Нигина ва Мирмалик - Эгамзод Додохони 16 стр.


Ба чунин осонӣ ҳал гардидани муаммо ва хориҷ шудани як муддаӣ дили Нигинаро ором намуд. Лекин забонаш лол гашт. Зеро медонист, ки гуфтугӯйи асосӣ сӯҳбати рӯёрӯ ва ҳалкунанда бо падар акнун шурӯъ мешаваду барои дилрас гардидани ҳусни оғоз ва сарҷамъ намудани фикрҳои парешон андаке таваққуф мебояд. Аммо падар хомӯширо хотимаи сӯҳбат ҳисобид ва хурсанд шуд, ки ба ҳама пурсишҳо ҷавоби қаноатбахш гардонд. Бо табассуми фароз аз ҷой хест, то Нигинаро аз дар гуселонад. Вале духтар барои гуфтани сухани хайрбод имкон надод:

 Ҳамин қадар сӯҳбат кардему ғайр аз байту ғазали Назокат дигар ягон гапе нагуфтем, додоҷун. Лоақал напурсидед, ки «эй духтари ҷон, чӣ ҳол дорӣ?»

 Ҳоҷати пурсидан не, духтари ҷон! Мебинам, ки сиҳату саломат, мисли гул шукуфон ҳастӣ!

 Шумо ҳам дигар додоҳо барин: фақат рӯйи духтара мебинеду ба дилаш нигоҳ намекунед

 Дили духтар назаргоҳи модар асту вай ҳар он чӣ бинад, дарҳол ба падар хабар медиҳад. Осуда бош, эй духтарҷон, вай аллакай ба ман гуфтааст, ки баъди аз Исфара омадан ту дили парешон дорӣ. Имрӯз сабабашро фаҳмидам, ки қалби нозукатро Назокат ба изтироб андохтааст

 Боз гапи Назокат Дарвоқеъ, шумо ишора кардед, ки агар амакдухтарат пойбанд намебуд, шояд ба Хуҷанд мерафт. Поям, ки баста нест, додоҷун, оё ман ба ҷойи дилхоста сафар карда метавонам?

 Ба куҷо?

 Фарз кардем, ба Хуҷанд

 Аз кӯҳу санги Ворух ту ҳам дилхунук шудаӣ?

 Не, додоҷун, кӯҳи Ворух боиси сарбаландии ман, санги Ворух беҳтарин нозболини ман асту чангу хокаша ба чашмам тӯтиё мекунам! Лекин баъзан ба назарам чунин менамояд, ки дар Ворух намеғунҷам

 Исто, духтарҷон, гапатро гум накарда, маро гӯш дор. Ту кӯдаки ширхора будию баҳрамони гулдӯзӣ дар бар доштӣ, шӯху беқарор будию лаҳзае дар бағал ором намеистодӣ ва боре аз бетоқатӣ баланд гиристӣ. Саросема ба лаганди мис ангушт задам, то аз садояш ором гирӣ. Вале баръакс, беист дасту по ҷунбонда, мисли одами калонсол ба рақс даромадӣ. Арғушти тифлонаи туро дида, беихтиёр ба модарат гуфтам, ки «бо ин дасти чусту пойи чолок духтарамон калон шавад, дар Ворух намеғунҷад».Маълум мешавад, ки он лаҳза фариштаҳои даргузар омин кардаанду он суханро имрӯз ту гуфтӣ!

Аз ёддошти бамаврид Нигина ба ваҷд омада, худро беибо ба оғӯши падар андохт:

 Мана бисёри бисёр хурсанд кардед, додоҷун! Бори дигар бовар кардам, ки муҳаббати падар аҷаб ҳаловате дораду сӯҳбаташ аҷаб таровате!

Ман ҳамеша мефахраму меболам, ки аз чиллаи чормоҳагӣ то имрӯз чароғи меҳру муҳаббати шумо дар тори сарам офтоби тобон аст. Бароям дафча сохтану чангу рубоб овардан ғояти дӯсткорию дӯстдориҳои шумост, эй падари меҳрубон! То ҷаҳон бошад, офтоби болои сарам бошед, додоҷун!

