӣ муридони Шайх Бурҳониддини Валӣ ягон нафари дигар садо набаровард.
Табиист, ки чунин пазироӣ ғаши духтаронро оварду Назокати арразабон бо истеҳзо гуфт:
Мухлис нашуда муретун! Шаҳсавор аз харсавор фарқ карда наметунанду ҳуштак кашида, беҳуда ғавғою мағал мекунанд
Нигина бо аломати тасдиқ сар ҷунбонда, хост ҷумлаи обдоре илова кунад, вале мухлисон ба вай имкон надоданд. Баробари пайдо шудани ду ҷавони яктаҳи сафедпӯш, ки дар сар тоқии чоргула ва пешонабанди сабз доштанд, мавҷи азиме аз ҳар ҷониб ба хурӯш омаду аз нисф зиёди тамошобинҳо сари по хестанд.
Ҳамшаҳриҳои худамон, гуфт Абдулмаҷид ва давоми ҷумларо мунодӣ ба забон овард: Дугоникҳо Ҳасан ва Ҳусайни Исфарангӣ!
Ғулғули мардум аз аввала бештар гашту дугоникҳои чеҳрахандони ҳамқаду баст аз самандҳои якхелаи ҷигарранг баробар ба замин ҷаҳида ва даст ба сандуқи сина ниҳода, баробар сари таъзим фуруд оварданд. Аз ин амали озодамардҳо ҳам эҳтироми муштариён ва ҳам таваҷҷӯҳи ҳамагон дучанд гашт.
Мунодӣ ба аспрез ворид шудани Нӯъмон ибни Амири Кандиро ботантана эълон карда, илова намуд, ки ҳафт пушташ судур асту паҳлавон ва Бачашер лақаб дошта, се карат зафарманди озмуни пештозӣ шудааст. Муштариён ӯро бо хушҳолии оммавӣ пазироӣ карданд, аммо Назокат боз бо лаби каҷ эрод гирифт:
Аспаша бинед, аз хари мо хурду аз гурбаи ҳамсоя лоғар!
Ҳақиқатан ҳам аспи зарди хурдҷуссаи чашму сараш майда ва думкӯтоҳи Бачашер назарногир менамуд. Вале кам касон медонистанд, ки гардани тахтаю сермушак, бинии васеъ ва пойҳои чандири саманд нишонаи беҳтарини зоти аспи саворӣ ва шикорӣ аст. Абдулмаҷид, ки инро медонист, ба духтарон фаҳмонд:
Аспи Бачашер шербача аст! Ҳар касе бо чунин чоргома ҳамсафар бошад, бар сари ӯ бахту толеъ нуру зиё мепошад.
Ин хелак не! якравона хитоб кард Назокат. Аспи Мирмалик аз ҳама беҳтар! Вай аз ҳама баландахтар!
Духтарон хандиданд ва фаҳмиданд, ки Назокат бо тамоми вуҷуд ҳаводори Мирмалик асту ё аз нодонӣ, ё аз доноӣ ҳиссиёти худро пинҳон дошта наметавонад. Дигарон низ тарафдор ва иштиёқманди ғалабаи ин ҷавонмарди ситорагарму меҳрубон буданд, вале ҳавопарастӣ накарда, мекӯшиданд, ки пеш аз пода чанг набардоранд. Нигина, ки аз дасти кушоди ин ҷавони нозанин аллакай се дастовези дилнишин гирифта буд, дар аспрези бузург фақат ӯро медиду ҳар ҳаракаташро бо дидаи пурмеҳр менигарист ва дуои неки Шайх Бурҳониддини Валиро ҳангоми гусел аз Ворух зери лабҳои хомӯш гаштаю баргашта такрор мекард: «Туро, ҷиянам, дар аспрези Исфара бахти фирӯз дастёр, арвоҳи қудсӣ дасткор, ситораи само пешкор ва Худои меҳрубон мададгор бод!»
Оре, Нигина аз мағзи дилу ҷон роғиб ва хайрхоҳи Мирмалик буду ин пагоҳ баробари ба аспрез даромадани ӯ ҷабини мубинаш дурахшон ва гули рӯяш арғувон гашту аз шодию ҳаяҷон дасту по гум карда, нафас дар гулӯяш печид. Вале дарҳол изтироби дилро фурӯ нишонда, рози хеш сарбаста дошт. Зеро хуб медонист, ки ҷуз нигоҳи гарму ихлоси самимӣ ва дастафшонӣ ӯро дигар дастовез нест.
