Наврӯзи Хуҷанд мисли дарёи Сайҳун аз дуриҳои дур сарчашма мегирад, ҷавоб гардонд Саодати ба сол аз ҳар ду калонтар. Модаркалонам мегуфтанд, ки номи якумин рӯзи олам Наврӯз аст. Ин маъниро аз китоби тафҳими Абурайҳони Берунӣ ёфтам, ки «аввал рӯзест аз замона ва бад-ӯ фалак оғозид гаштан» навиштааст. Дар китоби «Осор-ул-боқия» оғози гардиши фалак, яъне ибтидои офариниши оламро аз рӯзи ба тахт нишастани аввалин подшоҳи рӯйи замин Каюмарс ҳисобида, ба ин муносибат барпо гардидани ҷашне ба номи Наврӯз зикр шудааст.
Ин қисса дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ёдрас шудагӣ илова намуд Гулсимо. Дар китобҳои қадима таъкид мешавад, ки Каюмарс аввалин одам дар олам буда, корбасти обу гиёҳу маъданро ба дигарон ёд додааст.
Фаҳмидам, ки Наврӯз будааст аввалин рӯзи олам ва Каюмарс аввалин подшоҳи олам ва Яксарт будааст номи пешинаи Сайҳун. Чӣ дахл дорад ин ҳама ба Наврӯзи Хуҷанд?
Дар китоби муғон номи шаҳри мо ба шакли «Хва-канта» будааст ба маънои «шаҳри офтоб». Дар «Насиҳат-ул-мулук»-и аллома Муҳаммад Ғаззолӣ омадааст, ки «подшоҳии Каюмарс сӣ сол буд дар офтобшаҳри ҷаҳон». Аз ин навиштаҳо метавон хулоса баровард, ки шаҳри мо зодгоҳи Наврӯз аст!
Наход? Намеояд боварам
Бовар кун, Нигина. Агар хоҳӣ, дар сари қабри Каюмарс бо китоб қасам мехӯрам!
Куҷост қабри ӯ?
Обидаи Каюмарс дар бағали шаҳри Хуҷанд аст. Дидан мехоҳӣ?
Албатта!
Зиёрати мақбараи Каюмарси афсонавӣ ва обидаи ҳамшираи ӯ Бибӣ Хуҷанда, воқеъ дар гузари Истак, маҳаллаи Пули чуқур табъи дили дугонаҳо шуд. Нигина бовар кард, ки Хуҷандро «Тироз-ул-о-лам», яъне арӯси ҷаҳон номидани сайёҳон ва Наврӯзро арӯси сол ҳисобида, дар Истак бо ҳусну таровати олӣ ҷашн гирифтани хуҷандиён куҳанрешаи бузург дорад. Ягона чизе, ки нафаҳмид «чӣ маъно доштани калимаи Истак»-ро дарҳол пурсиду чунин ҷавоб шунид:
Истак як навъи бед аст, ки фақат дар соҳили Сайҳун месабзад. Айёми наврӯзӣ дӯшизаҳо расан дар шохи неруманди истак баста, бод мераванд, то гарду ғубори дилро бод бубарад.
Арғунчак мегӯем мо, яъне аспаки бодрафтор
Гапат қабул, Нигина. Рафтем, арғунсаворӣ мекунем.
Духтарон бо навбат ба арғунчак менишастанду яке барои баланд бод рафтан аз тахтапушти дигаре алвонҷ медод. Ва ҳар се баробар суруд мехонданд:
Ҳаво, ҳаводор е,
Барги сафедор е,
Уштуро қатор е,
Сандуқо пурбор е.
Биё, навбаҳоре е!
Биё, навбаҳоре е!
* * *
Нигина ба амакдухтарҳояш дидаву шунидаҳояшро сар-сарӣ нақл карду донист, ки онҳо низ дар соҳили Испандруд арғунчаксаворӣ намуда, бо таассуроти бой баргаштаанд.