 Саломат бош, духтарҷон! Акнун равшантар бигӯ, чаро дар Ворух намеғунҷӣ?

 Ҳама сабақҳои мактабхоная пурраю барзиёд азхуд кардам. Ҳама дониши Очанурӣ дар мағзи сарам ҷо гирифтагӣ. Акнун барои давом додани таҳсил ба Хуҷанд рафтанӣ. Дар ин шаҳри бузург бар ҳар қадаме як бибиотун сабақ меомӯзаду китобхонаи калон ҳаст

 Дуруст мегӯӣ, духтари ҷон, Хуҷанд макони илму маърифат аст. Лекин дилам гувоҳӣ медиҳад, ки сабаби аслии ба Хуҷанд рафтани ту дигар аст

 Ҳазор сухан дар таҳи дилам пинҳон аст, додоҷун. Бовар кунед, баъди ёддошти шумо дигар мӯҳр бар лаб нишаста наметавонам. Лекин намедонам, гапа аз чӣ сар кунам?

 Аввал ба ман фаҳмон, ки чаро дар Ворух намеғунҷӣ?

 Аз бозе, ки ба лавҳу хат пардохта, сиёҳ аз сафед фарқ кардиям, худама тани танҳо ҳис мекунам, додоҷун. Ҳамсабақҳо, ҳамсоядухтарҳо ҳастанд, лекин дилхоҳу дилқарин нестанд. Ҳатто амакдухтарҳоям дар кошонаи қалбам маъво надоранд. Яъне, дугона надорам, додоҷун, яккаву танҳоям Лекин ду ҳафта дар Хуҷанд будам ё не, ду хоҳархонди меҳрубон ёфтам.

 Ту чӣ гуфтанӣ? Наход духтарҳои Ворух ҳама бад бошанд?!

Дар ҷавоби саволи соядори падар Нигина як лаҳза сукут лозим шумурду бо овози ҳазин гуфт:

 Не, додоҷун, ман ҳаргиз чунин нагуфтаам ва намегӯям. Ҳама духтарҳои хубанд, айб дар ман аст. Шаб то рӯз парӣ дар хоб мебинаму фақат бо моҳу ситора сухан мегӯям. Агар ин ҳол бардавом мунад, бовар кунед, додоҷун, аз зиқӣ дилкаф мешавам.

 Худо нигаҳ дорад, духтарҷон! Чаро ин гапҳоятро барвақттар ба модар нагуфтӣ?

 Гуфтам, додо! Вале дуруст эътибор надод. «Зиқ нашав,  гуфт. Ту, ки духтари яккаву ягона ҳастӣ, ба танҳоӣ одат кардаӣ, бо дигарон унс гирифтанат душвор. Лекин ин ҳолат дер давом намекунад, калонтар шавӣ, ҳамааш нағз мешавад».

 Гапи ман мегуфтагиро пештар гуфтааст модарат. Дил фарох дору бо ҳамсолонат бо хубию хушӣ бештар нишин, духтарҷон! Панди Шайхурраис Бӯалиро ҳеҷ фаромӯш накун, ки муоширати бадро тангтарин зиндон барои инсон меҳисобад.

Аз таъкиди падар Нигинаи дилозурдаро гули рӯяш пажмурда гашту ларзон аз ҷой хест:

 Дар орзуи он ки бо ман дугонаи қарин шаванд, ҳатто бо духтаракҳои даҳсола омехтам, додоҷун! Дар ҳар маҳфилу маърака фақат барои хушҳолию хурсандӣ ҷон мекоҳонам. Табъи дили духтарҳо суруд мехунаму мерақсам ва ҳама бо шодмонӣ каф мекӯбанд. Вале вақти зиёфат манзара тамоман дигар мешаваду хурду калон бо ман намешинанду намегуянду намеханданд Дар Хуҷанд бошад, ҳини зиёфат болонишин будаму барои рақсу бозӣ мукофот ҳам гирифтам.

Дар Хуҷанд амакдухтарам Назокат аз барам ҷудо намешуд. Лекин дар Ворух мисли бегонаҳо худаша аз ман дур мекашад. Дина сабаб пурсам, гуфт, ки «ҳама дар ғайбат туя бо кароҳат «Парихон» меноманду «паридор аст аз сиришт» мегӯянду якҷоя таом хӯрдана ор медонанд». Оё ин гап рост аст, додоҷун? Ман кистам?! Наход ман Парихони дуюм шавам?!