Нигинаи саргарм аз андеша беихтиёр хуршедро нигарист, ки аллакай як қади найза баланд баромада, саховатмандона нур мепошид ва насими саҳариро ба гармбод табдил медод. Баробари боди дайду нидои мухтасари «Омад!» аз талу теппаҳо гузашта, то ароба расид. Духтарон гумон карданд, ки ҳокими Исфара бо аҳли рикобаш омад. Вале ба аспрез як савори бадвоҳима даромад, ки чакману кӯлоҳ аз намади сиёҳ пӯшида буду болои ҷирани гардандарозу шонапаҳне бовиқор нишаста, дуздвор ба ҳар тараф менигарист ва беист гоҳ ба чапу гоҳ ба рост оби даҳан туф мекард. Ӯро дидан ҳамон аз ҳар даҳон овозе шабеҳи уллоси шағол баланд шуд, ки аз нафрату бадбинии умум дарак медод.
Ин пашминапӯши бадҳайбат кӣ? пурсид Назокат, ки дар зери забон наштари бисёр дошт.
Рақиби асосии Мирмалик ана ҳамин зоти касиф! бо танаффур забон хойид Абдулмаҷид. Ин човандози асхикатӣ, номаш Аҳмад, асптози ҷасур аст, валекин мардест худраъй ва бадхулқ, дағалгуфтор ва бадрафтор. Бо андак баҳона моҷаро мебардорад. Мегӯянд, ки лақабаш Аспил аст.
Яъне, аспаш фил барин?
Не, Нигина. Асхикатиҳо дузди аспу маркабро аспил мегӯянд. Ҳамеша дар лаҳзаи охирин ба майдон медарояду бо довталаби асосӣ аҳду паймон мебандад, то бар ивази маблағи муайян барои ғалабаи ӯ хирсона хизмат кунад.
Вай аз куҷо медонад, ки довталаб кист?
Ман аз куҷо донам?! Шояд дафтари ҳисоб дошта бошад
Аҳмади Асхикатӣ пурсупоси духтару падарро шунид магар, ки ба нидоҳои таҳқиромез эътиборе надода, бепарво аз асп андаромаду онро ба ҳоли худаш гузоштаву тозиёна ба паси гардан хаста, рост пеши Афзали Беварасп омад ва барои мулоқот даст дароз кард. Вале онҳо ба гуфтушунид фурсат наёфта, овози марғуладори амири мусобиқа омирона садо дод:
Ба аспҳо савор шавед! Дар ду тарафи даромадгоҳ рӯ ба ҳамдигар саф кашед! Меҳмони олиро сазовор истиқбол гиред!
Садои карнай ва нақораҳо баланд шуд. Кулли тамошогарон нӯки по истода, тарафи дарвозаи рамзӣ нигаристанд ва баробари ворид шудани аробаи ҳокими Исфара, ки онро уштури сафеди бо алвон ороёфта пеш мекашид, каф ба ҳам кӯфта, бо лаҳҷаю шеваҳои гуногун, берабту низом, вале бо ихлосу самимият изҳори шодию хурсандӣ мекарданд.
Ҳокими болобаланд ва кушодчеҳра ҷамоати муштоқонро маътал накарда, пас аз муқаддимаи мухтасари табрикотӣ зуд ба сари мақсад омад ва таъкид намуд, ки дар сабқати имрӯза беҳтарин ва чобуктарин асптозон ҳаққу ҳалол ҷаҳду талош карда, бо ҳунармандӣ ва нерӯи ҷавонмардӣ вориси арзандаи Рустами Достон будани худро нишон медиҳанд.
Сабқати имрӯза озмуни муқаррарии урфӣ не, балки имтиҳони махсуси ҷавонмардӣ асту маҳз бо маслиҳати Пири равшанзамир ва борикназари тариқати мо Ҳазрати Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ баргузор мешавад. Бо таъбири эшон дӯстон гоҳи зарурат озмун мекунанд ва зӯри худро дар айёми саломат бо мусобиқаи бародарона месанҷанд, то дар рӯзи сахтию мусибат фарёдрас ва мададгори ҳамдигар бошанд.
