Ба дурустии сухани модар ягон шакку шубҳа нест, духтари оча. Иловатан мегӯям, ки агар Бобокалони бузург набудӣ, наврӯзи Хуҷанд тамоман несту нобуд шудӣ!
Ба дурустии сухани очаат ҳам ягон шаку шубҳа нест! бо лутф сухани кадбонуро тақвият бахшид кадхудо. Баъди кушта шудани шоир Абӯсайид ва хонабадар шудани шоира Маҳастӣ хуҷандиёни эҳтиёткор муддате ҷиму им нишастанду пасон бо маслиҳати бародарам Шамсуддин гузаштанд ба пинҳонкорӣ ва Наврӯзро аз пеши чашми ҳоким ба рустои атроф кӯчонданд
Яъне ки бо маслиҳати бобокалуни Хуҷандӣ Наврӯз шуд деҳотӣ?
Як муддат ҳамин хел шуд, духтари оча. Он вақтҳо тую дугонаҳоят барин духтарча будам. Лекин нағз дар ёд дорам, ки як бегоҳ акоям бо чеҳраи шукуфон мужда расонданд: «Наврӯз эҳё шуд! Ҳоким ба ҷашнгирӣ иҷозат дод!» Мо чунон шоду хурсанд шудем, ки тасвир карда наметавонам
Ҳамаи хуҷандиён аз тифли гаҳвора то пири бистарӣ шоду мамнун буданд! доираи тасвирро васеъ гардонд Шайх Бурҳониддин. Зеро ин ғалабаи бузурги хирад бар ҷаҳолат буд. Донишварони асили хуҷандӣ бо маслиҳати олими раббонӣ ва пешвои муаззами худ суннатҳои наврӯзӣ, таъриху муқаддасот ва хотираҳои қавмию мазҳабиро бо пиндоштҳои ҳокимони қарохонӣ хирадмандона пайваста, ҷашни миллиро тадриҷан ба асли қадим баргардонданд.
Ҳокими нави Хуҷанд Маҳмуд ибни Муҳаммади Қарохонӣ бародарам Шамсуддинро «Пирам» мегӯяду дар нома ҳам чунин менависад. Бародарам ҳар чӣ гӯянд, ҳамчунон мешавад. Имсол бо маслиҳати эшон, ки иҷрояш барои ҳамагон ҳатмист, дар идгоҳи навбунёди шаҳр Наврӯзи Бузург баландболо таҷлил мешаваду барои ҳамин шуморо боисрор ба меҳмонӣ хондем. Мисли ҳамшаҳриёни мо чатри гул бар сар кашида, аз файзи Наврӯзи навқирони Хуҷанд баҳра бардоред
* * *
Субҳи рӯзи дигар Шайх Бурҳониддин меҳмонҳоро ба тамошои дарёи Сайҳун даъват кард. Вале онҳо азми бозор доштанду Нигина низ ҳамроҳашон рафта, аммо аввал рукни зиёратро баҷо овардан мехост.
Эй духтари оча, хубаш ту ҳамроҳи Шайхбобоят рав! вазъиятро ба танзим даровард Бибинурӣ. Касеро, ки ҷустуҷӯ дорӣ, саҳаргоҳон аз лаби дарё меёбӣ.
Оре, бародарам Шамсиддин он ҷо ҳар дуямонро интизор.
Чува дар он ҷо?
Бародарам Шамсиддин то Сайҳунро набинанд, ба саломи кас нараванд, касро назди худ нагузоранд ва бо касе наёмезанд. Аз он ҷо ба Унҷӣ раванд, ки боғе доранд обод ва то нимарӯзӣ деҳқонӣ кунанд. Фақатагар мусулмоне аз ин дунё гузарад, бародарам одати дерин тағйир диҳанд
Нигина гул-гул шукуфта, кӯзаи сафолӣ ба даст гирифту шитобон аз қафои Бобои Хуҷандӣ тохт. Тамоми роҳ «суруде»-ро зери лаб замзама мекард, ки на матн дошту не мазмун чанд лутфи кӯдаконаю оҳанге ҳамсадои хурӯши дили кӯчак бо нақароти «лай-ла-лалай, лалай-лалай»
Чун ба соҳил расиданд, мунгаи Нигина яку якбора қатъ гашту даҳонаш аз ҳайрат калон кушода шуд дарёе ба чунин бузургӣ ва паҳноварӣ бори аввал медид!