Аз он каҷназар хафа нашав, ки каҷбаҳсу каҷандеш аст! Умуман, аксар духтарҳо бахилу нотавонбин мешаванд аз худашон хушрӯю парирӯю нозанинро чашми дидан надоранд. Аз дунболаи гап нарав ва шишадил нашав, духтарҷон, боз андак таҳаммул намо

 Не, додо, дигар таҳаммул карда наметунам! Дар чаманистони Ворух бо хору хас дигар якҷо буда наметунам. Ва намехоҳам!

 Духтарҷон

 Маро сарзаниш накунед, додоҷун! Азобу кулфати кашидаам бас Дар ҳар маҳфиле хоре ба дили ман мехалад Ранҷу азоб то кай? Дигар тоқат надорам, додоҷун!  Нигина худро дошта натавониста, аз мағзи ҷигар навҳа кашид. Абдулсайид сарҳисоби гапу корро гум карда, бо дасти навозиш сари духтарро беист сила менамуд ва барои тасаллӣ калимаю ибораи таъсирбахш меҷуст.

 Гиря накун, духтарҷон. Бас! Худатро ба даст гир. Илоҷи корро меёбем Андаруни дилат ин қадар дарду доғ будаасту ман бехабар

 Аз ин зиёдтар тоқати дарду доғ надорам, додоҷун! Ягона пушту паноҳу чорасозам шумо Сӯзи дил дигар ба кӣ мегӯям? Дар авлодамон ғайри шумо дигар табибе нест, ки дили ниммурдаи мана зинда гардунад. Ба додам расед, додоҷун!

 Гуфтам-ку, гиря накун, илоҷашро меёбем.

 Ман ба шумо бовар дорам, додоҷун!  Нигина бо остин ашки чашмонашро пок карду якбора меҳраш ба падари меҳрҷӯ ҷӯшид магар, ки сар ба китфаш гузошта, бо оҳанги савганд гуфт:  Шумо ҳам ба ман бовар кунед ваъда медиҳам, ки ҳеҷ вақт аз гилеми худ дуртар по дароз намекунам! Фақат илтиҷо дорам, додо, коре кунед, ки аз ин пас дигар ҳаргиз рӯйи худро бо оби дида нашӯям

 Дилпур бош, духтарҷон! Дилатро обу адо накун ва бархезу ба беҳрӯзӣ умеди дил қавӣ дор! Худо туро аз захми чашм ва бухлу ҳасад дар паноҳаш нигаҳ дорад, духтарҷон! Ҳар ҷое, ки бошӣ, умрат бекарону судат безиён бод!  чароғи меҳрубониро баландтар фурӯзон кард Абдулсайид.  Ба устои гулдаст фурсат деҳ, то тадбири савоб бо дили хуш андешад. Қасам ба Худо, тадбири корат ончунон созам, ки ба мақсаду таманнои дилат бегазанд расӣ ва ҳар куҷое қадам ниҳӣ, гул шукуфад

Нигина бар қавлу қасами падар мутмайин гардиду бо хотири ҷамъ хуррамдил аз устохона берун омад ва ба пеши Очанурӣ баргашт. Вай акнун аз шодӣ дар Ворух намеғунҷид


* * *


Рӯзи сеюми сафар, вақте ки аз нури офтоб олам мунаввар гашт, аробаи мӯҳташам ва муҷаҳҳази Аҳмадсайид ба дарвозаи Хуҷанд расид. Дарзамон чеҳраи Нигина кушода гашту нафаси гарм аз дили пуроташ берун оварда, Назокатро нихта намуд, то аз хоби ғафлат бедор шавад: «Хез, амакдухтар, ба Хуҷандшаҳр расидем!» Ин бигуфту саволомез ба Бибинурӣ нигарист, ки дона-дона тасбеҳ гардонда, ҳар замон ба атроф назар меафканд. Вай хитоби духтари беқароргаштаро шунидан ҳамон «Алҳамдулиллоҳ, ки сиҳату саломат ба манзил расидем» гӯён, анҷоми зикри чоштгоҳиро воҷиб донист. Назокат бошад, саросема аз халтаболишти сафарӣ сар бардошта, бо чашмони нимкоф берунро нигаристу хоболуда пурсид:

 Канӣ вай?