Хоҷа Баҳоргон деҳаи худамон барин як ҷойи зебо будаасту Испандруд мисли дарёи Ворух шириноб гуфт Назорат. Аз пагоҳӣ то бегоҳӣ фақат чизи ширин хӯрдем!
Бахудо, ки рост! тибқи одат бе ягон зарурат қасам ба забон овард Назокат. Баробари аз остона даромадан кадбону ба ҷону ҳоламон намонда, аз хони наврӯзӣ аввал як порагӣ шакарҳалвои мағзӣ ба даҳонамон андохт, то ширинком ва ширинумр шавем. Чунон бомазза будааст, ки
Дар Хоҷа Баҳоргон тамоми чиз хушлаззату гуворо. Медонед чаро? пурсид Шайхбобо ва дид, ки ҳама хомӯшанд, худ ҷавоб гардонд: Оби Испандрӯд, ки аслан оби Хуҷанд аст, мӯъҷизанок буда, заминҳои гирду атроф бо шарофати он пурбаракат шудаанд. Гандуми маҳини серрез, биринҷи девзира, зироати ҳафтравған ва ғӯзаи нахаш қавӣ аз ин заминҳо ба даст меояд. Зардолую санҷиди қандак, ангури тагобию харбузаи токӣ, анори ширину анҷири обӣ ва чормағзу бодоми коғотӣ маҳз дар боғоти ин мавзеъ фаровон мерӯяд. Аз ҳамин сабаб Баҳоргон яке аз ошёнҳои Наврӯзи Хуҷанд аст.
Чӣ маъно дорад Баҳоргон, эй бобоҷун?
Номи аввалин идгоҳи наврӯзӣ. Баракати оби руд аз баракати ин иди бузург сарчашма мегирад. Акнун, эй Нигинаи бобо, барои он ки пагоҳ дар ҷуфтбаророни Унҷӣ бо пурсиши нав дигаронро гаранг накунӣ, пешакӣ мегӯям: Унҷӣ калимаи суғдӣ асту суғдиён замини кунҷи дарёро «унҷӣ», замини кӯҳдоманро «ноҷӣ» мегуфтанд, ки номи деҳаест дар он тарафи ағба
Падари худораҳматиям боре гуфтанд, ки «барои ғалладаравӣ Унҷӣ меравам». «Унҷа меравед?» пурсиданд модарам бо лаҳни хеш. «Ҳа, гуфтанд бо табассум падар. «Ун ҷа» гуфтани тую «Унҷӣ» гуфтани ман як замин аст, ки Сайҳун аз канори он мисли оринҷи қатшуда ҷорӣ мешавад.
Сухани лутфомези Бибинурӣ бо лабханд шунида шуд. Вале саволи Бибисолеҳа ҳамаро ба ханда овард:
Пагоҳ унҷа мерем ё унҷӣ?
Ҳамакаса ба ҷуфтбаророн меравем, андаке асабонӣ шуд Аҳмадсайид. Мебинем, ки он ба говхунуккунони Ворух монанд аст ё не?