Вой, бобоҷун! кафи даст бар фарқи сар ниҳод духтараки кӯҳистонӣ. Оъ Агар якҷоя шавад даҳ дарёи Ворух, намешад нисфи дарёи Хуҷанд!
Оре, оби Ворух як риштаи Сайҳун аст. Лекин агар ин гапро дар деҳа мегуфтам, шояд бовар намекардӣ. Бо чашми худат, ки дидӣ, хулосаи дуруст баровардӣ. Яъне, «шунидан кай бувад монанди дидан!» Барои он лаби дарё овардамат, ки нахустин субҳи гулғунчаи хандони Ворух дар шаҳри Хуҷанд муродбахшу фаромӯшнопазир гардад. Акнун ба зиёрати Бобокалони Бузургворат шитоб, ки моҳиён хабари омадани моро аллакай ба эшон расондаанд.
Нигина бо чашмони ҳаёратзада ба чапу рост нигаристу садои форами «Алҳамдулиллоҳ» ба гӯшаш расид. Сӯйи овоз шитофт ва Пире дид маҳосинсафеди сурхрӯй, субҳаи саддона дар даст канори Сайҳун нишаставу бо нигоҳи нуронӣ ба мавҷи дарё назар афканда, хуфя зикри Худо мегӯяд. Наздиктар омаду ҳисоби кораш гум шуд. Зеро мувофиқи дастури модар амал карда, худро дарҳол пеши пойи Бузургвор партофта наметавонист оби дарё имкон намедод. Маҷбуран интизор истод, ки тӯлонӣ нашуд. Шайх Маслиҳатдин нимовоз «Аллоҳу акбар» гуфту даст ба рӯй кашид ва бо табассум лаб ба такаллум кушод:
Пештар биё, ғунчаи Мастураи бобо! Модарат то маро дарёбад, инони ақл ба дасти гумон дода, назди кампираке рафта буд, ки сеҳру ҷодуро медонист. Акнун, ки навадаи ман шудӣ, маслиҳат ин аст, ки инони хеш ба дасти мо супорӣ, то раво-раво инояти азалӣ дарёбӣ ва ҳар чиро Худо ба ту додааст, бегумон соҳиб шавӣ.
Нигина дасти адаб рӯи дил ниҳода, бо одоби тамом пеши Шайхи бузургвор омад ва сари таъзим фуруд овард:
Эй Бобокалуни меҳрубон, фидои шумо дилу ҷунам!
Шайх Маслиҳатдин сару китфони Нигинаро навозиш карда, дар нишастангоҳ мобайни ду бобокалон шинонд ва равзанае ба ниҳонхонаи дил кушод:
Баъди намози бомдод ҳар субҳидам ба соҳили Сайҳун мешинам, то аз қаъри рудбори бузург асрори ҷаҳон дарёбам. Зеро дарёи пур аз сир аст Сайҳун! Нишастан дар лаби обу ғарқи дарёи тафаккур шудан ҳар шахси соҳибхирадро суди бисёр дорад, ки камтаринаш мисли садаф таҳнишин гаштан аст Алҳол маслиҳат ин аст, ки ту ҳам лаҳзае биншину оби равонро нигар, то вусъати табъу шавқат бо вусъати Сайҳун мувозӣ гардад, баҳри дилат ба мавҷ ояд ва дарёҷӯш шавӣ
Нигина ҳамчунин кард ва нигоҳаш бо маҷрои дарё пеш рафту қафо баргашт, боло рафту поён омад, ба он соҳил расиду ба дуриҳои дур парвоз намуд. Аз тамошои манзараҳои навпайдо ва назаррабо чашмони зебояш дурахши тоза, ҳузуру ҳаловати гуворо, нуру зиёи нав дарёфт. Фаҳмид, ки зуфунун ва дарёдарун будани Бобои Бузургвор аз шарофати оби дарёст!