 Кӣ?

 Мир

Назокат дигар ҳарфе гуфта натавониста, ними калимаро бо душворӣ фурӯ бурду аз хиҷолат суп-сурх гашта, узромез ба Бибинурӣ нигарист ва ноӯҳдабароёна риштаи саволро дигар ҷониб кашид:

 Мири ароба канӣ?

Бибинурию Нигина базавқ хандиданду аробакаш низ ба онҳо ҳамроҳ шуд:

 Ман дар ҷойи худам. Чӣ хизмат?

 Аробая доред! Ман дасту рӯ мешӯям

Баъди баргаштани Назокат, ки худро дар ҳолати ногувор гузошта буд, Бибинурӣ хост, вайро аз хиҷолат барорад:

 Менамояд, ки ту ҳам мисли ман Мирмаликро пазмон шудаӣ, эй ҷони оча

 Ҳа, оча. Нигина ҳам пазмон шудагӣ

Аз луқмаи бадҳазми амакдухтар ғаши Нигина омаду хост ҷавоби обдор гардонад. Вале Бибинурӣ имкон надода, Назокатро бо ширинзабонӣ ба сӯҳбат кашид.

 Гапат ҳақ асту рост. Ҳамаамон Мирмаликро пазмон шудаем. Ин хел ҷавони диловару паҳлавону қаҳрамон маҳбуби ҳамагон аст. Ҳама вайро иззату ҳурмат мекунанд. Росташро гӯй, ҷони оча, барои Мирмалик аз Ворух ягон тӯҳфа овардӣ ё дастхолӣ омадӣ?

 Як гала тӯҳфа овардагӣ ман! Чор дастрӯймоли ҳаррангаи зеҳтиллою ду камарбанди тору пудаш заррин барояш армуғон овардаам, ки бо дасти худам гулдӯзӣ кардагӣ. Як ҷуфтӣ тоқии қаланфургулу ҷуроби дастибофи рангинкамон аз пашми бузи кӯҳӣ овардагӣ. Аз беҳтарин зардолуи Ворух хурмоӣ чор кулчахурмо сохта овардаму як халта зардолуқоқи яккагини мирсанҷилӣ. Ду чойхалта мағзбирёну тутмавиз алоҳида-алоҳида. Боз як чойхалтагӣ зирку зираю пудинаи кӯҳӣ. Боз

 Шуд, ҷони оча, ҳамин қадараш кифоя. Лекин Ин тӯҳфаҳо канӣ?! Мабодо-ку дар Ворух фаромӯш накардӣ?

Ҳамин қадар сӯхтаю пухта тӯҳфаҳои хелмахел тайёр кардаму наход фаромӯш кунам?! Ҳамааш дар аробаи дигар, очаҷон. Падарам ба ӯҳда гирифтанд, ки то Хуҷанд березу чош мерасонанд. Тӯҳфаҳои Нигина ҳам дар он ҷо.

 Нигаҳбони тӯҳфаи ман Шайхбобо

 Ту чиҳо тӯҳфа овардаӣ?

 Ман ҳам кулчахурмою мирсанҷилӣ, зирку зира ва себу биҳӣ овардаам. Лекин барои Бобокалони Бузург ва Гулсимою Саодат

 Ба Мирмалик чӣ?

 Ҳеҷ чӣ. Бо Назокат маслиҳат карда, тӯҳфаҳоро ҳисса-ҳисса тайёр намудем.

