Нигина ва Мирмалик - Эгамзод Додохони 15 стр.


 Гар намедонӣ, бидон, эй ҷавон: Ораши Камонвар ҷадди волои ман аст!

 Чалов накун! Ораши забардаст ҷадди худпараст нест! Агар тири аз Ому паррондаи вай ба Марв расида бошад, муҳол аст, ки тири ту ба сари теппа барояд

 Ҳозир ман ба ту тирпаррониро нишон медиҳам! Ҳозир ман ба ту исбот мекунам, ки вориси Ораш манам!! Ҳозир мебинем, кӣ дар камонварӣ сахткаш аст?!

Холмат бо ғурур ва нописандии аввала тир ба камон гузошта, як чашмашро нимпӯш карда, бо қаҳру ситеза хурӯсро ба нишон гирифт. Хаданги чорпари ӯ башаст парида, ба катак расид, аммо ба шифт бархӯрд

Мирмалик осуда нафас бароварда, болои нишонахат қарор гирифт. Аввал зеҳи камони ҷойдории худро, ки аз пӯсти говмеш буд, бо нӯки ангуштон ламс карда, ҳаяҷони ботин фурӯ нишонд. Сипас бо ҳаракати мавзун тири сурхранги рӯйи тиркаш берун овард. Онро аз чӯби заранги кӯҳи Мевагул сохта, дар дунболаи пайкони фӯлодиаш се пари шоҳин баста буданду барои сайди махсус нигоҳ дошта мешуд ва шоҳиншоҳпар ном дошт. Ҷавони пухтакор саросема нашуда, тирро чилла карду байни чилликҳои қавиии хеш ҷафид ва бо нимовоз гуфт:

 Тир ба чашми хурӯс занам, то борикандозӣ исбот шавад.

Баъди нафасе ин ҷумларо мунодӣ тариқи зайл бо овози баланд такрор кард:

 Мирмалик ибни Мирраҳмат чашми хурӯсро ба нишон гирифта буд ва тири ахтардӯзи вай бехато ба нишон расид!!

Дар аспрез аҷаб ҳангома бархост каснодида ва гӯшношунида! Ин карат хурду бузург ва дӯсту душман ҳама баробар шасти хаданги ҷавонмарди баруманди Хуҷандро офарин мегуфтанд. Фақат Холмат истисно буд лаҳзае гунгу лолу карахт истоду якбора хуни сараш ҷӯшид ва аз шиддати ғазаб зангии занг шуду камони садманӣ ба замин зада, онро лагадмол карда, бо дили пурғам ва сари хам аз аспрез рӯ ба гурез ниҳод

Ҳеҷ кас, ҳатто Аҳмади Хушмӯйлаб, ӯро нигоҳ надошт. Баръакс, ҳар ду сарпарасти озмун мурғобивор роҳ гашта, бо чеҳраи хандон пеши Мирмалик омаданду бонавбат ба оғӯш кашида, аз сидқи дил табрику таҳният гуфтанд. Аҳмадсайид, ки аз шодӣ дар пӯсташ намеғунҷид, дар пешорӯ аробаи худаш ва назди он нури чашмонашро дида, онҳоро ба Мирмалик нишон доду оҷил сӯяшон шитофт.

Садои гӯшнавози ҳокими Исфара дар фазои Моҳпарӣ бори дигар танин андохт:

 Мирмалик ибни Мирраҳмати Хуҷандиро Худованди меҳрубон мададгор ва бахти баланд ёр гашту бо нерӯи ҷавонмардӣ вориси арзандаи Рустами Достон будани худро исбот кард ва ғолиби мутлақи сабқати Исфара шуд!

Зиҳӣ шоҳсавори чобуктарин ва камондори беҳтарин!!

Аҳли аспрез баробар «Зиҳӣ, Мирмалик!!» гуфтанду ин таҳнияти шоҳаншоҳиро дар атрофу акнофи Исфараю Хуҷанду Истаравшану Бухорою Самарқанд ҳама шуниданд.