Оре, об ҳар куҷост, зиндагӣ он ҷост! андешаи абераро вусъат бахшид Шайхи ҳамадон. Ин оби мусаффо ва зулол, ки як шохобаш аз барфи пиряхи Ворух ибтидо мегирад, то ба Хуҷанд расидан аз санг бар санге зада, пухтаву тозаву гуворо, чун оби Замзам табаррук гашта, вуҷуди моро поку мубарро мегардонад, чун оби Хизр равшану соф шуда, моро ба рӯшноӣ мерасонад, осиёби зиндагиро ҳамеша гардон медорад, талхию шӯрӣ аз мазоқи мо дур мебарад ва шодию тарабу ширинкомӣ меорад.
Эй ғунчаи мастураи бобо! Обе, ки имрӯз тамошо дорӣ, боз як хосияти дигар дорад. Ин оби аввали баҳор асту аз одаму олам гарди сарди фасли сарморо дур афканда, ба оби раҳмат табдил меёбад, ба чашму рӯйи мо оби зиё бахшида, имонамонро обутоб медиҳад, ҳама растаниро сабзу гулбасар ва пурсамар мегардонад. Аз ҳамин сабаб ниёкони мо, ки обро муқаддастарин муқаддасот медонанд, обпоширо як рукни Наврӯз меҳисобанд, дар арафаи иди баҳор ба умеди бақо ва сафо дар навбати аввал наздикону ёронро аз оби раҳмат шодоб мегардонанд.
Эй ғунчаи мастураи бобо! Азбаски рӯйи ту шабеҳи гули наврӯзист, маслиҳат ин аст, ки расми аҷдодиро имрӯз аз ту оғоз бахшем.
Ҳазрати бузургвор кӯзачаи сафолиро пури оби навбаҳор карду «умрат мисли об дароз шавад!» гӯён, се каф ба сару китфи духтарак пошид ва кӯза ба соҳил ниҳоду андак поёнтар хамида, аз болои шохобчаи камбар «ҳар дарду бало дорем об бубар!» гӯён се бор ҷаҳид. Сипас бо оби равон дасту рӯй шусту асои дасташро ба Нигина дод ва фармуд:
Анизриб би ъасока-л-баҳра!4 Асо дар дарё зан!
Бобокалон бо чеҳраи пуртароват ва тару тозаю ҷилодори Нигина бо меҳр назар афканду аз беди соҳил се шохчаи сабз канда, даруни кӯзача андохт ва чанд панди обдор ба забон овард:
Имрӯз бо оби Сайҳун лаб аз шири модар шустию худро ба ҳадди булуғ наздик расондӣ. Ин рӯзи басо хотирмони ҳаёт, ки оғози нашъунамо ва камолоти туст, муборак шавад, эй гулғунчаи Мастура! Акнун ки асо бар дарё задӣ, дигар кӯдак наӣ ва бодиққат гӯш дору ҳуш ба паёми обоӣ кун: қадри обу нону намак ҳамеша пос дор ва дар хаёли давлату савлату сарват обу адо нашав; бикӯш, то оби чашм дар дида нигоҳ дорӣ, аммо агар аз ноилоҷӣ оби чашм резӣ ҳам, оби рӯ ҳифз намо; ба дӯстон ва дугонаҳои ҷонӣ об аз ҷигар бахшу ба эшон мисли обу оташ ва обу равған мухолиф не, балки монанди обу ҳаво созгор бош; асло аз ёд набарор, ки об бо ҳован кӯфтан кӯшиши беҳуда асту ҳеҷ кадбону обро бо ресмон набандад ва дар сабад наандозад.
Азбаски сиришти ту бо кабутар пайванд аст, охирин маслиҳати наврӯзиро бо шарҳаш шунав: ҳамеша кабутари обӣ5 бош, на мурғи обӣ! Яъне мисли он паррандаи моҳихор фақат поктарин навола моҳиро луқмаи ҳалол кун, на кирму обсабзаро монанди мурғобӣ
Шайх Маслиҳатдин андаке таваққуф карда, аз ҷайб як каф моҳичаи тиллою нуқра баровард, ки тибқи таомули қадима дар радифи дигар сокинони суғднажоди Хуҷанди бостонӣ махсус дар маҳаллаи Заргарон созонда буду ҳар кадоме барои овехтан риштаи заррин дошт. Як моҳичаи тиллоиро худаш ба гардани зебо ва хушнамои Нигина ҳамоил карду маслиҳат дод, ки сеи дигарро ба Бибисолеҳаю духтаронаш ҳадяи наврӯзӣ барад.
Оби кӯзача ба бехи ниҳоли тути назди дарвоза рез, ки бомдод тибқи суннати аҷдодӣ шинондам. Ин ниҳолро муридон аз Балх овардаанд, ки аз рӯзгори ориёиҳо то замони Хуросони исломӣ маркази аслии баргузории ҷашни Наврӯз буд. Ин навниҳол аз оби раҳмат нашъунамо ёфта, Тути калони Хуҷанд мешавад, ҳазорсола мешавад. Ту ҳам сарсабз мешавӣ
* * *
Чоштгоҳи рӯзи сешанбе аз бурҷи баланди куҳандиз овози мутантани мунодӣ ба атроф ғулғул андохт:
Нашунидам, нагӯед! Нафаҳмидам, нагӯед! Пагоҳ оғози сари сол Ҷуфтбаро-ооро-оон!! Ҳар касе молу замин дорад, ба Боғмайдони Унҷӣ барояд ва урфу одати дадою бӯвоҳо-о баҷо о-о-орад!
Нидои даъватиро шунидан ҳамон шогирдони дабиристони духтарона, ки дар шафати масҷид воқеъ буд, саволомез ба муаддиба нигаристанд. Бибинурӣ қироати китоби олими маъруфи хуҷандӣ Мӯсо ибни Абдуллоҳ «Ҳиками амсол»-ро қатъ намуда, пас аз дуо гуфт:
Тавре ки бонги муаззин даъватест барои намозгузорӣ бидуни таъхир, нидои мунодӣ оиди ҷуфтбаророн ишоратест аз оғози ҷашни Наврӯз. Мо бояд дарҳол аз ҳама кору ташвишҳои зиндагӣ худро фориғ гардонем ва ба хушҳолӣ пайвандем. Яъне чун ҳамеша аз ҳамин лаҳза таътили идонаи шумо шурӯъ мешавад!
Нигина, ки барои дидани мактаби шаҳр ва қиёс кардан бо мактабхонаи деҳа «меҳмон» омада буд, гумон дошт, шогирдон эълони таътилро шунидан ҳамон бо шӯру шавқ аз ҷой мехезанд. Вале дувоздаҳ духтараки гуногунсол, аммо якхелалибос рӯ ба омӯзгор ботавозӯъ нишаста, ҳатто мижа намезаданд. Нигина ба фаросат дарёфт, ки муаддиба нисбати онҳо низ сахтгир асту ду ҷумлаи машҳурашро ба толибаҳои шаҳрӣ низ зеҳннишин кардааст: аввалан шогирд пеши устод саропо гӯш шавад ва агар ӯ сухан гӯяд, чун соя хомӯш бошад; сониян шогирд ҳеҷ гоҳ густохӣ накунад, бе даъват забон ба гуфтор накушояд, аммо баъди муроҷиат сукут наварзаду тамаллуқ як сӯ ниҳода, мағзи гапро гӯяд, жож нахояд.