Вақти гуфтани ин суханҳо рӯйи чапи Нигина андаке сурх шуд. Зеро дурӯғи маслиҳатомезро аз рости фитнаангез авло дониста, бехи гапро пинҳон дошт

Ҳақиқати ҳол чунин буд, ки тахмин баъди даҳ рӯзи сӯҳбати рӯёрӯ падару духтар боз як гуфтугӯи маҳрамона оростанд. Ин дафъа Абдулсайид ташаббускор шуду ба Нигина дарак дод, ки масъалаи Хуҷандравӣ ҳаллу фасл шудааст:

 Охирҳои моҳ Шайхбобою очакалони хуҷандӣ рахти сафар мебанданду тую Назокат ҳамроҳи онҳо меравед. Барои таҳсил дар мадрасаи занона

 Назокат дар Хуҷанд мемонад?!

 Не, духтари ҷон! Амакбобоят, ки аз ҳама гапу кор бохабар будаанд, ҳилаи зӯр фикр кардаанд.

 Чӣ хел ҳила?

 Бовар кун, духтари ҷон, ба ман сир накушоданд. Фақат ҳамин қадар гуфтанд, ки «оқибати кор бахайр мешаваду Нигина шоду хурсанд дар Хуҷанд мемонаду Назокат шоду хурсанд ба Ворух бармегардад». Ҳарчанд зора кардам, дигар лом накафонданду бо табассум «сирри мардон пӯшида» гӯён, гаштаю баргашта таъкид намуданд, ки хомӯшӣ беҳтарин пардадори роз асту ту ҳам ҳушёр бош, духтарҷон! Зеро агар ин рози пинҳон аз даҳонат берун раваду ба гӯши Назокат расад, ояндаи худат торик мешавад

Баъде ки Нигина сидқан қавлу қасам кард, падар бо меҳр дасти духтар гирифту бо оҳанги боварибахш гуфт:

 Акнун туро насиҳате мекунам, духтарҷон, ва имонам комил, ки маро бо гӯши дил мешунавӣ: аз ин пас, дар шаҳри мусофирӣ, изни ту ба дасти Пирам Шайх Бурҳониддини Валӣ аст; эшонро даҳ баробари падарат иззату ҳурмат мекунӣ, бе иҷозаташон коре ва бе рухсаташон рафторе намекунӣ ва ҳамроҳ бо сари баланд бозгашт ба Ворух меойӣ!

Нигина боз ҳарфи савганд ба забон оварду он гоҳ падар иҷозат дод, ки назди амакдухтараш равад ва ҳар он чӣ вай гӯяд, беранҷиш қабул намояд.

Нигина болу пар кушода, сӯйи амакдухтар парид. Вале Назокат ҳатто «биё» нагуфту ягон илтифот ё маслиҳате накарда, бо такаббур гуфт:

 Барои Мирмалик ман тӯҳфа тайёр мекунам! Барои дигарҳо ту!

Сурхчатоб шудани гунаи Нигина, албатта, аз назари борикбини Бибинурӣ пинҳон намонд. Вале худро нодида гирифту духтаронро офарин хонд:

 Боракаллоҳ, духтарҳои баақли оча. Яъне ки ҳеҷ кас фаромӯш нашудаасту ба ҳама барги сабзе мерасад. Фақат ҳайрони онам, ки ин тӯҳфаҳоро чӣ хел месупоред? Армуғони Нигина, ки андак будааст, кораш осон Аммо Назокат як ароба тӯҳфаро чӣ хел мусупорида бошад?

Ба маънои таҳтонии саволи душвор дуруст сарфаҳм нарафта, Назокат ҷавобро осону мухтасар кард:

 Акои Мирмалик албатта ҳамроҳи дигарон барои пешвозгирӣ меоянд. Ҳама тӯҳфаро бо ду дасти адаб ба дасти муборакашон месупорам!

Гапи болои ароба, мутаассифона, ба лаҳзаи истиқбол рост наомад: дар байни пешвозгирандаҳо Мирмалик набуду дар ҳавлӣ ҳам нанамуд.

Назокат дилтангона ин сӯ он сӯ нигаристу тоқаташ тоқ шуд:

 Духтарҳо, Мирмалик канӣ?

 Дар Ғӯрганҷ.

 Куҷо-оо??

 Пойтахти Хоразм. Акоям сарбози Хоразмшоҳ шудагӣ.

 Аз кай?

 Се моҳ пештар Баъде ки дар Исфараи шумо ситораи навқирон шуду ба замину осмон шаъшаъа пошид, Хоразмшоҳи ҳамабин намояндаи махсус фиристода, ба Ғӯрганҷ бурд.