Ҳокими Исфара бо ду дасти адаб ба шаҳсавори шоҳчеҳра ду нори муқаддаси оламтоб ва ду киса зари холис ҳадя карду овозаи ин тӯҳфаи олишон аз канораи Мовароуннаҳр баланд хеста, Хуросону Хуталону Арабистону Фарангистон ва Чину Мочину Ҳиндустонро фаро гирифта, то гӯши Муҳаммади Хоразмшоҳ ва Чингизхони муғулнойон расид ва ҳар ду дар орзуи чунин размандаи аспафкан шуданд

Мирмалик шоду масрур ба Рахшони машҳур савор шуда, ду кисаи зар ба зини асп овехту ду нори муқаддас ба дили даст гузошта, боло бардошт. Ҳама баробар даст баланд карда, беист «Зиҳӣ, Мирмалик!» мегуфтанд. Духтарон низ ҳамранги ҷамоат буданд ва кайҳо аз ароба фуромада, маҳбуби худро ситоиш мекарданд.

Нигинаи гулпераҳан дар сафи пеш меистод, зеро нисбати дигарон шодию сурури беш дошт. Ду рӯяш мисли гули анор шукуфон буду лабони нордонаш дар васфи ғолиби сабқат дурру гуҳар мерехт.

Вақте Мирмалик ду анори муқаддасро баланд бардошт, Нигина ҳам дар пайравии дигарон дастонашро боло намуд ва маҳз дар ҳамин лаҳза онҳо ҳамдигарро диданду шинохтанд. Дилбараки хубрӯи мавзунқомат чашму абрӯи Золи зар, мӯйлаби навдамидаи шоҳписар ва чеҳраи хандони чобуксавори пурҷигар баръало медид, аммо ҷавон чунин имконият надошт чеҳраи духтар зери ҳиҷоб нонамоён буд.

Ба ҳоли Мирмалик раҳми Моҳпарӣ омаду оҳ кашид. Дарзамон аз ҷониби нишемангоҳи маликаи дашт шамолаки шадиде вазид ва гиреҳи корро кушод: парда аз рӯи гулпарӣ париду гесӯи шоназада, холи мушкину абрувони пайваста, рухсораи гулнору чашмони олуранг, лабҳои нордона ва садафдандони дона-дона чашмони равшани ҷавони аспафканро шефта гардонд.

Боди мурод пероҳани нафисро ба тани нозукбадан часпонду чашмони шефта дар бари духтари наврасида ду анори навдамида дид ва ба шигифт омад.

Ба шигифт омаду анорҳои муқаддасро тарафи духтар алвонҷ дода, шӯрангез хандид

Хандаи дили ҳассос ва шефтаю шайдо чунин маъно дошт: ғолиби Моҳпарӣ тайёр аст, ду нори даст якҷо бо дили зебопараст ба кабутари Моҳпарӣ супорад, то ду анори дилрабо ба каф орад!

Нигина ҳам маҳин хандид. Вале аз теғи нигоҳи падар тарсид, аз захми чашми амакдухтар ҳаросид ва зуд парда ба сар кашид. Дигарбора кабутари ниқобдор ва дастнорас шуд

Равзанаи шашум. Нӯшханде ба печутоби ду гули бӯстон дар суроғи андалеби достон

Аҷаб дилномаи дилафгоре оғоз ниҳод даму нафаси маликаи Моҳпарӣ!

Мирмалики пурдил, ки бо нияти пирӯзӣ ба сабқати дилхурӯшон омада буд, пас аз ғолибият дар даври аввал бо тири ахтардӯз чашми хурӯс шикофта, диловари дилписанд шуд, дили ахтардухтари кӯҳистонро волаву шефта гардонд ва бо дилхушию дилафрӯзӣ «Дилбараки мухлис беҳ аз ганҷи Лаккону зари холис!» гуфта, дилшоду дилошӯб ба асп нишаст, аммо дилкашол ба Хуҷанд баргашт. Зеро бо мадади шамолаки Моҳпарӣ, ки парда аз сари Нигина боло бардошт, ҳамагӣ як назар ба дилороми дуогӯ нигаристу дил бохт ва фаҳмид, ки аз ин кафтараки дилкаш дигар ҳаргиз дил канда наметавонад

Дил ба ишқ зинда аст дар тани мард,

Мурда бошад диле, ки ошиқ нест!