Бибинурӣ аз хушодобии шогирдон хурсанд шуда, бо рӯҳи болида гапашро давом дод:
Таътили мову шумо як ҳафта давом мекунад. Ҳар як рӯзи он як шохаи Наврӯз аст, ид аст, замони хушдилӣ аст. Дар арсаи чаману боғу гулзор ва идгоҳ бемалол шодию бозӣ кунед, аммо дар ҳама ҷо адабу иффат нигаҳ доред ва ҳама кор бо ақлу фаросат пеш баред. Бовар дорам, ки шумо шогирдони аълохони дабиристони мо зебу зиннати Наврӯзи Бузург мешавед.
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод,
Наврӯзатон фирӯз бод!
Гулдухтарон табрикоти маъмули наврӯзиро бо хушҳолӣ такрор намуда, аз синфхонаи бистболора берун баромаданду ҳар кадоме алоҳида-алоҳида Нигинаро ба меҳмонӣ хонданд. Аммо Бибинурӣ фақат ба ду нафар Гулсимо ва Саодат иҷозат дод, ки ӯро ҳамроҳи худ баранду шаҳрро тамошо диҳанд.
Сайри Хуҷанд аз манзили Маҳастӣ оғоз шуд, ки дарбаста буду калид дар дасти ҳамсоя. Вай аз деҳаи дурдасти Исфарамарз омадани меҳмони хурдсолро дониста, бо чарбзабонӣ ҳар серо ба ҳавлии тозаву озода дароварду роҳравон шарҳ дод:
Баъди ягон моҳи нопадид шудани Маҳастибону турке чигил худро соҳиби ин манзил хонд, вале дер напоид худ ба худ ҷиннӣ шуда, шабона худашро ба дарё партофта кушт. Тирамоҳи ҳамон сол модари шоираи машҳур Зебои Хуҷандӣ дар ин остони шеъру маърифат таълимгоҳу китобхона кушоду чароғи дудмонро равшан намуд. Ҳамаи ин гулу дарахтҳои анор дастранҷи ҳамон худораҳматӣ
Ҳолӣ ҳавлӣ бесоҳибу холӣ. Ҳамсояҳо банавбат нигоҳбонӣ мекунем
Хола, Маҳастӣ зинда ё мурда? аз пурсиши андаке соддалавҳонаи духтараки деҳотӣ дар лабони духтарони шаҳрӣ лабханди истеҳзо дамид. Вале ҳамсоязанак, ки худро Муаззама номид, бо оҳанги ҷиддӣ ҷавоб гардонд:
Мурдагӣ Мӯниса, лекин шеъраш зинда! Китобаш даст ба даст мегардад.
Чӣ ном дорад китобаш?
«Чоргоҳи Маҳастӣ».
Ман ҳам дорам ин хел китоб. Азёд кардагӣ чанд шеъру рубоӣ аз «Чоргоҳи Маҳастӣ».
Наход?! Оъ ин китоби камёфт чӣ хел ба дасти ту расид?
Тӯҳфа кардагӣ Бобокалуни Хуҷандӣ.
Кӣ??
Шуд! Ҳамаашро фаҳмидам, риштаи муколамаро қайчӣ зад Гулсимо. Бо дастури Пири муаззам Шайх Маслиҳатдин акои хушнависам ним сол заҳмат кашида, аз «Чоргоҳи Маҳастӣ» нусхае бардошта буд. Маълум мешавад, ки он нусхаи армуғонӣ барои навада будааст!
Мирмалик акои ту?! якбора ба шавқ омад Нигина.
Ҳа. Ҳамроҳи тағоям ба Ворух рафта буданд.
Дар куҷост ҳозир акоят?
Ман аз куҷо донам? Наход китобро бозгашт супорӣ?