 Кай меоянд?

 Худо медонаду подшоҳ

Вай шаҳра номаш Урганҷ буд ё Гурганҷ дар куҷо? Аз Хуҷанд дур ё наздик?

 Аспи хушрав дар чил рӯз мерасад. Бо киштӣ ниммоҳа роҳи обӣ

 Хеле дур будааст ин гуршаҳр Рафта наметавонам Уф-ффф

Назокат нохост калавиду ба замин нишаст. Рухсораи аноррангаш дар они воҳид мисли пахтаи нимхоми аз ғӯза кашида сафедчаи кабудфом ва бетароват шуд. Бо душворӣ нафас кашидаю чаппаю роста забон гардонда, ҳарфу ҳиҷои муғлақ мегуфт. Ҳама пакар гаштанду Нигина барқвор пеши амакдухтари нимзиндаю ниммурда омад ва гӯш ба даҳонаш наздиктар бурд. Бо душворӣ шунид, ки Назокат оби ях барин хунук мехоҳад

 Духтараки бечора аз роҳи дуру дароз хастаю шалпар шудааст,  оромона садо баровард Бибинурӣ ва Нигинаро фармуд, ки ӯро ба хонаи канорӣ бурда, муддате ҳамроҳ нишинад.  Натарс, ин дарди бахайр, тез мегузарад. Ба падараш хабар додан ҳоҷат не

Ҷумлаи охирин тарсу ларзро аз андоми Нигина дур афканд. Фаҳмид, ки ҳам барои Бибинурӣ ва ҳам барои амакбобояш ба садамаи асаб гирифтор шудани Назокат ҳодисаи ғайричашмдошт нест! Дарҳол гапи пардапӯши падар ёдаш омад: «Амакбобоят, ки аз ҳама гапу кор бохабар будаанд, ҳилаи зӯр фикр кардаанд». Чӣ будани ҳиларо Нигина он рӯз намедонист, аммо имрӯз сарфаҳм рафт. Бори дигар бовар кард, ки амакбобояш ҳам тоҷир ва ҳам шоҳмотбози моҳир аст: ба духтари маҳбубаш ягон ҳарфи тунду тез нагуфта, ба қалби ҳассос ва буғранҷи вай заррае ранҷу озор нарасонда, имкон додааст, ки табъи дили савдозада амал кунаду то Хуҷанд расад ва худаш бовар кунад, ки мурғи бахти хаёлиаш ҷойи дигар паридааст. Бигзор андаке ба ҳаяҷон ояд, лек худаш аз савдои хом дилхунук шавад

Тадбири ақли ҳилагар натиҷаи дилхоҳ доду оши бемаслиҳат табъи дили падар пухт. Назокати дунёбехабар, ки амсоли дигар ҳамсолони қишлоқияш нопухтаву хомрой буд, пас аз ошуфтану сӯхтани лаҳзавӣ чун абри сиёҳдили тирамоҳ ашк рехтан оғоз кард. Хеле гиристу дилашро холӣ намуд ва ақли кӯдаконааш тадриҷан равшан гардид. Фаҳмид, ки дидори Мирмалик бо оби дида муяссар намешавад. Маслиҳатҷӯёна Нигинаро нигарист:

 Акнун чӣ кор мекунем, амакдухтар?

 Аз Бобокалони Бузург фотиҳа гирифта, ба мадраса меравем. Мехонем, то

 Эй Нигина! Ту дар Хуҷанд меистӣ??

 Албатта. Охир, мо ба нияти хондан омадагӣ Чӣ, магар аз қавлат гаштӣ?

Назокат, ки аз Ворух то Хуҷанд тамоми роҳ забонаш мисли андалеб дар тараннум буду лабонаш чун гул ғарқи табассум ва гаштаю баргашта шаҳри соҳили Сайҳунро таърифу тавсиф мекарду нақшаҳои болохонадор мекашид, ҳоло шабеҳи мусичаи убол пату пари кашол, чашми каҷхамида дошт, оби даҳонашро бо азобе фурӯ бурда, базӯр курр-курр намуд:

Назад Дальше