Нигинаи покдил, ки бо нияти мухлисӣ ба аспрези Исфара омада буд, довталаби дилнигаронро дилгармтарин ҳаводори дилсӯз ва дилдӯз шуд, бо дилёбиву дилнавозӣ дасту остин барфишонда, барои дастёб шудани ҷавони пирӯзбахт ҷон коҳонд ва фирӯзрӯзро фоли нек, оғози бахту иқболи дилафрӯз пиндошта, дилбаставу дилхеста ба ароба савор шуд, аммо дилхаста сӯйи Ворух роҳ пеш гирифт. Зеро аз теғи нигоҳи падар хиҷолат мекашиду аз теғи забони Назокат метарсид. Хавфу раҷо аз он дошт, ки дар пушти кӯҳи баланд якумр дилбанд мемонад. Яъне банди дили бедори кабутари навболро касе кушода наметавонад.

Хушбахтона, мушкилкушо баробари ба Ворух расидан аз худ дарак дод. Бибинурӣ суханҳои дилошӯб ва дилҳароси Нигинаро дар бораи диловари аспрези Исфара бо дили соф шунида, мағзи гапро аз пӯстпора дарҳол ҷудо кард ва табъи дили духтар лаб ба насиҳат кушод:

 Хоҳӣ, ки ба муроди дил расӣ ва хушбахт шавӣ, дил қавӣ дор ва асло сустӣ накун, эй мурғдили оча! Агар бех суст шавад, шоху барг дар як мижазанӣ пажмурда мегардад. Мебинам, ки туро хун ба ҷӯш омада, дар унуфони камолот қарор дорӣ. Азбаски дар бӯстони балоғат тозабаргӣ, дар синаи қалбат асло ғамро ниҳон надор! Фаромӯш накун, ки дили раҳмгин пайваста ғамгин аст. Зиндагӣ шодӣ асту шодӣ кардан ҳунар!

Аз сухани гарму нарми кампири хушлаҳҷаи хирадрутбати хуҷандӣ, ки аллакай кулли занону духтарони Ворухро беғараз маслиҳатгар шуда буд, Нигинаро ойинаи замир андак равшан гардид, аммо аз замин чашм наканда, нимғурма овоз баровард:

 Ба мулки дилам роҳи дуруст кушодед, эй очаҷони хуҷандӣ. Баъди аз Исфара омадан маро он дили пешина бо худ нест Тарсам аз он аст, ки модар маро барои дили гумшуда сахт сарзаниш мекунад

 Агар ҳолат чунин аст, туро сукут раво набошад, эй духтари оча! Алҳол маслиҳат ин бошад, ки аввал ба падар рози дил кушой, ки устои зирак, марди оқил ва падари меҳрубон аст

 Сирри дил аввал ба модар нагӯям?!

 Ҳолӣ не, ҷони оча! Агар хоҳӣ, ки орзу дар дилат фурӯ нашиканад, саросема нашав. Ҳама медонем, ки дили модар бузург асту моломоли меҳр нисбат ба духтар. Вале на ҳама медонанд, ки ин дили бузург саршор аз тарсу ҳарос аст нисбат ба тақдири духтар. Агар модар дил бохтану дил гум кардани духтарашро фаҳмад, аз тарси қаҳру ғазаби падар ҳама кори аз дасташ омадаро мекунад, то сир пӯшида монаду духтар ба балои азим гирифтор нашавад. Яъне бо ҳазор шеваю усул дили туро меёбаду дарҳол пеши обро мебандад, то домани касе тар нагардад

Маънии суханҳои маро фаҳмидӣ, ҷони оча?

Нигина дарҳол ҷавоб нагардонда, аз равзана хаёломез ба кӯҳи Тешазадагӣ нигарист. Қиссаи ишқи Фарҳоду Парихон ёдаш омад, ки маҳз аз дасти падар муҳаббати думбурида шуд. Дилаш таҳ кашиду ба лаби нозукаш ларза афтод:

 Агар падар суханро дарҳол қайчӣ занаду гӯяд, ки «Раву дар хона иму ҷим шин, ошиқӣ кори ту нест!» он гоҳ чӣ мешавад? Оё об аз сар хушк намешавад?!

Очанурӣ мулойим хандид:

 Агар бе ҳеҷ муқаддима, бараҳнаю пӯстканда гап занӣ, арраҷавоби арзанда мешунавӣ, гӯсолаи оча! Фарқи духтарак аз писарак ҳамин, ки гапи ширин дорад, нозу ароз дорад, лабханду оби чашм дорад

 Агар ҳамроҳ равем, намешавад?

 Не, духтари оча! Агар ба ҷойи ту ман гап занам, шубҳаю гумон пайдо мешавад, ки кампираки ҳафтодусесола духтарчаи сенздаҳсоларо бероҳа карданист

Агар хоҳӣ, ки орзую ҳавасат ғӯраи сармозада нею ҳалвои ширин гардад, бо лутфу ҳарфи ширин ҳамсӯҳбати падар шав, ки яқин, дастафшонию пойкӯбиҳои туро кайҳо дидаасту шояд интизорат бошад. Зеро нозпарвари падар ҳастию мекӯшад, ки ҳаргиз дилат озоре наёбад

Хез, духтари оча, пеши падар рав! Оқилон гуфтаанд, ки «кас нахорад пушти ман, ҷуз нохуни ангушти ман!» Ханда дар лаб, бебок рав. Асло фаромӯш накун: ҳар духтаре, ки ба дили падар роҳ ёбад ва доманашро маҳкам дорад, Худо ӯро ба мақсад мерасонад! Зеро модар бо ҳама бузургӣ назди падар муштипар аст, ҳақ надорад, ки сухани ӯро гардонад ва ҳад надорад, ки аз хати кашидааш берун по ниҳад

Нигинаи дилзада аз суханҳои талхнамо, вале ширинтаъм чашми ҳайрат кушодаю ангушти ҳайрат газида, муддате дар лаби ҷӯйи равон нишасту тарҳи сӯҳбатро ба риштаи хаёл кашид ва дудила сӯйи устохона равона шуд.

Усто Абдулсайид, ки бо ҳавсалаи том васса метарошид, аз ташрифи ногаҳонии духтар безобита шуда, хотирпарешон аз ҷой хест.

 Биё духтарҷон, ҳама ҷо тинҷӣ?

 Парешон нашавед, додоҷун, ҳама тинҷу осуда.

 Ин хел ки бошад, хуш омадӣ, духтарҷон!

 Хушбахт бошед, додоҷун. Ман ҳамту шумоя хабаргирӣ омадам.

 Хуб кардӣ, духтарҷон, фарзанди нағз ҳамеша аз ҳоли падар хабар мегирад.

 Меҳри падарфарзандӣ мана пеши шумо овард, додоҷун! Бовар кунед, гапҳои нағзу ширинатона ҷудо ҳам ёд кардагӣ ман, овозатона шунавам, дилам гум мезанад

 Наход?

 Ба Худо қасам, ки рост мегӯям, додоҷун. Қариб ду сол мешавад, ки бо ман дуруст гап намезанед, ҳушу ёдатон ба додаракам банд,  овози Нигина худ аз худ ларзид ва қатраи ашк аз чашмаш чакид.  Ман ҳам фарзанди шумо, додоҷун!

Абдулсайид, ки чунин оғоз ёфтани сӯҳбатро интизор набуду аз ташрифи ногаҳонии духтар маънии дигар бардошта буд, гунаҳкорона табассум намуда, пеши Нигина омад ва сари ӯро бо меҳр ба сандуқи сина часпонда, тахтапушташро бо кафи дасти обиланок навозиш карду лаб ба тасалло кушод:

 Гилаат нури дида, духтарҷон. Дуруст мегӯйӣ, додаракатро беҳад дӯст медорам. Лекин ҷойи ту дар мағз-мағзи ҷонам! Аз тамоми мавҷудоти олам ту барои ман беҳтарини беҳтаринӣ, духтарҷон, ки маро ба хушрӯзӣ расондӣ.

 Меҳри гарми шумоя бисёри бисёр ҳис мекунам, додоҷун, лекин сухани нарми шумоя вақтҳои охир кам мешунавам Ҳатто як шабу як рӯз дар як ароба ҳамроҳ аз Исфара умадему шумо лоақал бо ман чор калима гап назадед

 Тамоми роҳ бо Назокат баҳсу талошу гапгузаронӣ кардед. Баҳси шуморо шикастан нахостам

Нигина чашмонашро аз нигоҳи мӯшикофи падар дур гурезонда, мубоҳисаи болои аробаро ба ёд овард, ки оғозаш аз ҷумлаи таҳсиномези Абдулмаҷид буд: «Қандаша занад, Мирмалик, як олам бойигариро аз Исфара ба Хуҷанд бурд!» Мадҳи шоирро Назокат тарзи дигар шарҳ дод:

 Агар пули амакаму падарама ягон одами бегона мегирифт, лав-лав сӯхта, биҷӣ мешудам. Хайрият, ки мукофот ба одами худӣ Мирмалики ба ҷону дил баробарам насиб кард!

 Оҳистатар!  аз остини хоҳар кашид Назорат.  Саҳл худатро нигаҳ дор. Маънои гапат ганда

 Ганда не, нағз! Мирмалик худаш бачаи нағз, қаду қоматаш нағз, чашму абрӯяш нағз, хандидану гап заданаш нағз, боз аспу аспсаворияш, камону тирпарронияш нағз! Ин қадар нағз ҳеҷ вақт ганда намешад. Ҳар кӣ ганда гӯяд, худаш ганда!

Таънаи Назокат ғаши Назоратро оварду кашмакаши хоҳарон то Чоркӯҳ тӯл кашид. Оқибат ҳар ду сулҳ бастанду ба Нигина часпиданд. Сабабгор боз шоир Абдулмаҷид гардид. Вай хоҳаронро ба ифоқа оварданӣ шуда, гуфт: «Ҳар дуятон ҷон коҳонда, Мирмаликро ба осмони ҳафтум мебардореду лекин вай ба ҳеҷ кадоми шумо лоақал ягон гапу ҳарфи нағз нагуфтааст. Вале ба Нигина се бор тӯҳфа додаасту вай ба лабаш кулӯх молида, ҷим шиштааст. Аз Нигина ибрат гиред!»

 Ҷим нашишта, чӣ кор ҳам мекунад?  дарҳол оташ гирифт Назокат.  Он тӯҳфаҳо азони Мирмалик не, супориши дигарҳоя иҷро кардагӣ вай

 Тӯҳфаи наврӯзӣ чӣ?

 Ҳамун се хурӯсқанд?! Оъ ба ҳар сеямон яктоӣ дод-ку

 Не, тӯҳфаи ҳозирҷавобӣ буд.

 Агар Нигина маҳмаддоноӣ намекард, худам ҷавоб мегардондам Хайр, бало ба паси хурӯсқанд! Аз ин баъд Мирмалик беҳтарин тӯҳфа ба ман медиҳад.

 Чӣ хел?

 Ба падарам мегӯям, ки аз Хуҷанд ҳавлӣ харанд. Бо Мирмалик ҳамсоя, ки шудем, тӯҳфа додану гирифтан кори осон

 Хаёли хуш, вале амри муҳол аст!  хандид Нигина ва оташи баҳс баландтар забона зада, то Ворух хомӯш нашуд

 Чаро баҳси моро нашикастед, додоҷун?

 Андеша кардам, ки агар ҳарфе гӯям, Назокати арбадаҷӯ ғавғо то осмон мебардорад

 Назокат арбадаҷӯ не, додоҷун. Вай бечораҳол Намедунад, ки сараша ба куҷо занад

 Бойдухтар бечораҳол намешавад, духтарҷон!

 Мешавад, додоҷун. Аз ин ҳам бадтар мешавад. Баъди баҳси ароба аҳволи Назоката дида фаҳмидам, ки агар духтар ошиқ шавад, ба балои азим гирифтор мешудааст!

 Аз ҳад зиёд шав-шав накун, духтарҷон. Вай куҷою ошиқӣ куҷо!? Аз даҳонаш бӯйи шир меояду

Ман дурӯғ намегӯям, додоҷун. Худаш гуфт, ки: «дилам девона шудагӣ Агар Мирмалик пеши назарам ояд, сарам чарх мезанад Агар номи Мирмалика шунавам, гӯшам метафсад».

 Ин хел гапҳо гуфта бошад, вай ошиқ нею девона шудагӣ!

 Очакалонам мегуфтанд, ки ошиқу девона якест!

 Ман ҳам шунидаам, духтарҷон. Лекин ҳамон очакалонат мегуфтанд, ки духтари қадрас моҳе се рӯз девона мешавад. Се рӯзе, ки мо ба Исфара рафта омадем, шояд айни ҷунуни вай буд, ки гузашту рафт!

 Не, додоҷун, ба гузашта салавот гуфтан барвақт. Чунки Назокат якравона рӯ ба Хуҷанд дораду алангаи дилаш рӯз ба рӯз баландтар забона мезанад.

 Сайру тамошо рафтан мехоҳад?

 Не, додоҷун. Яковоза мегӯяд, ки «Сангу хоку гову хари Ворух ба дилам зад, Хуҷанд мераваму халос!» Боз мегӯяд, ки «аз деҳ шаҳр беҳ»

 Ҳамааш фаҳмо, духтарҷон! Гапи носазои носипосро дигар давом надиҳӣ, хубтар Вай ҳанӯз кӯдак аст, аз нодонӣ девонатарошӣ ва дилхарошӣ мекунад.

 Девонаи ба кори худаш ҳушёр амакдухтари ман! Ин пагоҳӣ савганд ёд кардааст, ки ба Хуҷандравӣ иҷозат надиҳанд, ҳеҷ таом намехӯрад.

 Наход?! Инаш гапи тамоман дигар! Маълум мешавад, ки азми Назокат сар-сарӣ нест. Ҳамааш айби ман Чаро шуморо ба Исфара бурдам?! Чаро баҳси шуморо нашикастам!? Акнун акоям чӣ мегӯянд??

 Ба фикри шумо чӣ мегӯянд?

Абдулсайид аз саволи печида печ хӯрда, бо заҳрханд ба теғи ранда нигаристу муддате хомӯш истод. Сипас наздиктари Нигина омада, саволбозиро идома дод:

 Ба фикри ту чӣ мегӯянд?

 Мегӯянд, ки баҳор шавад, боз ба тамошои Наврӯз меравем,  дарҳол ҷавоб гардонд Нигина ва афзуд.  Акнун навбати посух аз шумо, додоҷун: амакам чӣ мегӯянду амакаш чӣ андеша доранд?

Амакаш ба ҳама гапу кори амакат розӣ, ки инро ту хуб медонӣ, духтарҷон!  аввал ба пурсиши дуюм посух гардонд Абдулсайид. Ҷавоб ба саволи асосӣ ин аст, ки агар Назокат пойбаста намебуд, амакат дарҳол вайро ба Хуҷанд бурда, ҷо ба ҷо мекарданд, то дилшикаста нашавад.

 Назокат чӣ хел пойбаста?!

 Амакдухтарат ба писаркалони кадхудои деҳа номзад шудагӣ, соли оянда тӯю тамошо мешавад. Аз ҳамин сабаб Назокат сад зӯр занад ҳам, ба ҷойе ҷунбида наметавонад.

 Савгандаш чӣ мешавад?

 Амакат барои харидани куртаю ҷома ва зару зевари арӯсӣ Назокатро дертар нею барвақттар ба Хуҷанд мебаранду гап тамом қасам шикаста мешавад!

Назад Дальше