Не-е! Ҳадяи наврӯзӣ фиристодааст модарам барояш. Камарбанди гулдӯзӣ
Тӯҳфаро, иншооллоҳ, рӯзи Наврӯзи бузург дар идгоҳ месупорӣ, духтарҷон! риштаи сӯҳбатро дубора ба даст гирифт Муаззама. Агар туро Пирам Подшоҳмарди Валӣ ба ҳукми набера хонда бошанд, духтараки одию содаи қишлоқӣ нестӣ! Аз гап заданат маълум
Фарқ дорад магар гуфтори ман аз гапи дигарон?
Албатта. Худи одами аз дигар олам омадагӣ барин гап мезанӣ. Ҷумласозият баръакси мо!
Бубахшед маро. Наметонам дигар хел
Ҳеҷ боке не. Шояд оҳиста оҳиста ёд мегирӣ. Ё мисли Маҳастӣ шоира мешавӣ.
Гап мезанам ман мисли Маҳастӣ?!
Мегӯянд, ки дар кӯдакӣ гап заданаш замзаманок будааст, нағмаи суруд барин. Падараш рағбату ҳаваси духтарашро дида, чанд мутриба ва устоди рақсро киро кардаасту Мӯниса ба зудии ҳайратангез 12 боб ва 24 шӯъбаи мусиқиро азбар карда, чангнавози моҳир, сарояндаи булбуловоз, раққосаи товусхиром ва шоираи забардаст шуда, Маҳастӣ тахаллус гирифтааст. Бо шеъри навиштааш худаш оҳанг баста, бо лаҳни дилнавоз сароида, ончунон арғушт мерафтааст, ки ҳама мафтун мешудаанд. Ҳоло бошад бинед, ин чангу рубоб чангу ғубор гирифта, дар ҳасрати Маҳастӣ бесадо мегирянд
Дили духтарон ба риққат омаду тирезаро кушода, гарду ғубори хонаву асбобҳои мусиқӣ ва дафтару китобҳоро пок карданд. Нигина хаёлолуд назди чангу рубоб омаду аз духтарон пурсид, ки оё навохта метавонанд?
Падарам метавонанд, ҷавоб гардонд Саодат. Он кас шогирди бисёр доранд.
Писари ман яке аз онҳост, гуфт бо оҳанги ифтихор Муаззама. Ҳам менавозад, ҳам месарояд. Рафтем, духтарҳо, ба хонаи мо! Меҳмони наврӯзӣ беҳтарин атои Худост!
Дугонаҳо акнун бо назари эҳтиром Нигинаро нигаристанд.
Бонуи бузург шумо, эй очаи меҳрубон! Чунки нигаҳбунӣ мекунед мисли хунаи худ кошунаи Маҳастиро! Мо аввал мебинем идгоҳро, баъд агар бошад насиб, меоем ба меҳмунӣ
Идгоҳ аллакай серодам менамуд. Ҳалвогарону нишаллочиҳо, пазандаю нонвойҳо ва фурӯшандаҳои меваҷоти тару хушк тиҷоратро оғоз бахшида, кулолу мисгару косатарошу заргарон ва дигар пешаварон дӯкону раста месохтанд ё хайма мекашиданду устоҳои дуредгар дар мобайн Дарахти оламро устувор мекарданд, ки аз ибтидо рамзи асосии Наврӯзи Хуҷанд, маркази дилхушию тамошо буд.
Акоям мегӯяд, ки ба Искандари Мақдунӣ иди Наврӯз ҷудо ҳам маъқул шудааст, худ аз худ ба гап даромад Гулсимо. Ба канори Яксарт расидан ҳамон фармудааст, ки ана дар ҳамин соҳили хушманзара идгоҳи калон созанд барои таҷлили Наврӯз, то мардум хушҳол бошанду идгоҳи искандарӣ мисли ин ҷашни ҷовидона то будани одаму олам ба ёдгор монад.
Аз ҳамун вақт сар шудагӣ ҷашни Наврӯзи Хуҷанд? пурсид Нигина ва гардан ёзонда, ба тори Дарахти олам нигарист, ки шабеҳи санавбарҳои бузурги кӯҳистони Ворух буд.