Ҳам дар Воруху ҳам дар Унҷӣ ва ҳам дар Хуҷанду ҷумла олам Наврӯзи деҳқон якгуна асту бо роҳи дида меояд. Ҳар касе пеш аз дамидани сапеда дида бикушояд, пеш аз дигарон ба дидори Наврӯз мерасад, хушбахту хушрӯз мешавад, гуфт бо оҳанги шаббахайр Шайх Бурҳониддин. Дар субҳи ҷуфтбаророн ҷавонон мекӯшанд, рӯйи банури пиронро бинанду фотиҳаи нек гиранд, мо бошем, баҳри он мекӯшем, то рухи тифлонро бингарем ва дуо кунем, ки ҳамроҳи тифли накуноми табиат сарсабзу гулбасар шаванд
* * *
Дар Унҷӣ аввалин шахсе, ки ба назари Нигина намуд, Деҳқонбобои озодалибос Бадриддин бародари Шайх Маслиҳатдин буд, ки меҳмононро бо чеҳраи нурафшон истиқбол мегирифт. Бибинурӣ ба ҳамроҳонаш фаҳмонд, ки ҳукамо вайро иқтоъдор мегӯянду уламо молики замин меҳисобанд, аммо барзгарон ва боғкорон бо меҳр деҳқони одил меноманд. Зеро Бадриддин ҳар кадоме ин раъиятро ном ба ном медонаду аз рағбату ҳунар ва ҳусну қубҳи аксарият комилан огоҳӣ дорад, аз фасод пок асту ҳатман ва ҳаққан мардуми хокпошро ҳимоят мекунад, ба ҷуз молиёти муайян ва хироҷи маълум дигар андозе аз онҳо намеситонад, ягон маҷбурияти берун аз одат намениҳад.
Фаҳмидам, ки аз Бадриддин ҳам холиқ розию ҳам халқ! таҳсиномез нидо кард Аҳмадсайид ва дар паҳлӯи деҳқонон истоду ҳамроҳонаш ба ҳалқаи занону духтарон пайвастанд. Амакдухтарон муддате рӯйи сабзагилеми навруста нишаста, лаклакпаронию гӯштингирӣ, буҷулбозию хурӯсҷанги кӯдакони шӯху бепарворо сарсарӣ тамошо карданду ҳисси бегонагӣ аз байн рафтан ҳамон ба Бобаку Момакбозӣ шарик шуданд. Лекин овози чирросӣ ва гӯшхароши кӯдаке тасфи бозиро хунук гардонд:
О-омада-а-андд!
Дар идгоҳ ҳама ҳаракат даме қатъ шуд. Кӯдакон низ баробар карахт гашта, тарафи офтоббаро нигаристанд, ки бо садои карнаю сурнай гурӯҳе аспу аробасавор ва гурӯҳе пиёда бо нидоҳои шодмонӣ рақсону ғазалхон меомаданду аз қафотар подаи барзаговҳо ва боз чанд аробаи пурбор ин сӯ ҳаракат дошт.
Бобои Деҳқон ва Шайх Бурҳониддин савори аробаи сечархаи соябондор ин корвонро сорбон буданд ва чун ба хати сабзи майдони Шодӣ расиданд, пиёда шуда, ба издиҳом пайвастанд.
Баъде, ки ҳама ҷобаҷо шуданд, Бадриддини Деҳқон бо салавоту дуо ба ҷамоат рӯ овард:
Бо амри Парвардигор аз имрӯз биноан давру замон нав мешавад, табиат ҷавонию ҷамоли тоза мегирад. Имрӯз дар ҳама русто кишоварз бо умед бар гов лубод мебандаду ҷуфт мебарорад ва бо зӯри сарпанҷаи Ҳазрати деҳқон замини мурда даму нафаси тоза мекашад.
Рисолати худовандии мо он аст, ки гови варз бар ганҷ ронем, заминро зинда дорем ва шукри неъмат гузорем. Зеро тухми киштаи мо сирати мост, оби рондаи мо неъмати мост ва замини саховатманд раззоқи мост!
Биёед, даст ба дуо бардорем, то Раззоқ ва Халлоқи Олам Марди деҳқон рӯзирасони ваҳшу тайрро дар паноҳи ҳиммату баракати хеш сарбаланд дорад. Омин!
Хурду бузург баробар «Аллоҳу акбар!» гуфтанд ва сари сурфаи наврӯзӣ нишастанд. Баъди тановули андак гурӯҳе аз барзгарон аз аробаҳо молаву ҷуфту испор оварданду барзгарони ҷавон барзаговҳои азимҷуссаи варз ва гардунро боэҳтиёт аз болои дуду оташи ҳазориспанд гузаронида, шоху гардан ва суми ҳайвоноти корӣ бо равғани индов чарб карданд. Нахуст ба пурқувваттарин барзгари забардаст Ҳалими Говзӯр иҷозат шуд, то ҷуфти аввал оғоз кунад.
Ин карат Шайх Бурҳониддин даст ба дуо бардошт:
Илоҳо, омин:
Арвоҳи Бобои Деҳқон мадад кунад, аввалу охири сол нек шавад, ҳосил фаровон рӯяд, файзу барака зиёд гардад.
Кушоиши кор,
Муборакии наврӯзи баҳор,
Як донаи шумо ҳазор,
Ҳазори шумо бешумор
Аллоҳу акбар!
Таҳамтандеҳқон як тоба ҷуфт карда, говҳоро дам доду аз халтаи пурбор табақе ғаллаи тухмиро бардошта, чанд мушт ба замини навшудгор афканд ва боқимондаашро болои барзаговҳо пошид. Хонумҳо ӯро пайравӣ карда, пасопеш болои говон чормағзу ғулунг мепошиданду кӯдакон ва ҳам калонсолон талош мекарданд.
Ғалмағалро садои форами ҷуфтнай паст нишонд ва очаи Бибинурӣ сабзи суманак аз ниҳонпарда берун овард, ки онро то ҳол ба чашми ғайр нишон надода, дар зарфи махсусе аз гандуми баҳорӣ сабзонда буд. Саодат табақи мудавварро боэҳтиёт аз дасти муаддиба гирифта, бо ҷилваи хиромон ва мувофиқ ба савти найанбон онро ба Бобои Деҳқон супурд. Вай бо зикри номи Аллоҳ зарфи муқаддас баробари китф бардошту ҳар ду чашмро бонавбат ба гандуми навраста расонда, нек ба он назар афканд, то сабзаи нозанин сардию зардӣ дур гардонад.
Соле, ки накӯст, аз сабзабаҳораш пайдост ва нашъунамои сабзи суманак табъи дили мост! Ин фоли нек аст ва моро аз рӯзу рӯзии сабзу хуррам башорат медиҳад, пиронро сарсабз медораду ба ҷавонон бахти сабз мерасонад.
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
Наврӯзатон фирӯз бод!!
Табрики Бобои Деҳқон ишорае ба оғози шодмонӣ шуду аз ҳама пештар ва бештар гулдухтарон ба ҳаракат даромаданд. Яке лабчанг менавохту дигаре доира мезад, сеюмӣ суруд мехонду чорумӣ мерақсид. Гулсимою Саодат зеби маърака буданд ва Нигинаро ба паҳлӯи худ кашида, базмро тасфонданд. Рақси се гул ҳамаро ба ваҷд оварду ҳини ҷамъбаст Бобои Деҳқон лаб ба офарин кушода, аввал ба ин духтаракон, пасон ба дигар кӯдакони ҳунарманд ғолибони ҳарби кабку бедона ва хурӯсҷанг, мусобиқаҳои сагони бонию шикорӣ, лаклакпарронӣ ва гӯштингирӣ муносиби ҳолашон ва солашон ҳадяҳои хелмахели наврӯзӣ бахшид.
Ба Нигина як куртаворӣ адрас расид. Вай нахустин ҳадяи тақдирро маҳкам ба сандуқи синааш пахш карда, ҷилвазанон ҷониби амакбобояш тохт ва худро бо шавқу сурур ба оғӯши гарми бозаргони меҳрубон андохт
Ба адраси армуғонӣ бо ҳавас нигаристани духтаронашро дида, Аҳмадсайид аз бозор ду либосвории дигар хариду дарҳол куртаҳои якхела дӯзонд. Се хоҳари адраспӯш дастобадаст ба ҷашни Чилбеди Хистеварз рафтанду болои сабзазори махмалӣ арғушт рафта, чун дигарон «зардии ман моли ту, сабзии ту моли ман» гуфтанду се рӯзи дигар шоду ғазалхон дар маъракаҳое, ки бӯйи занона дошт, давр зада, арӯсбинон карданду салом-салом намуданд, ҳино бастанду ӯсма кашиданд ва ба маънои томи сухан гул-гул шукуфтанд.
Шабҳангом низ фурсати дамгирӣ надоштанд. Ҳамроҳи ҷавонзанону духтарони маҳалла гирди гулхани наврӯзӣ давра гирифта, сурудҳои муборакбодӣ мехонданду мерақсиданд. Се маротиба аз болои лахча парида, «зардии рӯямро бигир, сурхии рӯятро бидеҳ!» гӯён, гуноҳ сӯзонданду оташдил шуданд
Чунин хушҳолию оташафрӯзӣ ва сурудхонию худафрӯзӣ дар суманакпазӣ идомаи тоза ёфт. Аввали он шаб Нигина кокулчаҳои мушкборашро чапу рост афшонда, нармак-нармак ба ҷилва омаду андактар, ҳар боре нақароти «Суманак дар ҷӯш, мо дафча занем» баланд мешуд, духтарак ба ҷӯш омада, кафча мезаду давр мегашту мечархиду ончунон бомаҳорат мерақсид, ки ҳамагон ангушти ҳайрат ба лаб бурданд.
Пири бузургвори Хуҷанд Шайх Маслиҳатдин, ки бо даъвати хоҳараш Бибинурӣ барои ком ширин кардан аз нӯшдоруи равонбахши наврӯзӣ сари қадам ба сари деги суманак омада буд, Нигинаро назди худ ҷеғ заду аввал офарин хонд. Сипас сухан ба табассуми малеҳ идома бахшид:
Панде, ки дар соҳили Сайҳун садо надод, акнун бишнав, эй ғунчаи мастураи бобо: дарёдил бош, лек мисли Сайҳун ором ҷорӣ шав! Рақсидану болидани духтарон дар тантанаҳои наврӯзӣ суннати дилписанди ойини мардумист ва мутобиқ ба ойини мусулмонист. Аммо чархидану завқидану бехуд шудан пешаи шайтонист. Алҳазар аз ҷунуни иблиси маккор!
Ин бигуфту фармуд, ки кӯзае кӯҳна биёранду ба дасти Нигина диҳанд.
Эй ғунчаи мастураи бобо, маслиҳат ин аст, ки кӯза дар даст болои бом барою то қадри тавонистан онро болои сарат баланд бардор ва се бор гирд гардонда, бо тамоми қувват ба замин ҳаво деҳ!
Амри Пири бузургвор бечунучаро иҷро шуд ва зарфи сафолӣ ба замин бархӯрда, пора-пора гашт.
Кӯзашиканӣ яке аз пиндорҳои фаромӯшшудаи Наврӯзи ниёкон аст, шарҳ дод Пири донишманд. Ғараз аз ин амал шикастани тилисм, рафъи бало ва дафъи чашми бад аст. Нигина кӯзаро шикасту шикасти тилисм оғоз шуд. Аз ин баъд Нигина монанди одамони хокӣ гап мезанад, на мисли париёни бодӣ. Агар ҳар сол дар айёми наврӯзӣ як кӯзаи сафолӣ бишканад ва адади кӯза ба ҳафт расонад, аз банду тилисм осоре намонад.
Фаҳмидӣ, эй ғунчаи мастураи бобо?
Якуякбора тарзи гуфтори Нигина тағйир ёфту бо лаҳни шево ҷавоб дод:
Фаҳмидам, эй Бобокалони меҳрубон. Ҳар чӣ фармоед, ҳамеша ба ҷону дил иҷро мекунам!
Ин тавр бошад, бархезу пеши амакдухтаронат рав, ки ғарқи хоби нозанд. Маслиҳат ин аст, ки дигар духтарон ҳам хона ба хона шаванд ва деги суманак ба ихтиёри момоҳо гузоранд. Азеро пагоҳ аз вақти саҳур пеш аз дамидани субҳ шодию тараби Наврӯзи бузург оғоз меёбад.
* * *
Ҳақиқатан ҳам чашми рӯз накафида, холаи Бибисолеҳа духтаронро бо тараннуми байти наврӯзӣ аз хоб бедор кард:
Наврӯзи Хуҷанд вақти саҳар умадааст,
Чишмота кушо, пешаки дар умадааст!
Ҳама саросема дасту рӯй шуста, ба кӯча давиданд. Дар чорроҳаи Мардони Панҷшанбе даҳҳо аробаи дучархаи соябондори идона зиннатёфта корвон шуда, пешопеши анбӯҳи духтарону бачаҳою мардону занони либоси идона дар бар ва хони анво дар сар сӯйи идгоҳ раҳсипор буданд. Ҳар як кадбону таоми махсус пухтаашро бо худ мебурд, то як гӯшаи суфраи наврӯзиро ободу ороста гардонад.
Бибисолеҳа низ дар сар бастае дошт аз мағзу санҷид ва зардолую чормағзи Ворух, ки махсус оварда буд ва чун корвони шодӣ ба идгоҳ расид, дастовезашро ба модари Мирмалик холаи Моҳсимо, ки дастордори хон ва парастори нон буд, супорид. Хонсолорони чобукдаст ва ходимони покизакор бо маслиҳати ин кадбонуи маъракаоро моидаҳои хелмахелу рангоранг нонҳои ширмолу обӣ, фатирҳои гирдаю холзада, кулчаҳои равғанину қаламаи варақин, самбӯсаю чалпаку чаппотӣ, мағзу мавизу чормағзу санҷид, зардолуқоқи мирсанҷалию қандак, бинигорию хурмоӣ ва таомҳои маросимӣ суманаку кочӣ, кашку дӯлда, зӯрмиҷ ва бағрою гипоро ҷобаҷо мегузоштанд.
Суст нашавед, аммо шитоб ҳам накунед! мегуфт Моҳсимо ҳар замон ба хонсолорон. Бикӯшед, то дастархони наврӯзии мо аз дигар гузару маҳаллаҳо беҳтарин бошад, дар радаи ҳафт хони маъруфи Хуҷанд ҷой гирад.
Баъде ки суфраи калон аз анвои хӯрданӣ лабрез гашт, парастори хон фармуд, ки ҳафт шохча аз ҳафт дарахти мевадеҳ биёранд. Дастёрон даррав аз зардолуву бодом, ангуру олу, туту чормағзу анҷир ба андозаи як ваҷабӣ навдаи тар оварданд. Холаи Моҳсимо ҳафт шохаро ба шакли ҷойгиршавии ситораи ҳафтдодарон рӯйи хон ниҳода, ба паҳлӯи ҳар кадом муште аз меваи он гузошту чашмаш ба Нигина афтид, ки ҳар амали ӯро бодиққат назора мекард. Бо лаҳни кӯдакона гуфт:
Ту барин хушрӯча шуд-а!?
Нигина базавқ хандид ва пурсид:
Ҳафт «шин» оё ҳамин ҳафт шоха аст?
Не, хони наврӯзиро бо ҳафт шохчаи тару ҳафт меваи хушк оро додан одати бӯвокалонҳои мост. Чунки аз замонҳои қадим рақами 7 барои пешгузаштаҳои мо муқаддас ҳисоб мешуд. Масалан, ҳафт хазина доштан барои подшоҳон ойини давлатдорӣ буду ҳар кадоме ҳафт қасри шоҳаншоҳӣ доштанд. Гурзи подшоҳӣ аз филизи ҳафтҷӯш, яъне аз омехтаи тиллою нуқраю қалъагӣ ва мису оҳану сурбу биринҷӣ гудохта мешуд. Шоҳон ба маликаи худ дар иди Наврӯз гули ҳафтранг ҳадя мекарданд.