Ишораи Пирам ба «рӯзи сахтию мусибат» беасос нест. Ҳамаамон хуб медонем, ки замона нотинҷ асту аз ҷониби Хоразм ба диёри мо боди мухолиф мевазад ва ба тӯфон табдил ёфтани он аз эҳтимол дур нест. Агар сухан бепарда гӯем, подшоҳи Хоразм Султон Муҳаммади сонӣ баъди дувоздаҳ соли ҳукмронӣ даъвои ҷаҳонситонӣ дорад. Вай ғуриёнро шикаст дода, Хуросонро пурра ба даст оварда, атобакони форсу диловарони Ироқро мутеъ гардонда, Ҳироту Ғазнинро ба худ тобеъ намуда, Самарқанду Бухорою Ҷандро ба коми оташ кашида, акнун ба диёри азизи мо чашми тамаъ дӯхтаасту Хуҷанду Фарғонаю Исфараю Истаравшану дигар маҳалҳои Суғдзаминро зери тасарруфи худ даровардан мехоҳад.
Аз ҷониби шимол низ боди сард хабарҳои хунук меорад. Барои ташкил кардани давлати бузург ва ягонаи муғул камар бастани Темучин ном пачақбинӣ бо лақаби Чингизхон хеле ташвишангез аст. Ин марди абедониш ва кофири мутлақ лашкаркаши маккору золиму бераҳм асту мегӯянд, ки бар рағми хоразмшоҳиён дандон тез кардааст. Агар ин ду подшоҳ ба ҳам ситезанд, дунё ба харобазор табдил меёбад.
Пири равшанзамири мо, ки оқибати ин фоҷиаро медонанд, таъмини бехатарии марзу бумро муҳимтарин масъалаи доғи рӯз меҳисобанд. Эшон маслиҳат доданд, ки дар сабқати имрӯза ҳар саворе агар хоҳад ва тавонад, беистихора асп тозонад, бехато тир андохтану чустию чолокӣ ва родмардӣ омӯзад, то ба дифои зодбум хештанро омода созад.
Бо ҳидояти Пири Бузургвор мо барои ғолибон илова бар шутуру гӯсфандҳои парворӣ боз ду тӯҳфаи олишон овардаем. Шаҳсавори чобуктарин ва камонвари беҳтарин ғолиби мутлақи сабқати имрӯза, ки бо қуввату муборизаи шерона ҳамаро тасхир мекунад, ду анори мумтоз мукофот мегирад. Яке анори Зумуррад, ки аз лаълу фурӯзаю лоҷуварди Лаккони Исфара сохта шуда, ба қадри хироҷи яксолаи шаҳри мо арзиш дорад. Нори дуюм анори Ёсин аст аз боғи Унҷӣ, ки Ҳазрати Бадеуддини Нурӣ дар давоми чил рӯз ба ҳар донаи он қудрати чил сураи Ёсин аз дили Қуръони шариф ҷойгузин кардаанд ва ҳар касе онро хӯрад, умрбод бемор нашавад, захми тиру шамшер бар баданаш таъсир накунад.
Ҳоким ду анори мунаввар болои ду каф ниҳода, барои тамошои мардум баланд бардошт: яке чун хуршеди навтулӯъ дурахшон буду дигаре ба сони офтоби ғурубанда сурхи арғувонӣ.
Духтарони аробанишин монанди тамошогарони саҳронишин моту мабҳут гашта, аз ҷоизаҳои сеҳрнок чашм канда наметавонистанд, ки ҳокими баруманд дар ҷойи исташ беист давр гашта, ба ҳамагон манзури назар мекард.
Мӯйсафеди нуроние, ки дар сар дастори мӯҳташам ва дар бар қабои сабзранг дошт, аз айвони садрнишин ба паҳлӯи ҳоким фуромад ва даст ба дуо бардошт:
Эй халоиқ! Ба номи Парвардигори бахшояндаи меҳрубон дуо мекунем, ки ҳар довталаби асилро нусрат надиму бахт рафиқ, дил беғаму раъият ҳамдам, фирӯзӣ ёру Худо мададгор бошад.
Омин ё Раббулъоламин!
Ҳама баробар даст ба рӯй кашиданд ва сабқат расман оғоз ёфт.
Духтарон низ баробари дигарон омин карданду бо як овоз «Илоҳо, Мирмалик ғолиб барояд!» гуфтанд. Назорат иловатан пурсид: